Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил розӣ шудааст, дар мавриди Рафаҳ ба ҳарфи Амрико гӯш диҳад


Ҷон Кирбӣ
Ҷон Кирбӣ

Мақомоти Исроил розӣ шудаанд, ки пеш аз оғози ҳамла ба Рафаҳ, дар сарҳади Ғазза бо Миср, фикру нигаронии Амрикоро бишнаванд. Дар ин бора Ҷон Кирбӣ, сухангӯйи амнияти миллии Кохи Сафед, рӯзи 28-уми апрел хабар дод.

Пештар як мансабдори баландпояи дифои Исроил гуфта буд, ки артиши кишвараш омода аст мардуми осоиштаи фаластиниро аз Рафаҳ берун карда, ба мавзеъҳои "Ҳамос" дар онҷо зарба занад. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи "Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд.

Аммо Вашингтон гуфтааст, бе нақшаи муносиб ва эътимодбахши башардӯстона амалиёти Рафаҳро пуштибонӣ карда наметавонад. "Исроилиҳо итминон доданд, ки то даме мо дурнамо ва нигарониҳои худро бо онҳо мубодила накунем, ба Рафаҳ нахоҳанд рафт," -- гуфт Ҷон Кирбӣ дар суҳбат ба телевизиони ABC.

Дар шаҳри Рафаҳ, дар марзи Миср, беш аз ду миллион фаластинӣ паноҳанда шудаанд. Созмони Милал аз Исроил хостааст, ба ин шаҳр ҳамла накунад.

Ҷанги Исроил дар Ғазза дар моҳи октябри соли 2023 ва пас аз ҳамлаи ғофилгиронаи “Ҳамос” ба ҳудуди ин кишвар оғоз ёфт. Дар он ҳамла 1200 исроилӣ кушта ва зиёда аз 240 кас гаравгон гирифта шуданд.

Вазорати тандурустии Ғазза мегӯяд, дар пайи ҳамлаи ҷавобии Исроил, ки моҳҳо боз идома дорад, зиёда аз 33 ҳазор фаластинӣ, ба шумули занону кӯдакон, кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG