Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Дар Туркманистон пахтачинии наврасонро манъ карданд

Дар Туркманистон қонуне ба иҷро даромад, ки иштироки то 18-солаҳоро дар ҷамъоварии ҳосили пахта манъ мекунад.

Расонаҳои расмии Туркманистон навиштанд, Вазорати меҳнати ин кишвар ба рӯйхати корҳое, ки барои наврасони манъ мебошад, "пахтачинӣ ва пахтакорӣ"-ро ҳам шомил кардааст.

Ин қарор дар Вазорати адлияи Туркманистон қайд ва назорати иҷрои он бар зиммаи Вазорати меҳнати он кишвар вогузор шудааст.

Туркманистон яке аз бузургтарин кишварҳои истеҳсолкунандаи пахта ба ҳисоб меравад, ки ҳамасола барои ҷалбии иҷбории сокинонаш ба ҷамъоварии он аз сӯи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ танқид мешавад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Барканории Аваз Назарзода аз мансаб ва ронда шуданаш аз Додситонӣ

Аваз Назарзода
Аваз Назарзода

Аваз Назарзода, додситони вилояти Хатлон, бо иттиҳоми "кирдоре, ки шаъну шарафи корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро паст мезанад", аз мансаб озод ва аз мақомоти Прокуратура (Додситонӣ) ронда шудааст.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 3-юми ноябр "риоя накардани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ"-ро аз далелҳои дигари тасмим донист.

Маълум нест, ки Назарзода бо чӣ кор ё рафторе шаъну эътибори мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар Тоҷикистон паст задааст, аммо дар гузашта баъди ингуна тасмимҳо чанд додрас барои ришвахорӣ ба додгоҳ кашида шуда, ҷазо гирифтаанд.

Аваз Назарзода дар моҳи январи соли 2024 додситони вилояти Хатлон таъйин шуда буд. Аз он пеш дар мақоми додситони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор кардааст. Пеш аз он додситони шаҳрҳои Панҷакент ва Хуҷанд буд.

Назарзода баъд аз он додситони Хатлон таъйин шуд, ки ​бо амри президенти Тоҷикистон роҳбарони ниҳодҳои қудратии вилояти Хатлонро барои бесалоҳиятӣ аз кор ронданд.

Рӯзи 3-юми ноябр ҳамчунин додситонҳои вилоятҳои Бадахшон, Суғд ва шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Хуросон, Балҷувон, Шаҳритус, Зафаробод, Спитамен, Деваштич, Рашт, Файзобод ва додситони ҳарбии минтақаи Рашт иваз шуданд.

Бо қарорҳои ҳукумат раиси Оҷонси меҳнат ва шуғли аҳолӣ низ барканор шуда, муовини вазири энергетика, ду муовини Хадамоти алоқа ва ректорони чанд донишгоҳ нав шуданд.

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як роҳи нав кушоданд

Акс аз Дафтари матбуоти Раиси вилояти Суғд
Акс аз Дафтари матбуоти Раиси вилояти Суғд

Роҳбарони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон 3-юми ноябр як роҳро дар марзи байни ду кишвар боз карданд. Роҳе, ки ҷамоатҳои Зумрад ва Сурхи Исфараро пайваст мекард, қаблан аз миёни деҳаи Қаробоғи Қирғизистон мегузашт.

Акнун он бе гузаштан аз ҳудуди ин деҳа ду минтақаро ба ҳам мепайвандад.

Сокинони ҷамоатҳои Чоркуҳ, Сурх ва Ворух то соли 2014 аз ин роҳ мегузаштанд, вале баъди як даргирии марзӣ он барои шаҳрвандони Тоҷикистон баста шуд.

Тоҷикистону Қирғизистон баъди чандин ҷангу муноқиша дар марз моҳи марти имсол бар сари хатти он ба созиш расиданд.

Мақомоти тоҷик ҷузъиёти созишномаи марзиро бо Қирғизистон ошкор намекунанд, вале бархе аз мақомдорони Қирғизистон қисман ин масъаларо шарҳ дода, гуфта буданд, ҷонибҳо ба хулосае омадаанд, чанд роҳу деҳаи аҳолинишнро бо ҳам иваз карданд.

Зилзила интиқоли барқро аз Тоҷикистон ба Афғонистон қатъ кард

Дар пайи заминларзаи субҳи 3-юми ноябр хатҳои интиқоли барқ аз Узбекистон ва Тоҷикистон ба Афғонистон хароб шуда, чанд вилояти Афғонистон бе барқ мондаанд.

Хабаргузории "Хома" аз қавли ширкати "Брешно" навишт, хати интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Кундуз тахриб шуда, сокинони шаҳри Кобул ҳам феълан барқ надоранд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон шиддати заминларзаро дар шаҳри Душанбе 4 дараҷа гуфт, аммо дар мавриди пайомадҳои он, аз ҷумла вайрон шудани хати интиқоли барқ чизе нагуфт. Намояндагони ширкати "Барқи тоҷик" ҳам дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Ширкати "Брешно" гуфтанд, бо вуҷуди талошҳои зиёди мутахассисон хатҳои интиқоли барқ барқарор нашуданд.

Шаби 2 ба 3-юми ноябр заминларзаи сахте Афғонистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Покистонро такон дод. Маркази ин заминларза шаҳри Балхи Афғонистон эълон шуд ва қувваи зилзила дар инҷо ба 6-7 балл будааст. Заминларза сабаби марги чанд кас дар Афғонистон шуд.

Афғонистон як бахши асосии барқи мавриди ниёзашро аз Узбекистон ва Тоҷикистон мехарад. Фурӯши барқ ба Афғонистон интиқодро дар дохили Тоҷикистон ба миён овардааст, чун бештари сокинон дар тирамоҳу зимистон бо маҳдудият барқ мегиранд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, асосан дар фасли тобистон ва замони фаровон будани об дар обанборҳои Тоҷикистон ба Афғонистон барқ медиҳанд. Назаре, ки бархеҳо ба он шубҳа доранд.

"4 балл дар Душанбе". Мақомоти Тоҷикистон заминларзаро шарҳ доданд

Шаби 2 ба 3-юми ноябр заминларзаи сахте Тоҷикистон ва чанд кишвари минтақаро такон дод.

Ба иттилои Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон, зилзила соати 1:29 ба вақти Душанбе рух дода, қувваи заминларза дар пойтахт 4 ва дар Панҷакент 3 баллро ташкил дод.

Манбаъ мегӯяд, маркази заминларза дар ҳудуди Афғонистон буд. Қувваи заминларза дар марказаш 6-7 балл гузориш шудааст.

Маркази заминшиносии Амрико навиштааст, маркази зилзила вилояти Балхи Афғонистон буд. Ларзиши замин дар Афғонистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон ва Покистон ҳам сабт шудааст.

Баъзе сокинони шаҳри Душанбе аз тарси такрори заминларза нимашаб ба берун баромадаанд. Сокинон мегӯянд, дар чанд соли ахир чунин заминларзаи сахтеро надида буданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон навиштааст, ин ҳодиса хисорот ва талафот дар пай надошт.

Расонаҳо аз марги 7 нафар дар Афғонистон гузориш додаанд. Мақомоти Толибон гуфтанд, омор дар бораи талафотро давоми рӯз нашр мекунанд.

Баъзе сокинон аз тарс ба берун баромадаанд:

Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Ҳар сол дар кишвар садҳо заминларза сабт шуда, дар натиҷаи он баъзе аз манзили сокинон вайрон мешавад.

Аз ҷумла, бар асари зилзилаи рӯзи 13-уми апрели имсол дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод 94 хона пурра ва 50 хона қисман вайрон шуда, ба 61 манзил осеби сабук расид.

Инчунин, се мактаб ва тақрибан дусад иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла чойхонаву бунгоҳи тиббӣ зарар дидаанд. Як сокини хурдсоли ноҳияи Рашт дар ин ҳодиса ҷон бохт.

Хабар давоми рӯз такмил мешавад:

Украина аз Олмон низоми зиддиҳавоии "Патриот" гирифт

Владимир Зеленский. Акс аз моҳи июли 2025
Владимир Зеленский. Акс аз моҳи июли 2025

Украина барои ҳимоят аз фазои худ аз Олмон низоми зиддимушакии "Патриот" дарёфт кардааст.

Президент Владимир Зеленский 2-юми ноябр дар як паёми видеоӣ аз садри аъзами Олмон Фридрих Мертс миннатдорӣ кард.

Ба гуфтаи Зеленский, гуфтугуҳо барои мустаҳкам кардани низоми зиддиҳавоии Украина ҳам дар сатҳи сиёсӣ ва ҳам бо тавлидкунандагон идома дорад.

Рӯзи 1-уми ноябр лоиҳаи "Кӯмаки Олмон ба Украина" дар шабакаи X навишт, Украина "дар рӯзҳои наздик" ду низоми зиддимушакии "Патриот" мегирад. Маблағи ин низоми дифои ҳавоиро Дания, Литва ва Норвегия пардохт кардаанд.

Моҳи июли имсол Борис Писториус, вазири дифои Олмон гуфта буд, Украина ба панҷ низоми дифои ҳавоии "Патриот" эҳтиёҷ дорад.

Раиси ҷумҳури Украина тобистони имсол аз ИМА хоста буд, ба Киев 10 низоми зиддимушакии "Патриот" бидиҳад. Президенти Амрико аз омодагии кишвараш барои интиқоли 17 низоми "Патриот" ба Украина хабар дод, вале гуфт маблағи онро кишварҳои аврупоӣ мепардозанд.

Мақомот сабаби ҷудо шудани пораи азими пиряхро гуфтанд

Мақомоти Тоҷикистон канда шудани пораи азиме аз як пиряхи бузург дар қаторкӯҳҳои Исмоили Сомониро шарҳ доданд. Ҳодиса 25-уми октябр дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод рух дод.

Намояндагони Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон 31-уми октябр дар нишасти хабарӣ бо ҳузури намояндагони расонаҳои ҳукуматӣ гуфтаанд, сабаби асосии канда шудани пирях "баландшавии ҳарорати ҳаво ва набудани боришот дар давраи тӯлонӣ мебошад".

Мутахассисон гуфтаанд, ин ду омил "ба обшавии шадиди пирях ва тағйири тавозуни обӣ оварда расонидааст".

Дар Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон гуфтаанд, дарозии пиряхи ҷудошуда 1,5 километр буда, баландиаш 50 метр буд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои видеоӣ аз ҳаракати ин пирях нашр шуд.

Ба иттилои мақомоти тоҷик ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар дар пай надоштааст. Аммо ба гуфтаи мутахассисон, бар асари бориши боронҳои сахт ва такроран кандани пирях аз баданаи пиряхи бузург, он метавонад ба бархе деҳаҳои ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Об хатар дошта бошад.

Дар Тоҷикистон беш аз 14 ҳазор пирях вуҷуд дорад. Тоҷикистони кӯҳистонӣ бо пиряхҳои хурду бузургаш манбаи аслии об дар Осиёи Марказӣ аст, вале дар 30 соли ахир ба сабаби гармоиши курраи Замин бештар аз 1000 пирях комилан аз байн рафтаанд.

Низомиёни Украина гуфтанд, ки набард барои Покровск идома дорад

Нерӯҳои Украина дар Покровск
Нерӯҳои Украина дар Покровск

Мақомоти низомии Украина гуфтанд, ки нерӯҳои ин кишвар то ҳол ба ҳамлаҳои шадиди сарбозони Русия дар Покровск дар шарқи Украина муқовимат мекунанд.

Фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Украина Александр Сирский рӯзи 1-уми ноябр дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, амалиёти фарогир барои берун кардани нерӯҳои душман аз Покровск идома дорад.

Ин изҳорот як рӯз баъди он садо дод, ки раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский муборизаро барои шаҳри Покровск муҳим хонд.

Вай рӯзи 31-уми октябр гуфт, русҳо мехоҳанд он кореро, ки ба Покровск, Копянск ва шаҳру вилоятҳои дигар раво диданд, ба тамоми Украина бикунанд.

Бино ба ҳисобҳо, дар ҳоли ҳозир аз 200 то 400 сарбози рус дар канораҳои шарқии шаҳри Покровски вилояти Донетск ҷойгир шудаанд. Онҳо бо истифода аз муҳити шаҳр, зерзаминҳо ва либоси шаҳрвандӣ талош доранд, ки аз дасти нерӯҳои украинӣ дар амон монанд.

Покровск ба мисли шаҳрҳои дигари бузурги Украина аҳамияти зиёди низомӣ дорад. Таҳлилгарон ҳушдор додаанд, ки вожгунии ин шаҳр метавонад роҳро барои нерӯҳои Русия ба ғарби Украина боз кунад ва ҷануби Украинаро зери хатар бигузорад.

Як хабарнигори дигарандешро дар Русия ба зиндон маҳкум кардаанд

Сергей Ежов
Сергей Ежов

Додгоҳи ноҳияи Октябр дар вилояти Рязани Русия хабарнигори таҳқиқгар Сергей Ежовро дар ғайбаш ба шаш сол зиндон маҳкум кард.

Мақомоти Русия ӯро барои сарпечӣ аз иҷрои қонуни "агентҳои хориҷӣ" ва ширкат дар фаъолияти созмонҳои ифротгаро ва сармоягузории экстремизм гунаҳкор донистаанд.

Манзури мансабдорони Русия аз "фаъолиятҳои экстремистӣ" ишора ба Бунёди мубориза бо фасоди молӣ аст, ки Сергей Ежов бо он ҳамкорӣ дорад.

Ҳамзамон ба навиштаи хабаргузории расмии "РИА Новости", ӯ гуё аз Эстония паноҳандагии сиёсӣ дархост кардааст.

Ежов дар суҳбат бо телевизиони "Настояшее Время", як тарҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, аз Эстония паноҳандагӣ напурсидааст ва бо ин кишвар ҳеч пайванд надорад.

Ӯ ба ҷуз аз Бунёди мубориза бо фасоди молӣ, инчунин, бо пойгоҳи таҳқиқотии The Insider ҳамкорӣ мекунад ва блоги шахсии худро низ дорад.

Ин хабарнигори дигарандеш дар матлабҳояш дар бораи кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва Вазорати адлияи Русия низ гап мезанад, ки ба таҳияи номгӯйи "агентҳои хориҷӣ" машғул ҳастанд.

Вазорати адлияи Русия Сергей Ежовро дар моҳи июли соли 2024 ба феҳрасти “агентҳои хориҷӣ” ворид кардааст.

Пайомадҳои ҳамлаи Русия ба Одесса ва Запорожйе

Оқибатҳои ҳамла ба вилояти Одесса, Украина. 2-юми ноябри соли 2025
Оқибатҳои ҳамла ба вилояти Одесса, Украина. 2-юми ноябри соли 2025

Ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия нимашаби 2-юми ноябр дар вилояти Одессаи Украина ду нафарро кушта ва се тани дигарро захмӣ кардаанд.

Олег Кипер, раиси маъмурияти низомии Одесса, гуфт, панҷ мошини борбар, ки якеаш пур аз лубиёву ғалладонагиҳои дигар буд, зарар дид.

Ба қавли ӯ, ҳамла бо ёрии паҳподҳои “Шоҳид” анҷом шуда, бештар ҳадафҳои ғайринизомиро нишон гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, бар асари ҳамлаи мушакӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия дар вилояти Днепропетровск чаҳор нафар кушта шудаанд. Ду нафари онҳо аз 11 то 14 сол доштанд.

Дар чанд гӯшаи ин вилояти Украина хонаву зербунёдҳои иҷтимоӣ, мошин ва фурӯшгоҳ низ зарар дидаанд. Ба гуфтаи раиси маъмурияти вилоят Олег Григоров, “бар асари зарбаҳои Русия як қисми шаҳри Сумӣ вайрон шуд”.

Артиши Русия нимашаби 2-юми ноябр ба Запорожйе низ ҳамла ва тақрибан 58 ҳазор касро аз нерӯи барқ маҳрум кард. Ба иттилои Иван Федоров, раиси идораи низомии вилоят, ду нафар захмӣ шуд.

Дар як ҳодиса дар Бритониё даҳ кас захмӣ шудааст 

Истгоҳи Ҳантингдон. Бритониё. 1-уми ноябри 2025
Истгоҳи Ҳантингдон. Бритониё. 1-уми ноябри 2025

Дар пайи ҳамла бо корд ба мусофирон дар қаторе (поезд) дар Бритониё даҳ кас захмӣ шудааст.

Ба гузориши Би-би-сӣ, ҷароҳати нуҳ нафари онҳо амиқ аст ва ба ҳаёташон хатар дорад.

Ҳодиса шоми 1-уми ноябр рух дод. Қатор (поезд) аз шаҳри Донкастер ба самти Лондон ҳаракат дошт.

Маъмурони пулис ду мардро дар пайванд ба ҳодиса дастгир кардаанд, аммо ҳувияти онҳо ва ангезаи эҳтимолии ҳамла маълум нест.

Нахуствазири Бритониё ҳодисаро “даҳшатнок” хонд.

Ба навиштаи Би-би-сӣ, аз соли 2011 ба ин сӯ теъдоди ҷиноятҳо бо истифода аз силоҳи сард дар Бритониё дар ҳоли афзудан аст.

Киев Маскавро ба "терроризми ҳастаӣ" муттаҳам кард

Нерӯгоҳи "Ривне" дар Украина.
Нерӯгоҳи "Ривне" дар Украина.

Ҳукумати Украина ва бархе мақомҳои байналмилалӣ ҳамлаҳои Русия ба бахшҳои энержии ғайринизомии Украинаро маҳкум карданд.

Киев ҳамчунин Маскавро бинобар ҳамла ба зерсохтҳои таъмини барқи таъсисоти ҳастаии Украина ба "терроризми ҳастаӣ" муттаҳам кардааст.

Вазорати корҳои хориҷии Украина рӯзи 31 октябр эълон кард, "ҳамлаҳои барқасдона ба таъсисоти энержии ғайринизомӣ, ки мустақиман бар кори бехатари нерӯгоҳҳои ҳастаӣ таъсир мегузорад, нишонаи терроризм ҳастаиро дорад ва нақзи ҷиддии ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона ба шумор меравад".

Ин вазорат ба баёнияи ду рӯз пешини Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ ишора кард, ки ҳушдор дода буд, ҳамлаҳои низомӣ боиси осеб ба зерсохтҳое шудаанд, ки барои амнияти ҳастаии Украина муҳиманд.

Оҷонси назоратии СММ гузориш дод, ки ҳодисаҳое дар наздикии нерӯгоҳи ҳастаии "Украинаи ҷанубӣ" ва "Хмелнитский" боис шудааст, ки дастрасии ин таъсисот ба хатҳои барқ қатъ шавад.

Дар баёнияи Оҷонс ҳамчунин омадааст, ки нерӯгоҳи савум бо номи "Ривне" маҷбур шудааст тавони ду реактор аз чаҳор реакторашро бинобар ин ҳамлаҳо коҳиш диҳад.

Рафаэл Гросси, раиси Оҷонси байналмилалии энержии ҳастаӣ гуфт, "хатарҳо барои бехатарии ҳастаӣ ҳамчунон бисёр воқеӣ ва доимӣ аст. Бори дигар хостори хештандорӣ аз ҳамлаҳои низомӣ дар атрофи таъсисоти ҳастаӣ ҳастем".

Ҳамзамон бо ин рӯйдодҳо, "Гурӯҳи 7" (Канада, Фаронса, Олмон, Италия, Ҷопон, Бритониё ва Амрико) рӯзи 31 октябр дар баёнияи муштарак "ҷанги Русия алайҳи Украина ва таъсири он ба амнияти энержӣ"-ро маҳкум кард.

Пули 100-сомонии нав ба гардиш даромад

Бо як тасмими Бонки миллии Тоҷикистон, аз 30 октябри соли 2025 пули 100- сомонии нав ба муомилот бароварда шуд.

Бонки миллӣ гуфт, ки ҳадаф "таъмин намудани иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ" мебошад. Пулҳои нав ба муносибати 25-солагии пули миллӣ -- сомонӣ, ба муомилот бароварда шуданд

Бонкии миллии Тоҷикистон мегӯяд, пулҳои коғазии ҷашнӣ дар қатори дигар пулҳои коғазии БМ бо арзиши номиналии 100 сомонӣ, ки дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд.

Пули миллии сомонӣ, ки ба ифтихори поягузори нахустин давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шудааст, дар 30-юми октябри соли 2000 ба муомилот баромад.

Тоҷикистон танҳо кишвари пасошӯравист, ки то соли 1993 пули сохти Шӯравиро истифода кардааст. Ба дунболи ба муомилот баромадани пулҳои миллӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ сели пулҳои коғазии беарзиши Шӯравӣ ба Тоҷикистон сарзер шуда, боис ба ҳараҷу мараҷ дар бозори арзии кишвар шуд.

Бо шомил шудан ба фазои пули рубли русӣ дар моҳи январи соли 1994 мушкили иқтисодии Тоҷикистон ҳал нашуда, баръакс, кишвар ба камбуди шадиди пули нақд рӯбарӯ гардид.

Танҳо дар пайи мусоидати Сандуқи Байналмилалии Пул ва ба муомилот баровардани пули рубли тоҷикӣ дар 6-уми майи соли 1995, вазъи иқтисодӣ дар Тоҷикистон то ҳадде ба эътидол омад.

Ҳабси як раҳбари пешини диаспораи тоҷикон дар Русия

Намои яке аз маҳбасҳо дар Ямало-Ненетс, Русия.
Намои яке аз маҳбасҳо дар Ямало-Ненетс, Русия.

Ҳокимшоҳ Таваров, раҳбари пешини диаспораи тоҷикон дар Округи мухтори Ямало-Ненетс ба се соли зиндон маҳкум шудааст.

Додгоҳи шаҳри Лабитнанги ҳукми Ҳокимшоҳ Таваровро, ки барои "тақаллуб" дар имтиҳонҳои муҳоҷирон муҷрим шинохта шудааст, ислоҳ кард. Дар ин бора чанд расонаҳои рус хабар додаанд.

Дар саҳифаи расмии ин додгоҳ омадааст, ки он моҳи июли соли равон ба Таваров ҳукми шартӣ дода буд, вале шикояти додситонӣ боиси дубора баррасӣ шудани парванда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, Таваров ба ҳайси раиси Ҷунбиши ҷамъиятии умумирусиягии "Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик" ва раҳбари ғайрирасмии диаспораи тоҷикон дар ҳавзаи мухтори Ямало-Ненетс гӯё номзадҳоро барои имтиҳонсупории муҳоҷирон интихоб мекардааст.

Ӯ гӯё аз муҳоҷирон барои имтиҳони қалбакӣ барои дарёфти иҷозаи кор 8 ҳазору 500 рубл ва барои гирифтани иқомат 10 ҳазор рубл меситонидааст.

Гузашта аз ин, имтиҳонҳо ба таври сохта гузаронида мешуданд: ёрдамчии ӯ Марина Гернер сабтҳои видеоиро қалбакӣ карда, бо ангуштони худ ба муҳоҷирон ҷавобҳои дурустро нишон медодааст.

Гуфта мешавад, аз моҳи январи соли 2022 то ноябри соли 2023 бо ин нақша дар ҳавзаи Мухтори Ямало-Ненетс қариб 200 шаҳрванди хориҷӣ аз имтиҳон гузаштанд. Ҳамаи ин афрод дар парванда ҳамчун шоҳид ширкат доштанд.

Додгоҳ Ҳокимшоҳ Таваровро тибқи банди "а", қисми 2-и моддаи 322.1 Кодекси ҷиноии Русия, яъне ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ гунаҳкор дониста, ӯро ба муҳлати се сол аз озодӣ дар колонияи ислоҳии низомаш умумӣ маҳкум карда, 400 ҳазор рубл ҷарима намудааст.

Шарики ӯ Марина Гернер низ ба ду соли зиндон маҳкум шуд. Ҳамчунин, ташкилкунандаи ин нақша, корманди Донишкадаи давлатии забони русии ба номи Пушкин Артур Яҳёев ба 4 соли зиндон маҳкум шудааст.

Назари Ҳокимшоҳ Таваров ва наздикони ӯ ба ин ҳукм маълум нест. Ва низ маълум нест, ду нафаре, ки мақомоти рус дар ин парванда онҳоро шарики ӯ медонанд, ба ин иттиҳом ва ҳукми додгоҳ чӣ назар доранд

Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи будҷаи соли 2026-ро баррасӣ кард

Рӯзи 31-уми октябр маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон доир шуд ва ба гуфтаи дафтари матбуоти президент, дар он тарҳи будҷаи кишвар барои соли 2026 баррасӣ шуд.

Тибқи тарҳи ҳукумат, ҳаҷми даромади будҷаи соли оянда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои воридот 65 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки назар ба будҷаи соли ҷорӣ 15,5 миллиард сомонӣ ё 31,2 дарсад зиёд аст ва ба 33,3 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2026 баробар мебошад.

Дар будҷаи нав барои соҳаҳои иҷтимоӣ 29,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 44 дарсади ҳаҷми умумии хароҷоти будҷа ё 15,1 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Маорифу тандурустӣ аз ҷумлаи соҳаҳои иҷтимоӣ ба шумор мераванд ва мақомот ҷудо кардани хароҷоти зиёд ба ин соҳаҳоро "нишона аз таваҷҷуҳи баланди ҳукумат ба рушди сармояи инсонӣ" гуфтаанд.

Пешбинии 29,5 миллиард сомонӣ будҷа ба бахшҳои иҷтимоӣ дар ҳоле аст, ки аз моҳи сенябри соли ҷорӣ маоши кормандони боғчаҳои бачагона, омӯзгорон, кормандони соҳаи илм, тандурустӣ ва ниҳодҳои қудратӣ ва низ нафақаҳо аз 10 то 30 дарсад боло рафт.

Дар миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон маошу нафақаи аз ҳама камро мегиранд. Кам будани маоши кормандони будҷавӣ яке аз сабабҳои ба миён омадани фасод гуфта мешавад.

Баррасии тарҳи будҷаи соли 2026 аз сӯи ҳукумат дар ҳолест, ки дар ҳоли ҳозир қарзи давлатии Тоҷикистон 3,6 миллиард доллар ё 21,4 дарсади ММД-ро ташкил медиҳад, ки 3,1 миллиарди он (18,7% ММД) қарзи хориҷӣ аст.

Дар Сангвор як падарро барои носкашии писараш ҷарима карданд

Додгоҳи ноҳияи Сангвор як сокини ин ноҳияро бо гуноҳи “тарбияи нодуруст” ва носкашии писараш бештар аз 1000 сомонӣ ҷарима бастааст.

Дар баёнияи расмии додгоҳ, ки ҳафтаи гузашта нашр шуд, омадааст, ки сокини ноҳияи А.С.Ш бар хилофи қонун «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» нисбат ба таълиму тарбияи фарзанди 17-солааш беэътиноӣ зоҳир кардааст ва “ӯ аз ин бемасъулиятӣ истифода бурда, ба истеъмоли маҳсулоти тамоку(нос) машғул шуда, онро бо худаш гирифта гаштааст.”

Додгоҳ нагуфтааст, ки ин ҳодиса кай рух додааст,. Бар асоси ин қонун падару модар дар Тоҷикистон уҳдадоранд, ки монеи тамокукашии фарзандони ноболиғашон шаванд ва нагузоранд, ки кӯдак ба муассисаи таълимӣ ҳаргуна маҳсулоти тамоку барад. Барои ҳамин додгоҳи Сангвор сокини ин ноҳияро бар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазо дода ва ба ӯ амр додааст, ки ба фоидаи давлат 1125 сомонӣ ҷарима пардозад.

«Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар Тоҷикистон соли 2011 қабул шуд ва баҳси зиёдеро барангехт ва як нуктаи баҳсбарангези он иҷоза надодани ноболиғон ба рафтан ба масҷид буд. Қонуни мазкурро то кунун борҳо ислоҳ кардаанд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG