Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зану шавҳари туркманро барои "ошиқӣ" дар кӯча боздошт кардаанд


Ҷуфти ҷавон дар як боғ дар Туркманистон
Ҷуфти ҷавон дар як боғ дар Туркманистон

Дар дохили мошине дар як таваққуфгоҳи шаҳри Туркманободи Туркманистон зану шавҳари ҷавоне дар оғуши ҳам буданд, ки полисе омад ва таҳдид намуд, ки онҳо бо ин корашон меъёрҳои ахлоқии рафтор дар ҷомеаро вайрон мекунанд.

Марди ҷавон ба хабарнигори Радиои Озодӣ нақл кард, ки ҳамсараш бисёр нороҳат буду мегирист ва ӯ хост ӯро ба оғӯш гирифта, ором кунад. "Мо ҳоло мушкилоти пулӣ дорем ва масъалаи пул ва мушкили хариди як намуд дору ӯро бисёр нороҳат карда буд,”--гуфт ин марди туркман.

Ба нақли ӯ, ходими полисе, ки рӯзи 7-уми май назди онҳо дар маҳаллаи Баҳори шаҳри Туркманобод қарор дошт, рафтан намехост ва аз онҳо талаб кард, ки барои исботи вазъи оилавиашон шиносномаву санади ақди никоҳро нишон диҳанд. Ӯ гуфт, ҳарчанд бар асоси шиноснома собит шуд, ки онҳо ҳамсаранд, полис рафтан намехост ва аз онҳо пора талаб кард.

“Вақте ман гуфтам, ки пуле намедиҳам, ӯ таҳдид кард, ки “фаромӯш накун, ту дар ҳамин шаҳр зиндагӣ мекунӣ ва мо боз вомехӯрем,”--гуфт ӯ.

Ин марди ҷавон гуфт, ба болои мушкили бепуливу нороҳатии ҳамсараш, кори ин ходими полис мисли "сӯхта намакоб шуд." Айни замон ӯ гуфт, ки аз интиқомҷӯии полис нигарон аст, аз ин рӯ намехоҳад номаш нашр шавад.

Дар бораи “шикори” ошиқон дар Туркманистон қаблан ҳам гузоришҳо нашр шуда буд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар бораи ҳодисаҳои боздошт ва ҳатто ҳабси ҷуфтҳое, ки дар мазҳари ом даст ба даст ё дар оғӯши ҳам дида шудаанд, дар пойтахт – шаҳри Ашқобод ва вилояти Марв ҳам гузоришҳо шудааст. Дар Марв, ба истилоҳ, поймолкунандагони меъёрҳои ахлоқиро ба даст завлона зада маҷбур кардаанд, “дарси ахлоқ” гӯш кунанд.

Сокинони Туркманобод гуфтанд, мавҷи нави маҳдудиятҳо барои ошиқон аз моҳи апрел шурӯъ шуд, вақте чандин донишҷӯ ва ҷавони маҳаллӣ аз ҳуҷуми якбораи полис шикоят карданд, ки худро чун полиси ахлоқ вонамуд мекард. Аксари боздоштшудаҳо гуфтанд, ки дар ниҳоят бо додани пора аз полис раҳо шуданд.

Як донишҷӯи донишгоҳи Туркменхимия ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аввалҳои моҳи май вақте бо як духтаре мулоқот дошт, мавриди ҳадафи полис қарор гирифт.

Ба шарти ифшо нашудани номаш ӯ гуфт: “Мо истода будем ва ман пешонаи духтарро бӯсидам. Ҳамин лаҳза дидам, ки ходими полис моро бо телефонаш акс мегирад. Баъд наздик шуду гуфт: “Шарм намедоред, ки дар ҷои ҷамъиятӣ чунин рафтор мекунед?”

Ҷуфти ҷавон дар Туркманистон
Ҷуфти ҷавон дар Туркманистон

Полис дар аввал таҳдид кард, ки ин дуро барои “ба ҳам задани тартиботи ҷамъиятӣ” ҳабс мекунад, вале дар ниҳоят пора гирифта онҳоро ҷавоб дод.

Ӯ гуфт: “Ман гуфтам, ки дар кисаам пуле баробар бо 20 доллар дорам. Ҳамин лаҳза чеҳраи хашмолуди полис ба табассум табдил шуд ва ӯ ба мо гуфт, “ин ҷо дигар шӯхи накунед”.

Сокини дигари ин кишвар гуфт, як шом ӯву як духтарро полис замоне нигоҳ дошт, ки дар даст парчами миллии Туркманистон истода буданд. Ба нақли ӯ, афсари полис омада гуфт: “магар мешавад зери парчами миллӣ истода чунин рафтори ношоистае барои як туркман кард?” Афсаре, ки нахуст ба боз кардани парвандаи ҷиноӣ таҳдид намуд, баъди лаҳзае ӯро канор бурда талаб намуд, ки пуле баробар бо 30 доллар бидиҳад, вале вақте фаҳмид, ки ҳамагӣ 10 доллар дорад, пулро гирифта ҳардуро ҷавоб дод.

Санҷидани дурустии нақлҳои сокинон имкон надорад ва мақомот дар вилояти Лабиоб ба дархости хабарнигорони Радиои Озодӣ посухе надоданд.

Вале мақомот дар Туркманистон дар гузашта ҳам бо маҳдуд кардани озодиҳои маданиву шаҳрвандии сокинон маъруф мебошанд.

Дар вилояти соҳилии Балкан полис ба таври ғайрирасмӣ қуюди шабгардӣ ҷорӣ карда мардумро аз сайругаштҳои баъди соати 21:00 манъ кардааст.

Сокинон гуфтанд, полис варақаҳое паҳн карда аз онҳо тақозо намуд, ки “бедадел” шомгоҳон аз хона берун нараванд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG