Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Воронежи Русия анбори азими аслиҳа оташ гирифтааст


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Таркиш дар як анбори аслиҳа дар вилояти Воронеж мақомоти Русияро маҷбур кард, 600 нафарро аз маҳалҳои атроф ба ҷойҳои амн бикӯчонанд.

Александр Гусев, раиси вилоят дар Телеграм навишт, ки сабаби оташ гирифтани анбор дар ноҳияи Осторогоз порчаҳои паҳпод ва ё дроне будааст, ки субҳи 7-уми сентябр нобуд кардаанд. Ба қавли ӯ, сокинони чанд маҳаллаи атрофро ба ҷойи амн кӯчонидаанд ва ҳеч касе осеб надидааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое аз маҳалли ҳодиса нашр кардаанд, ки оташи азиме дар он дидаву садоҳои таркиш шунида мешавад. Вазорати дифои Русия гузориш дод, дар вилоятҳои Белгород ва Курск паҳподҳои Украинаро маҳв кардааст, вале ҳеч ишорае ба ҳамлаҳои паҳпод ба вилояти Воронеж накардааст.

Александр Гусев охири моҳи август гуфта буд, ки 600 сокини Острогозро баъди таркишҳо дар анборҳои дигар ва сӯхторе, ки ду рӯз идома кард, ба манотиқи амн кӯч доданд.

Дар Украина нерӯҳои ҳавоии кишвар рӯзи 7-уми сентябр гуфтанд, ки системаи дифоии мушакӣ дар саросари кишвар ба кор андохта шуд, то аз ҳамлаҳои сахти шабонаи Русия пешгирӣ кунанд. Ба қавли артиши Украина, онҳо 67 паҳподи дурпарвозро зада нобуд кардаанд.

XS
SM
MD
LG