Дар чанд ҷумла
Талаби нав аз муҳоҷирон: пеш аз сафар ба Русия аз санҷиши изи ангушт гузаред
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик хоҳиш кардааст, ки қабл аз сафар ба ин кишвар, дар Душанбе аз санҷиши изи ангушт гузаранд ва баъдан ба Русия сафар кунанд.
Ба таъкиди ин ниҳод, ҳоло бисёри шаҳрвандони Тоҷикистон огоҳ нестанд, ки бар зиддашон қарори "ихроҷи маъмурӣ ё ин ки манъи воридот" баромадааст ва аз ин рӯ, онҳоро аз фурудгоҳҳои Русия ба Тоҷикистон бармегардонанд.
Ин даъват дар ҳоле садо медиҳад, ки чанд моҳи ахир муҳоҷироне, ки иҷозаи вуруд ба Русияро нагирифтанд, мегӯянд, ҳеҷ қонуншикание накардаанд ва мақомоти Русия онҳоро бе ягон сабаб ба ватан баргардонданд.
Пас аз ҳамлаи маргбор ба "Крокус ситӣ", ки мақомоти Русия чанд муҳоҷири тоҷикро дар он айбдор мекунанд, дар бархе аз фурудгоҳҳои Русия садҳо муҳоҷири тоҷикро бо баҳонаҳои гуногун соатҳо нигоҳ доштанд, иҷозаи гузар надодаанд ва ба Тоҷикистон баргардониданд. Ин ҳол дар гузаргоҳҳи марзӣ низ рух додааст.
Мақомоти тоҷик моҳи майи имсол ба муҳоҷирон тавсия дода буданд, ки муваққатан аз рафтан ба Русия худдорӣ кунанд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Трамп: Намехоҳем гурӯҳҳои курд вориди Эрон шаванд
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи 7 март дар бораи таҳаввулоти ҷанг бо Эрон гуфт, Вашингтон ният надорад иҷоза диҳад гурӯҳҳои курд аз Ироқ вориди хоки Эрон шаванд.
Раисҷумҳури Амрико пас аз ширкат дар маросими бозгардонидани ҷасадҳои шаш сарбози амрикоии кушташуда дар даргирӣ бо Эрон, дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар ҳавопаймоӣ президентӣ гуфт:
"Ман намехоҳам курдҳо вориди Эрон шаванд. Онҳо моиланд ворид шаванд, аммо ба онҳо гуфтаам, ки намехоҳем чунин коре бикунанд. Ҷанг ҳамин ҳоло ҳам ба андозаи кофӣ печида аст. Намехоҳам курдҳо захмӣ ё кушта шаванд".
Ӯ таъкид кард, "дар пайи ин нестем, ки курдҳо ворид шаванд. Ҳамон тавре, ки медонед, мо бо курдҳо робитаи бисёр дӯстона дорем. Аммо намехоҳем ҷанг аз ончӣ ҳаст, печидатар шавад. Ман ин гузинаро рад кардаам ва намехоҳем курдҳо вориди саҳна шаванд".
Ду рӯз қабл Трамп ба хабаргузории "Рейтерз" гуфта буд, ки ӯ "комилан мувофиқ"-и ҳамлае аз сӯи ҷангҷӯёни курди Эрон дар ҳимоят аз ҷанги Амрико ва Исроил хоҳад буд.
Ӯ дар он замон ба ин хабаргузорӣ гуфт, "фикр мекунам фавқулода аст, ки онҳо мехоҳанд ин корро анҷом диҳанд. Ман комилан мувофиқ ҳастам".
Мақомоти Эрон дар посух ба ин хабарҳо гуфтанд, ки агар ин гурӯҳҳо нияти ворид шудан ба хоки Эронро дошта бошанд, бо бархӯрди сахт рӯбарӯ хоҳанд шуд. Теҳрон ҳамчунин ба мақомот иқлими Курдистони Ироқ дар ин робита ҳушдор дода буд.
Чанд гурӯҳи мухолифи курди эронӣ дар минтақаи нимамухтори Курдистон дар Ироқ ҳастанд ва гоҳ-гоҳе алайҳи Теҳрон ошӯб мекунанд. Бархе аз онҳо хоҳони худмухторӣ дар дохили Эрон ҳастанд ва баъзеи дигар барои ҷудо шудан аз Ҷумҳурии Исломӣ талош доранд.
Курдҳо ҳудуди 10 дарсад аз аҳолии Эронро ташкил медиҳанд ва асосан дар ғарби ин кишвар, дар наздикии сарҳад бо Ироқ, зиндагӣ мекунанд. Эрон солҳо боз ба саркӯб ва табъйизи ақаллиятҳо ё камшуморон, аз ҷумла курдҳо муттаҳам мешавад.
ИМА аз таъхири Бритониё дар ҳимоят аз ҷанг бо Эрон интиқод кард
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи 7 март бо интиқод аз Кейр Стармер, нахуствазири Бритониё гуфт, ИМА дигар ба фиристодани новҳои ҳавопаймобари Бритониё ба Ховари Миёна ниёзе надорад.
Трамп дар паёме дар шабакаи иҷтимоии Truth Social навишт, Бритониё, ки ба гуфтаи ӯ, "замоне бузургтарин муттаҳиди Амрико" буд, акнун ба фиристодани ду нови ҳавопаймобар ба минтақа фикр мекунад".
Ӯ афзуд, "мушкиле нест, ҷаноби нахуствазир, мо дигар ба онҳо ниёз надорем, аммо инро фаромӯш нахоҳем кард. Мо ба касоне, ки баъд аз пирӯзӣ дар ҷанг ба он мепайванданд, ниёзе надорем".
Расонаҳои бритониёӣ гузориш додаанд, нови ҳавопаймобари HMS Prince of Wales барои фиристодани эҳтимолӣ ба Ховари Миёна дар вазъияти омодабош қарор гирифтааст, ҳарчанд ҳанӯз тасмиме барои ҷобаҷойи он дар минтақа гирифта нашудааст.
Вазорати дифои Бритониё низ таъкид кардааст, ки нерӯҳои амрикоӣ барои "амалиёти дифоии мушаххас" бо ҳадафи пешгирӣ аз партоби мушакҳои Эрон дар минтақа аз бархе пойгоҳҳои Бритониё истифода кардаанд.
Трамп пештар низ аз Кейр Стармер бинобар таъхир дар додани иҷозаи истифода аз пойгоҳҳои Бритониё ба Амрико интиқод карда буд.
Стармер гуфтааст, пас аз он, ки Эрон ба кишварҳое, ки дар ҷанг дахолате надоштанд, паҳбод ва мушак партоб кард, тасмими худро тағйир додааст.
Теҳрон дар вокуниш ба ҳамлаҳои Амрико ба Эрон, кишварҳоеро, ки мизбони пойгоҳҳои ҳавоии Вашингтон ҳастанд, ҳадаф қарор додааст.
Амрико ба Русия дар бораи ироаи маълумот ба Эрон ҳушдор дод
Стив Виткофф, намояндаи вижаи Амрико барои Ховари Миёна эълон кард, Вашингтон ба Маскав ҳушдор додааст, ки дар ҷанги Эрон маълумоти низомӣ дар ихтиёри Теҳрон қарор надиҳад.
Виткофф рӯзи 7 март дар посух ба пурсиши хабарнигорон гуфт, "ба таври ҷиддӣ" ба Русия гуфтааст, чунин маълумоте дар ихтиёри Эрон қарор надиҳад. Аммо ӯ ҷузъиёти бештар пешниҳод накард.
Пештар расонаҳо, аз ҷумла, CNN, "Вашингтон пост" ва "Ню-Йорк Таймз" ба нақл аз манбаъҳои истихборотии Амрико гузориш дода буданд, ки Кремл маълумоте дар бораи ҷойи ҷобаҷойи нерӯҳо, кишварҳо ва ҳавопаймоҳои Амрико дар ихтиёри Эрон қарор додааст.
Доналд Трамп, президенти Амрико гуфтааст, айни ҳол нишонае дар даст надорад, ки нишон диҳад Русия дар ҳоли кӯмак ба Эрон аст ва афзуд, агар чунин кӯмаке вуҷуд дошта бошад, "ба назар намерасад бисёр таъсирдор бошад, зеро Эрон вазъияти хубе надорад".
Русия ва Эрон солҳои гузашта созишномаи "шарикии стратегӣ" имзо карданд, ки ҳамкорӣ дар бахшҳои низомӣ ва аслиҳаро низ дарбар мегирад.
Аммо тибқи ин созиш, ҷонибҳо ӯҳдадор нестанд, ки дар сурати ҳамла ба яке аз онҳо аз сӯи тарафи дигар, вориди ҷанг шаванд.
Исроил Эронро дар корбурди бомбҳои хӯшаӣ гунаҳкор кард
Артиши Исроил эълон кард, ки Эрон аз оғози ҷанг то кунун борҳо аз бомби хӯшаӣ истифода кардааст.
Надав Шошонӣ, сухангӯи артиши Исроил, рӯзи 6-уми март дар як нишасти хабарӣ гуфт, Теҳрон “чанд дафъа” аз ин навъи гулӯлаҳо истифода бурдааст. Ба гуфтаи вай, агар бомбҳои хӯшаӣ сабаби марги мардуми мулкӣ шавад, ин “ҷинояти ҷангӣ” ба шумор хоҳад рафт.
Дар наворҳое, ки Оҷонсии AFP аз рӯзи 5- уми март нашр кардааст, дар фазои қисмати марказии Исроил як селаи мушакҳо дида мешавад. Мақомоти Исроил мегӯянд, ин тасвирҳо далели корбурди бомбаҳои хӯшаӣ аст.
Бомбҳои хӯшаӣ, ки дар ҳаво таркида, сабаби пайдо шудани даҳҳо бомби хурдтар мегардад, як таҳдиди бузург ва дарозмуддат ба ҷони мардум дониста мешаванд.
Истифодаи онро беш аз 100 кишвари ҷаҳон манъ кардаанд. Таркиши ин бомбҳо якбора сурат намегирад ва он метавонад мисли мина солҳо баъд низ қурбонӣ биёрад. Исроил аз ҳалокати одамон аз таркиши чунин бомбҳо расман хабар надодааст.
На Эрон ва на Исроил ба Эъломияи манъи истифода ва истеҳсолу нигаҳдории бомбҳои хӯшаӣ аъзо нашудаанд ва ҳарду кишвар ҳам борҳо ба корбурди ин силоҳи хатарзо муттаҳам шудаанд.
Созмони Афви Байнулмилал ё Amnesty International гуфтааст, Эрон ҳадди ақал се бор дар ҷараёни ҷанги 12-рӯза бо Исроил дар соли 2025 аз бомбҳои хӯшаӣ истифода бурдааст.
Таҳминаро баъди як моҳ ёфтанд, вале на зинда
Пас аз як моҳи ҷустуҷӯ, рӯзи 7-уми март, ҷасади Таҳмина Шарифова, донишҷӯйи 21-солаи Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе ёфт шуд.
Ӯ дар оғози моҳи феврал бенишон шуда буд ва тамоми ин муддат волидонаш бо умеди пайдо кардани Таҳмина ҷустуҷӯро идома медоданд.
Акси ӯ дар Инстаграми Радиои Озодӣ зиёда аз 2 миллион бор дида шуда, шахсони зиёде ба ин кофтукоб шарик гаштанд.
Атохӯҷа Шарифов, падари Таҳмина, рӯзи 7-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, як рӯз пеш мақомоти интизомӣ ба онҳо хабар доданд, ки пайкари духтаре пайдо шудаву дар сардхонаи Ҳисор аст ва рафта шиносоӣ кунанд.
“Субҳи имрӯз оварда, дар Душанбе ба хок супурдем. Аз куҷо ва чӣ тавр пайдо шудааст, ҳанӯз аниқ намедонем. Нишонаҳояш маълум буд, як дандони зард дошт ва ҳамон либосу кроссовкиҳояш дар пояш буд,” – гуфт, падари Таҳмина.
Аз нопадид шудани ин донишҷӯ волидонаш моҳи феврал ба Радиои Озодӣ хабар дода буданд. Ба нақли онҳо, Таҳмина рӯзи дуюми феврал баъди бозгашт аз дарс бедарак шуд. Зангҳои пайиҳами телефонии волидон он шаб беҷавоб монда, пас аз соати даҳ телефонаш пурра хомӯш гаштааст.
Атохӯҷа Шарифов мегӯяд, ӯ тамоми ин муддат дар раванди ҷустуҷӯҳо ҳамроҳи кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ширкат мекард ва рӯдхонаву шаҳру ноҳияҳоро мекофтанд.
“Занг меомад, ки дар фалон ҷо духтареро дидаанд, тавассути дурбинҳои назоратӣ медидем, аммо нишону хабаре аз ӯ набуд. Ҳатто ба ОВИР рафтем, то бубинем, ки шиносномаи хориҷӣ нагирифта бошад,” - афзуд, вай.
Наздиконаш мегӯянд, дар бораи сабабҳои марги ӯ чизе намедонанд. Марг ва сабабҳои бедарак шудани Таҳминаро Додситонии ноҳияи Фирдавсии Душанбе таҳқиқ хоҳад кард. Мақомот ҳанӯз расман дар бораи фарзия ва дарёфтҳояшон хабар надодаанд.
Хабаргузории "Азия–Плюс" гуфтааст, пайкари Таҳминаро дар наздикии марз бо Узбекистон пайдо кардаанд.
Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон баъди чанд муддати нопадидшавии духтаре, тани беҷони ӯро пайдо мекунанд. Ҳар сол дар кишвар даҳҳо нафар нопадид мешавад ва ин мавзӯъ сабаби ҳаросу нигаронӣ ҳам шудааст.
Исроил бо 80 ҳавопаймои ҷангӣ Теҳронро бомбаборон кард
Артиши Исроил эълон кард, ки субҳи 7-уми март бо истифода аз 80 ҳавопаймои ҷангӣ ба бомбаборони Теҳрон идома додааст.
Сокинони пойтахти Эрон низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, садои таркишҳои зиёд ва пайиҳамро шунидаанд.
Дар изҳороте, ки шаби гузашта нашр шуд, артиши Исроил ҳадафҳои худро "иншооти низомии Эрон, майдонҳои партоби мушак ва дигар ниҳодҳои ҳарбӣ дар Теҳрон ва манотиқи марказии Эрон" эълон кард.
Бархе аз расонаҳо аз таркишҳо дар маҳалҳои маскунӣ ва кушта шудани афроди осоишта дар Теҳрон хабар додаанд.
Пештар иттилоъ расида буд, ки манотиқе дар наздикии шаҳри Экбатон ва фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон ҳамлаҳои шадиди ҳавоӣ анҷом ёфта, идораи давлатии ноҳияи 16 дар Нозиободи Теҳрон низ мавриди ҳамлаи ҳавоӣ қарор гирифтаанд.
Мақомоти Эрон дастур додаанд, ки сокинон дар хонаҳои худ монанд ва танҳо 20 дарсади кормандони давлатӣ ба коргоҳҳо рафта, занон кори худро аз манзил идома диҳанд.
288 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун оварданд
То бегоҳии 6-уми март 288 шаҳрванди Тоҷикистон аз Эрон берун оварда шуданд.
Як намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, 172 нафар тариқи сарҳади Озарбойҷон ва 116 кас ба воситаи Туркманистон аз Эрон баромаданд. Вазорат таъкид кардааст, ки намояндагиҳои дипломатӣ бо шаҳрвандон "ба таври шабонарӯзӣ дар тамосанд" ва кӯмак мерасонанд.
Пас аз ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон, дар рӯзи 28-уми феврал ҳарими ҳавоии шуморе аз кишварҳои минтақа баста шуд ва даҳҳо ҳазор мусофиру сайёҳи хориҷӣ дар Ховари миёна банд монданд.
Сафоратҳои Тоҷикистон дар Эрон ва Иморот вазифадор карда шудаанд, ки шаҳрвандонеро, ки нияти баргаштан ба ватанро доранд, рӯйхат кунанд.
Садҳо шаҳрвандони Тоҷикистон то имрӯз бархе аз ин кишварҳо, аз ҷумла Эронро тарк карданд.
Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 4-уми март ҳам аз берун овардани 219 нафар аз Эрон хабар дод. Ба иттилои ВКХ 118 кас ба воситаи Туркманистон ва 101 нафар аз тариқи Озарбойҷон бароварда шуданд.
Аз ин пеш масъулин аз роҳандозии парвозҳои чартерӣ барои овардани тоҷикистониҳое, ки дар кишварҳои арабӣ банд мондаанд, иттилоъ дода буданд. Рӯзи 5-уми март ширкати “Сомон Эйр” 115 нафарро аз шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Араб ба Душанбе овард.
Ширкати ҳавопаймоии Fly Dubai рӯзи 6-уми март 117 нафар, аксаран шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Дубай ба Душанбе овардааст.
Мақомот дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ эълон карданд, ки то оғози парвозҳо ба мусофирон хӯрок ва ҷойи хоб медиҳанд. Баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон мегӯянд, пулҳояшон тамом шуда буд, вале дар меҳмохонаҳо ройгон ҷой наёфтанд.
Узбекистон ба занони маҳбус иҷозаи таҳсили фосилавӣ дод
Ба занони маҳбус дар Узбекистон имкон дода мешавад, ки тариқи фосилавӣ дар мактабҳои олӣ таҳсил кунанд.
Президенти ин кишвар, Шавкат Мирзиёев дар чорабиние бахшида ба Ҷашни байналмилалии занон дар ин бора хабар додааст.
Нашрияи Gazeta.uz аз қавли раиси ҷумҳур навиштааст, ки дар зиндонҳои ин кишвар ҳоло 2589 зан адои ҷазо мекунанд. 1239 нафари онҳо танҳо соҳиби маълумоти миёна буда, ягон тахассус надоштаанд. Беш аз 400 зани зиндонӣ майли таҳсил дар донишгоҳро доштаанд.
"Ин занон, ки бо сабабҳои гуногун ва ё аз рӯйи ноогоҳӣ даст ба ҷиноят задаанд, шаҳрвандони ҳамин кишвар ҳастанд. Мо бояд ҷиддан дар бораи ба ҳайёти солим баргардондан ва дубора ба узви комилҳуқуқи ҷомеа табдил ёфтани онҳо андеша кунем", — гуфтааст, Мирзиёев.
Барои супурдани имтиҳоноти дохилшавӣ ва таҳсили фосилавии ба занони маҳбус шароит фароҳам оварда мешудааст. Президент таъкид кардааст, ки барои онҳое, ки тариқи шартнома ба донишгоҳ дохил мешаванд, қарзи бефоиз дода мешаванд. Ин маблағро онҳо бояд баъди баромадан ба озодӣ ва соҳиби кор шудан ба давлат баргардонанд.
Ҳамкориҳои низомии Тоҷикистон ва ИМА
Низомиёни Горди миллии Вирҷиния ва ҳамтоёнашон аз Тоҷикистон дар як даври омӯзишии муштараке иштирок карданд. Дафтари матбуоти Горди миллии Вирҷиния рӯзи 5-уми март навишт, ки давраи омӯзишӣ рӯзҳои 2 то 6-уми феврали имсол дар госпитали ҳарбии шаҳри Душанбе барпо гардид ва дар ҷараёни он роҳи расонидани ёрии оҷили тиббӣ ба ҳангоми амалиёти низомӣ ва аз майдони ҷанг берун бурдани маҷрӯҳон намоиш дода шуд.
Дар машқҳои панҷрӯза, ки дар чаҳорчӯби Барномаи ҳамкориҳои давлатии миёни Вирҷиния ва Тоҷикистон барпо гардид, 20 корманди вазорати дифоъ, нирӯҳои марзбонӣ, Горди миллӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон иштирок карданд.
Кӯмак ба маҷрӯҳон дар майдони ҷанг дар ҳолати хунравии шадид, ба ҳангоми мушкили роҳи нафас, гардиши хун, осеби сар, сармои бадан ва дигар мавзӯъҳо аз намунаҳои асосии ин дарсҳо буд.
Капитан Кристофер Ҳангерфорд гуфтааст, “чунин табодули тиббӣ на фақат бо донишҳои зарурӣ таъмин мекунад, балки робитаҳои касбиро қавӣ намуда, ҳамдигарфаҳмии миёни ду кишвар, тақвияти ҳадафҳои муштарак дар заминаи омодагӣ ва фаъолияти амалии ходимони тиббро боло мебарад”.
Моҳи июли соли 2023 ба ҳамкориҳои расмии миёни Горди миллии Вирҷиния ва Тоҷикистон бист сол пур шуд. Низомиёни амрикоӣ мегӯянд, дар доираи ин ҳамкориҳо беш аз 200 барномаву ҳамоишҳое дар доираи ҳадафи ягонаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, вокуниши сареъ дар ҳолатҳои изтирорӣ ва такмили ихтисоси низомиён амалӣ гардид.
Озарбойҷон дипломатҳои худро аз Эрон берун мебарад
Ҷайҳун Байрамов, вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон, гуфт, Боку ҳайати дипломатии худро аз қаламрави Эрон берун мебарад.
Ӯ рӯзи 6-уми март дар нишасти хабарӣ гуфт: “Ин ҷараён ба сафорат дар Теҳрон ва консулгарии генералӣ дар Табрез рабт дорад. Феълан дар ин самт кори зарурӣ пеш бурда мешавад”.
Байрамов гуфт, дар пасманзари ҳодисаҳое, ки дар минтақа ҷараён дорад, намешавад ҷони мардумро дар хатар гузошт, аз ин рӯ омодагиҳо барои берун бурдани кормандон ҷараён доранд.
Рӯзи 5-уми март чор ҳавопаймои бесарнишин ба шаҳри Нахҷувони Озарбойҷон ҳамла карданд. Ба иттилои мақомот, яке аз онҳо ба бинои терминали фурудгоҳ зарба зада, дигаре дар наздикии мактабе дар деҳаи Шакаробод уфтод. Дар ин ҳамла чор нафар осеб дидааст. Озарбойҷон масъулиятро ба дӯши Эрон вогузор кард.
Дар ВКХ ва Вазорати дифои Озарбойҷон бо чораҳои ҷавобӣ таҳдид карда, ба сафири Эрон дар Боку нотаи эътирозӣ супурданд. Президент Илҳом Алиев ҳодисаи рухдодаро амали террористӣ номид. Ӯ аз Эрон талаб кард, ки ҳодисаро шарҳ диҳанд, маъзарат хоҳанд ва гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ кашанд.
Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон даст доштани ин кишварро дар ирсоли паҳподҳо рад карда, гуфт, Эрон “истиқлоли ҳамаи кишварҳо, бахусус мусалмонон ва ҳамсояҳоро эҳтиром мекунад”. Теҳрон масълиятро ба дӯши Исроил вогузор кард.
Вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ароқчӣ дар тамоси телефонӣ бо Байрамов гуфт, ин ҳодисаро муфаттишону низомиён таҳқиқ мекунанд.
Пизишкиён аз баъзе талошҳо барои миёнҷигарӣ хабар дод
Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон, гуфтааст, “баъзе аз кишварҳо талошҳоеро барои миёнҷигарӣ шуруъ кардаанд”, вале аз ҳеч давлате ном нагирифт.
Вай рӯзи 6-уми март дар шабакаи “Х” навишт, “мо пойбанди сулҳи пойдор дар минтақа ҳастем, аммо дар дифоъ аз иззат ва иқтидори кишварамон сари сӯзане тардид надорем.”
Амрико ва Исроил рӯзи 28-уми феврал ба Эрон ҳамла карданд, ки бар асари он раҳбари олии ин кишвар оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ва шуморе аз фармондеҳони баландпояи низомӣ кушта шуданд.
Эрон дар вокуниш ба ҳамлаҳои Амрико ва Исроил, ба Исроил ва чандин кишвари арабии ҳавзаи Халиҷи Форс, ки мизбони пойгоҳҳои низомии ИМА ҳастанд, ҳамлаҳои густарда анҷом дод.
"Нобудии мушакҳои режими Эрон", "нобудсозии нерӯҳои баҳрии он", "итминон аз инки нерӯҳои мавриди ҳимояти Эрон дигар натавонанд ҷаҳонро бесубот кунанд" ва "итминон аз инки Эрон ҳаргиз натавонад ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад" аз ҳадафҳои амалиёти Амрикову Исроил номбар шудааст.
Ҳавопаймои Fly Dubai 117 нафарро аз Дубай ба Душанбе овардааст
Ширкати ҳавопаймоии Fly Dubai рӯзи 6-уми март 117 нафарро аз Дубай ба Душанбе овардааст.
Як намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, аксари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.
Ин гурӯҳи мусофирон дар пайи ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон ва зарбаҳои ҷавобии Ҷумҳурии Исломӣ дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ банд монда буданд.
“Дар пайи музокирот бо мақомоти Иморот, қарор шуд, ҳавопаймои ширкати Fly Dubai даҳҳо мусофири дармондаро аз Дубай ба Душанбе интиқол диҳад,” -- афзуд намояндаи ВКХ.
Мусоҳиби мо гуфт, интиқоли шаҳрвандон ба Тоҷикистон тавассути ширкати “Сомон Эйр” ҳам давом мекунад ва ба эҳтимоли зиёд рӯзи 7-уми март як ҳавопаймо хоҳишмандонро аз Иморот биорад.
Амалиёти низомии Амрикову Исроил зидди Эрон рӯзи 28-уми феврал сар шуд. Эрон дар посух ба пойгоҳҳои низомии Амрико дар Ховари Миёна, аз ҷумла Имороти Муттаҳидаи Араб, зарба зад ва вазъро печидаву фазоро барои парвози ҳавопаймоҳо баст.
Мақомот дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ эълон карданд, ки то оғози парвозҳо ба мусофирон хӯрок ва ҷойи хоб медиҳанд. Баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон мегӯянд, пулҳояшон тамом шуда буд, вале дар меҳмохонаҳо ройгон ҷой наёфтанд.
“Каме пул доштем, сарф кардем. Сипас ба сафорат занг задем, бо як таксӣ 500 дирҳам фиристоданд,” – гуфт як мусофири бандмондаи тоҷик бо шарти нанавиштани номаш.
Пештар баъзе аз мусофирони тоҷик гуфта буданд, ки ба фарқ аз Дубай дар меҳмонхонаҳои Абузабӣ ройгон истодаанд, агарчи харҷи рӯзонаашон низ зиёд аст.
Аз шурӯи нооромиҳо дар Ховари Миёна садҳо тоҷикистонӣ ба ватан баргардонда шудаанд.
Ба иттилои ВКХ, то бегоҳии 6-уми март аз Эрон 288 шаҳрванди Тоҷикистон бароварда шуд. 172 нафар тариқи сарҳади Озарбойҷон ва 116 кас ба воситаи Туркманистон.
"Аз ин теъдод, танҳо рӯзи шашуми март 30 нафар аз тариқи Озарбойҷон ва 2 нафар тариқи Туркманистон бароварда шуданд. Тамосҳо ва мусоидати шабонарӯзии намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон ба шаҳрвандон дар кишварҳои Ховари Миёна идома дорад," - гуфт як намояндаи вазорат.
Ширкати “Сомон Эйр” рӯзи 5-уми март 115 нафарро аз шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Араб ба Душанбе овард.
Тоҷикистон ва Узбекистон ба ҳимоят аз кафтор бархостаанд
Тоҷикистон ва Узбекистон мехоҳанд, кафтори рах-рах ба Эъломияи ҳифзи ҳайвоноти муҳоҷири ваҳшӣ ворид карда шавад. Кафтори рах-рахро дар Тоҷикистон гурги дулта ва ё “мурдахор” низ мегӯянд.
Қарор аст, дар охири моҳи март дар Бразилия ҷаласаи кишварҳои имзогузори Эъломияи ҳифзи ҳайвоноти муҳоҷири ваҳшӣ баргузор шавад. Ин мавзуъ онҷо ба баррасӣ гирифта мешавад.
Душанбе ва Тошканд ба ҳомиёни табиати ваҳшӣ гуфтаанд, ки ба эъломия ворид кардани кафтори рах-рах барои ҳифзи он аз нобудшавӣ дар саросари олам мусоидат мекунад.
Бино ба “Рӯйхати сурх”-и Иттиҳоди байнулмилалии ҳифзи табиат, кафтори рах-рах ба қатори ҳайвоноти дар ҳоли нобудшавӣ дохил мешавад. Ҳоло шумори ин ҷонвари ваҳшӣ аз 5 ҳазор то наздики 10 ҳазор мерасад ва хатари то рафт кам шудани саршумори он вуҷуд дорад.
Азбаски кафтор ҳаёти пинҳонкоронаи шабонаро пеш мебарад, дақиқ ҳисоб кардани саршумори он имкон надорад.
Кафтори рах-рах аз оилаи ба ном кафторҳои “Hyaenidae” аст, ки ба он гурӯҳ инчунин кафтори холдор, кафтори қаҳваӣ ва кафтор ё гурги хокӣ дохил мешаванд.
Кафтори рах-рахро мешавад дар шароити бешазору нимабиёбонҳо ва ҳам манотиқи кӯҳии Осиёву Африқо ва Ховари Миёна вохӯрд. Ин ҷонварон вобаста ба захираи ғизо метавонанд дар қаламравҳои маҳдуд ё васеъ ҳаракат кунанд.
Афзоиши босуръати кишоварзӣ, шаҳрсозӣ, рушди зерсохторҳо ва дигар фаъолияти инсон, аз ҷумла шикору тиҷорат, боиси кам шудани саршумори кафтор мешавад.
"Касе лозим аст, ки оромиш орад." Трамп дар бораи раҳбари ояндаи Эрон
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, дар мусоҳибааш бо нашрияи Axios гуфт, мехоҳад дар интихоби раҳбари ояндаи Эрон шахсан нақш дошта бошад.
Трамп гуфт, ҷойгузини эҳтимолии оятулло Алии Хоманаӣ, ки рӯзи 28-уми феврал дар амалиёти ҳарбии Амрико ва Исроил кушта шуд, писари ӯ Муҷтабо Хоманаӣ аст, вале ишора кард, ки ӯро дар ин мақом дидан намехоҳад.
"Барои ман писари Хоманаӣ қобили қабул нест. Ба мо оне лозим аст, ки ба Эрон оромишу сулҳ меорад", -- гуфт Доналд Трамп.
Ӯ афзуд, таъйини шахсеро, ки самтгириҳои сиёсии Алии Хоманаиро идома медиҳад, дастгирӣ нахоҳад кард: "Мисле, ки бо Делси (Родригес) дар Венесуэла шуд, ман бояд дар ин таъйинот ҳам иштирок кунам."
Axios айни замон таъкид мекунад, ки вазири дифоъ ё ҷанги Амрико Пит Ҳегсет ва дигар мақомоти амрикоӣ мегӯянд, тағйири режим дар Эрон ҳадафи асосии ин амалиёт нест. Онҳо мегӯянд, вазифаи Вашингтон суст кардани тавонмандиҳои мушакӣ, барномаи ҳастаӣ ва нерӯҳои дарёии Эрон мебошад.
Як рӯз пеш аз ин гуфтугӯҳо нашрияи The New York Times хабар дод, ки дар пайи ҷаласаи Шӯрои хубрагон Муҷтабо Хоманаӣ номзади асосӣ ба мақоми раҳбари нави олии Эрон гардид.
Бархе раҳбарони динӣ хостаанд, субҳи 4-уми март дар бораи таъйин шудани Муҷтабо Хоманаӣ хабари расмӣ нашр кунанд, аммо баъзе дигарон дар ин шӯро ҳушдор додаанд, ки ин хабар ӯро ба як ҳадафи нави Амрико ва Исроил табдил медиҳад.
Муҷтабо Хоманаии 56-сола як сиёсатмадори пурнуфуз буда, солҳои дароз дар сояи падараш қарор дошт.
Дар миёни номзадҳои дигар ба мақоми раҳбари олии Эрон Ҳасан Хумайнӣ, набераи бунёдгузори Ҷумҳурии Исломӣ ҳам номбар мешавад.
Амрико ва Исроил рӯзи 28-уми феврал ба Эрон ҳамла карданд, ки бар асари он раҳбари олии ин кишвар Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ва шуморе аз фармондеҳони баландпояи низомӣ кушта шуданд.
Эрон дар вокуниш ба ҳамлаҳои Амрико ва Исроил, ба Исроил ва чандин кишвари арабии ҳавзаи Халиҷи Форс, ки мизбони пойгоҳҳои низомии ИМА ҳастанд, ҳамлаҳои густурда анҷом дод.
Боздошти 7 корманди "Ошадбанк"-и Украина дар Маҷористон
Рӯзи 5-уми март дар Венгрия ё Маҷористон ҳафт корманди "Ошадбанк"-и Украина боздошт шуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ин бонк ва вазири корҳои хориҷии Украина Андрей Сибига хабар доданд.
Сибига гуфт, кормандон дар ду мошини марбут ба бонк тавассути Австрия ба самти Украина ҳаракат мекарданд ва дар дохили мошин барои таъмини кори маъмулии бонк пули нақд доштанд.
Дар дохили ду мошин дар умум 40 миллилон доллар, 35 миллион евро ва 9 кило тило будааст. Ҷониби Украина мегӯяд, ин бор тибқи талаботи гумруки Аврупо сабт шуда буд.
"Ошадбанк" аз мақомоти Венгрия ё Маҷористон тақозо кард, ки ба зудтарин фурсат кормандону бори боздоштшударо озод ва барои ба ватан баргаштани онҳо шароит фароҳам кунанд. Як манбаи "РБК-Украина" гуфт, ки ин ду мошини бонк дар ҳудуди маркази зиттиреррористии Венгрия қарор доранд.
Вазири корҳои хориҷии Украина гуфт, “дар асл гап дар бораи гаравгонгирӣ ва дуздии пул аз ҷониби Венгрия аст”. Ӯ афзуд, сабаби боздошт ва ҳам вазъи кормандони боздоштшуда маълум нест ва бо онҳо имкони тамос вуҷуд надорад.
Мақомоти Венгрия ҳанӯз хабари боздошти кормандони бонки Украинаро шарҳ надодаанд.
Равобити Киев ва Будапешт баъди он дубора бад шуд, ки Украина идомаи интиқоли нафти русиро тавассути лӯлаи "Дружба" ба Венгрия рад кард. Украина мегӯяд, дар пайи ҳамлаҳои Русия ин лӯла осеб дидааст. Будапешт бовар дорад, ки ин кор далели сиёсӣ дорад. Дар посух мақомоти Венгрия додани 90 миллиард евро қарзи Иттиҳоди Аврупоро ба Киев вето карданд.
Нахуствазири Венгрия Виктор Орбан рӯзи 5-уми март гуфт, Будапешт василаҳои фишорро ба Украина дорад, то интиқоли нафт тавассути лӯлаи "Дружба" аз сар гирифта шавад.
Вай инчунин таъкид кард, ки Будапешт то замони азсаргирии кори лӯлаи нафт транзити борҳои барои Украина хеле муҳимро қатъ мекунад. Орбан дар мусоҳибааш бо радиои Kossuth иқрор шуд, ки ба ӯ таҳдиди президенти Украина Владимир Зеленский хуш наомад, ки гуфт, ӯ метавонад ба ҳарбиёни украинӣ суроғаи шахсеро, ки қарзи онҳоро масдуд кардааст, бидиҳад.