Дар чанд ҷумла
Ба нахуствазири собиқи Гурҷистон дарафтода, биниашро шикастаанд
Дар Гурҷистон ба нахуствазири собиқи ин кишвар дарафтода, биниашро шикастаанд. Бино ба гузориши расонаҳои Гурҷистон, ҳамла ба Георгий Гахария, шоми 15-уми январ дар даҳлези меҳмонхонаи «Шератон» дар шаҳри Батуми сурат гирифтааст.
Дар хабарҳо омадааст, ки чанд нафар ба ӯ дарафтода сахт латукӯб кардаанд ва дар натиҷа бинии сиёсатмадор шикаста, сараш осеб дидааст. Ӯро ба бемористон бурдаанд.
Яке аз расонаҳои гурҷӣ бо номи "Мтис амбеби" навиштааст, ки хабарнигоронаш шоҳиди ҳодиса буданд ва дидаанд, ки ба Георгий Гахария, вакили порлумон аз ҳизби ҳоким Дмитрий Самхарадзе, муовини вазири иқтисоди Адҷария Георгий Манвелидзе ва сиёсатмадорони дигар будаанд.
Телевизиони тарафдори ҳукумат «Имеди» бо нашри видео гуфтааст, ки сабаби ҷангу ҷанҷол худи нахуствазири собиқ шуд, дигар хабарнигорон мегӯянд, ки ҳамин гурӯҳи сиёсатмадорон баръакс ба Георгий Гахария пеш аз муноқиша дар меҳмонхона низ ҳамла кардаанд. Ҳизби мухолифи давлат бо номи «Барои Гурҷистон», ки бунёдгузор ва раисаш Георгий Гахария аст, ҳамларо дорои ангезаҳои сиёсӣ хонд.
Ӯ аз соли 2019 то соли 2021 нахуствазири Гурҷистон буд, вале баъдан ҳукуматро тарк кард ва ҳизби «Барои Гурҷистон»-ро таъсис дод.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Саммити СҲШ дар Бишкек бо ҳузури сарони 17 кишвар доир мешавад
Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва ҳамоиши "СҲШ-+", сарони 17 кишвар ва раҳбарони шуморе аз созмонҳои байналмилаӣ иштирок мекунанд. Ин нишаст рӯзи 1 сентябр дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон баргузор мешавад.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Қирғизистон хабар дод, ки дар ин ҳамоиш Александ Лукашенко, раисҷумҳури Белорус, Нарендра Моди, нахуствазири Ҳинд, Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон, Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон, Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин, Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон, Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон, Никола Пашинян, нахуствазири Арманистон, Ухнаагийн Хурэлсух, раисҷумҳури Муғулистон, Фор Эссозимна Гнассингбе, раиси Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Того, Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия, Тхонглун Сисулит, президенти Ҷумҳурии мардумӣ-демократии Лаос, Во Тхи Ан Суан, муовини раисҷумҳури Ҷумҳурии сотсиалистии Ветнам ва Ҳусейн Исо, муовини нахуствазири Ҷумҳурии арабии Миср, иштирок хоҳанд кард.
Ба иттилои манбаъ, Антонио Гутерриш, дабири кулли СММ, Нурлан Ермекбаев, дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Уралбек Шаршеев, мудири Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай, Сергей Лебедев, дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Таалатбек Масадиқов, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ҳам дар ин ҳамоиш хузур хоҳанд ёфт.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Қирғизистон, сарони кишварҳо дар бораи масоили муҳими байналмилалӣ ва минтақаӣ, самтҳои авлавиятдор барои рушди ин созмон, дурнамои ҳамкориҳо дар арсаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, нақлу ҳамл ва боркашонӣ, рақамӣ, муҳити зист ва фарҳангиву башардӯстона гуфтугӯ хоҳанд кард.
Дар поёни ин нишаст, Эъломияи Бишкек ба муносибати 25-солагии Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ва ҳамчунин санадҳо ва қарорҳое бо ҳадафи тақвияти ҳарчӣ бештари ҳамкориҳои чандҷониба, имзо хоҳанд шуд.
Дар ҳамоиши васеъи "Созмони ҳамкориҳои Шанхай +", доир ба тақвияти нақши меҳварии Созмони Милали Муттаҳид, ва ҳамчунин густариши ҳамкориҳо табодули афкор сурат мегирад.
Мулоқоти сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҳамасола як бор доир мешавад.
Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки Чин ва Русия онро ҷойгузине барои НАТО муаррифӣ мекунанд, акнун ба яке аз муҳимтарин бистарҳои ҳамкории кишварҳои ғайри ғарбӣ табдил шудааст.
Созмони Ҳамкориҳои Шанхай як созмони минтақавӣ аст, ки дар соли 2001 таъсис шуд. Русия, Чин, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Покистон, Эрон, Узбекистон ва Белорус аъзои аслии ин созмон ҳастанд.
Афғонистон ва Муғулистон дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай мақоми нозирро доранд.
Мирзиёев: Сиёсати Узбекистон дар Афғонистон "созанда" аст
Раисҷумҳури Узбекиистон гуфтааст, ки кишвараш ба сиёсати "созанда ва қотеъ" дар баробари Афғонистон идома хоҳад дод.
Шавкат Мирзиёев рӯзи 29 август дар суханронӣ ба муносибати 35-умин солгарди истиқоли кишвараш гуфт, ки сиёсати хориҷи Узбекистон бар ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамкориҳои стратегӣ ва робитаҳои баробар устувор аст.
Аммо ӯ дар бораи сиёсати ояндаи ин кишвар дар баробари Толибон ҷузъиёти бештар ироа накард.
Узбекистон аз соли 2021 бо бозгашти Толибон ба қудрат, робитаҳои худро бо Толибон ҳифз кардааст.
Ҳарчанд Тошканд ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтааст, аммо талош дорад Афғонистонро дар тарҳҳои минтақаӣ ва тиҷорӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ шомил кунад.
Тибқи омори ҳукумати Узбекистон, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ, мизони тиҷорат миёни Афғонистон ва Узбекистон ба ҳудуди як миллиард доллар расидааст.
Узбекистон аз густариши тиҷорат ва транзит миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ аз масири Афғонистон ҳимоят мекунад.
Шумори нопадидшудаҳои сели Непал ва Чин ба 3 ҳазор расид
Мақомҳои Непал ва Чин эълон карданд, шумори нопадидшудаҳои сели вайронгари минтақаи Ҳимолой ба наздик ба се ҳазор нафар расида, то кунун ҷасадҳои 633 қурбонӣ пайдо шудааст.
Ин сел, ки рӯзи 26 август дар пайи кандани як яхпора оғоз шуд, ҳаҷми бузурге аз об, ях, санг ва гилу лойро ба сӯи деҳаҳо, пулҳо ва нерӯгоҳҳои барқӣ-обии минтақаҳои марзии Непал ва Тибет равона кард.
Дар Непал 626 нафар кушта ва 2426 нафар, аз ҷумла, садҳои шаҳрванди хориҷӣ нопадид шудаанд. Мақомҳои Чин низ аз ҳалокати ҳафт нафар ва нопадид шудани беш аз 550 тан дар Тибет хабар додаанд.
Бисёре аз нопадидшудаҳо, зоирони ҳиндӣ дар масири як кӯҳи барои пайравони ин дин муқаддас ва кормандони нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ ҳастанд. Артиши Непал ҳамчунин дар талош аст беш аз 100 нафар гирифтор дар тунели як нерӯгоҳро наҷот диҳад.
Амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот рӯзи 29 август бинобар борандагӣ ва тумани ғафс дар бахшҳое аз Непал, мутаваққиф шуд. Ҳукумати Непал хостори кӯмаки фаннии хориҷӣ барои наҷоти афроди гирифтор дар тунелҳо, шиносоии қурбониён, озмоишҳои генетикӣ ва бозсозии роҳҳо ва шабакаҳои иртибототӣ шудааст.
Вазорати молияи ин кишвар ҳаҷми хисороти бозсозии минтақаҳои вайроншударо чаҳор то панҷ миллиард доллар бароварда кард.
Салиби Сурх эълон кардааст, ки мумин аст ҳудуди 93 ҳазор нафар аз ин фоҷеа осеб дида бошанд ва бо идомаи амалиёти ҷустуҷӯ, эҳтимоли афзоиши шумори қурбониён вуҷуд дорад.
СММ эълон кардааст, ки нерӯ ва таҷҳизот барои кӯмак ба минтақаҳои осебдида мефиристад.
Амрико низ гуфтааст, як мушовири вокуниш ба ҳодисаҳои табиӣ ба минтақа мефиристад ва 500 ҳазор доллар кӯмак ҷудо мекунад.
Ҳинд эълон кард, амалиёти имдодро бо ҳукумати Непал ҳамоҳанг мекунад ва Кореяи Ҷанубӣ низ аз фиристодани як тими зудамал хабар додааст.
Бозори наздимарзии "Рузвай" миёни Дарвоз ва Нусай боз шуд
Бозори наздимарзии "Рузвай" миёни ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ва Нусайи Афғонистон, ки бинобар нооромиҳо дар он сӯи марз ду ҳафта боз баста буд, дигарбора боз шудааст.
Манбаъҳои маҳаллӣ дар Дарвози Тоҷикистон ва Нусайи Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бозор дар ду рӯзи охир ба таври маъмулӣ фаъолият мекунад ва сокинони ҳар ду ҷониб ашёи мавриди ниёзи худро аз он харидорӣ мекунанд.
Ин бозори наздимарзӣ дар деҳаи Рузвайи Дарвози Тоҷикистон ҷойгир аст ва сокинони ду тарафи марз ҳақ доранд, ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе ҷамъ омада, хариду фурӯш кунанд.
Ноҳияи Нусай дар вилояти Бадахшони Афғонистон рӯзҳои 11-17-уми август шоҳиди даргирӣ миёни нерӯҳои ҳукумати "Толибон" ва Ҷумъахон Фотеҳ, фармондеҳи норозии ин гурӯҳ, буд. Дар он рӯзҳо Ҷасмина, сокини 21-солаи ноҳияи Дарвози Тоҷикистон, бар асари тирандозӣ аз ҷониби Афғонистон ба ҳалокат расид.
Дар пасманзари ин ҳодиса бозор барои ду ҳафта баста буд. Манобеи Радиои Озодӣ ин тасмимро ба вазъи амниятӣ вобаста дониста буданд.
Шумори қурбониёни ҳамла дар Украина ба 37 нафар расид
Мақомот дар Украина гуфтанд, ки шумори қурбониёни ҳамлаҳои ахири бесарнишинҳои Русия ба анборе дар ноҳияи Бучанскии вилояти Киев, ки шоми 28 август рух дод, то 37 нафар афзоиш ёфт. Дар ин бора рӯзи 29 август дар маъмурияти вилояти Киев хабар доданд.
Поккории маҳалли таркишҳо идома дорад ва эҳтимол меравад, ки шумори қурбониҳо боз ҳам афзоиш ёбад. Беш аз 40 нафар маҷрӯҳ шудааст. 370 нафар аз маҳалли ҳамлаҳо ба ҷои дигар интиқол додан шуданд. Аз хисороте дар як бинои истиқоматӣ ҳам хабарҳо мерасад.
Дар ин анбор муҳимоти низомӣ нигаҳдорӣ мешуд. Президенти Украина Владимир Зеленский гуфт, ки низомиёни рус ба анбори нирӯҳои мудофиавӣ зарба заданд ва ба гуфтаи ӯ, ин ҷои дурусте барои ташкили анбор набуд. Баъди ҳамла минаву паҳпод ва дигар силоҳҳо, ки дар дохил нигаҳдорӣ мешуданд, ба таркидан шурӯъ карданд.
Ӯ ин ҳодисаро бо як ҷиноят баробар кард. Мақомоти Украина гуфтаанд, ки анбори силоҳ набояд наздик ба маҳалли зисти одамон сохта шавад.
Нахуствазири Украина Сергей Коретский ин ҳодисаро "хунукназарии ҷинояткорона" қаламдод кард. Вазорати дифои Русия гуфт, ки анбор ба ширкати Fire Point марбут аст, ки аз ҷумла бо истеҳсоли мушакҳои "Фламинго" машғул буда дар ҳамла зидди Русия истифода мешаванд.
Тасдиқи мустақилонаи ин иддао вуҷуд надорад. Дар паи сӯхтори азими рухдода баъди ин ҳамлаҳо шоҳроҳи пайвандкунандаи Киев ва ғарби Украина як муддат баста шуд ва рӯзона қисман боз гардид.
Анҷоми боздиди коршиноси СММ аз Тоҷикистон
Боздиди коршиноси мустақили Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ оид ба таъсири қарзи беруна ва ҳуқуқи инсон Аттия Варис аз Тоҷикистон бар анҷом расид. Рӯзи 28 август дар вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ширкати ӯ ва муовини вазири умури хориҷӣ Идибек Қаландар дар ҳузури намояндагони вазорату идораҳои давлатии Тоҷикистон нишасти хабарӣ барпо шуд.
Дар хабарномаи ВКХ омадааст, ки А. Варис мушоҳидаҳои пешакии худро аз натиҷаи сафар ва мулоқотҳои расмӣ бо мақомоти давлатии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд. Ҷузъиёте аз он беш нашр намешавад, вале дар иттилоияи Дафтари СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ гуфта шуд, ки дар мулоқоташ бо Идибеки Қаландар рӯзи 18 август, коршиноси мустақили СММ масоили вобаста ба рушди босубот, маблағгузории бомасъулият ва зарурати ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти рушди ҳуқуқи инсон ва беҳбуди некӯаҳволиро баррасӣ кардааст.
“Дар ҷараёни мулоқот коршиноси мустақил аз Тоҷикистон хостааст, ки дар муҳокимаҳои байналмилалии вобаста ба тақсими одилонаи даромадҳо аз истифода баҳрҳои боз ва андозбандиҳои байналмилалӣ фаъолона иштирок кунад”, омадааст дар хабарнома.
Дар ҷараёни боздидаш аз Тоҷикистон Аттия Варис бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот карда ба ВМКБ ҳам сафар кардааст.
Ҷузъиёти бештаре дар бораи диду боздидҳову сӯҳбатҳои коршиноси СММ дар Тоҷикистон то ҳол нашр нашудааст.
Дар Русия як ганҷи нуқраии қадимиро ёфтаанд
Дар шаҳри Коломнаи вилояти Маскав дар ҷараёни ковишҳои бостоншиносӣ ганҷи қадимиву бисёр арзишманде пайдо шудааст. Гурӯҳи донишмандони Пажӯҳишгоҳи археологияи Академияи илмҳои Русия, ки бо ковишҳо дар маркази шаҳри Коломна машғул будааст, дар наздикиҳои қалъа як кӯзаро пайдо кардааст, ки дар дохилаш 2600 тангаи нуқраии қадимии сохти маҳаллӣ ҷой дошт. Дар ин бора рӯзи 26 август худи донишмандон бо нашри як видео хабар доданд.
Донишмандон мегӯянд, ки аксари ин тангаҳо дар асри 15 дар худи Коломна сохта шудааст. Коломна дар он давра баъди Маскав дуюмин муҳимтарин шаҳри таҳти назари шоҳзода Василий Донской будааст. Донишмандон мегӯянд, ки дар миёни бозёфтҳои онҳо ҳам намунаҳое аз тангаҳои шинос ва ҳам бисёр нодир ё беназир дида мешаванд.
Худи ганҷи ёфтшуда азимтарин намунае аз бозёфтҳои асри 15 дониста мешавад. Тахмини донишмандон ин аст, ки тангаи зиёде дар як кӯза метавонад моли кадом соҳибкор ё сокини маҳаллии сарватманде бошад, ки дар хидмати шоҳзода қарор доштааст.
Ҷасади хоҳарони дар Иморот кушташударо ба Қазоқистон интиқол доданд
Консулгарии Қазоқистон дар шаҳри Дубай ҷасади ду хоҳари ба таври мармуз кушташуда дар Шарҷаро ба ватан интиқол додааст. Тафтиши ҳодисаи куштори хоҳарон Ақҷан ва Жулдиз Боҳановҳо аз тарафи мақомоти тафтишотии Имороти Муттаҳидаи Араб идома дорад ва дипломатҳои Қазоқистон бо додситонии маҳаллӣ дар ҳамкорӣ қарор доранд.
Дар ин бора рӯзи 29 август Жонболат Усенов, сухангӯи ВКХ Қазоқистон дар Телеграм-каналаш хабар додааст.
Хабари пайдо шудани ҷасади ду шаҳрванди Қазоқистон, хоҳарони 20 ва 22-сола дар шаҳри Шарҷа чанд рӯз пеш аз тарафи ВКХ нашр шуд. Хонаводаи Ақҷан ва Жулдиз Боҳановҳо гуфтаанд, ки хоҳарон бо мақсади кор дар як ороишгоҳ ба Шарҷа рафта буданд ва бояд моҳи сентябр бармегаштанд.
Як ҳафта пеш аз фоҷеа тамоси онҳо бо хонавода пурра қатъ шуд. Ҷасади хоҳаронро дар як хонаи иҷора пайдо карданд. Як хеши ин хоҳарон ба нашрияи Tengrinews.kz гуфтааст:
“Мо онҳоро дар ҳама ҷо ҷустуҷӯ кардем, ҳатто фикр кардем, ки шояд дар идораи полиси муҳоҷират бошанд. Вале дирӯз ба мо гуфтанд, ки ду ҷасадро ошкор карданд ва онҳо хоҳарони мо ҳастанд. Онҳоро куштаанд ва як нафарро ҳам бо гумони содир кардани ин куштор аллакай боздошт кардаанд. Ӯ ҳам аз Қазоқистон аст”. Вале маълум нест, то куҷо ин ҳама маълумот дуруст аст ва чӣ сабаб буд, ки ин куштор рӯй додааст.
Беш аз 600 қурбонии офатҳои Непал; номаи андӯҳи Эмомалӣ Раҳмон ба президенти ин кишвар
Шумори қурбониёни обхезии мудҳиш дар Непал ва Тибет 623 нафарро ташкил дода, боз наздики се ҳазор кас беномунишон дониста мешаванд. Дар ин бора рӯзи 29 август DW бо истинод ба мақомоти Непал ва Чин хабар дод.
То рӯзи шанбе дар Непал ҷасади 616 ва дар Тибет 7 нафарро пайдо ва шиносоӣ карданд. Федератсияи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар гуфт, дар фоҷеаи рӯзи чоршанбе 93 ҳазор кас зарар дид.
Рӯзи 29 август президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар номаи тасаллияте ба унвонии раиси ҷумҳурии Непал Рам Чандра Паудел аз талафоти сершумори ҷонӣ, осеб дидани теъдоди зиёди мардум ва харобиҳо изҳори андӯҳ кардааст.
Рӯзи 26 август баъди он ки як пора яхи азим ҳамроҳ бо лою санг ба як дарёи кӯҳӣ афтод, оби зиёде соҳилро рахна карда, деҳоти маҳалли зисти атрофи онро пахш ва босуръат ба дигар минтақаҳо ҳаракат карда ба сели харобиоваре табдил шуд.
Зарбаи сангинтарини офати табиӣ ба қитъаи роҳи Катманду-Лҳаса расидааст, ки як роҳи бисёр маъруфи туристӣ ба ҳисоб меравад. Дар миёни нопадидшудаҳо садҳо ҷаҳонгардони хориҷӣ ҳам мебошанд.
Раҳмон ва Путин дар Бишкек бо ҳам мулоқот мекунанд
Рӯзи 1 сентябр дар шаҳри Бишкек мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси ҷумҳурии Русия Владимир Путин баргузор мешавад. Ин мулоқот баъди анҷоми ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) барпо хоҳад шуд, ки қарор аст рӯзи 31 август дар пойтахти Қирғизистон ҷараён гирад.
Дар бораи мулоқоти ду президент ёвари Путин – Юрий Ушаков хабар дод. Ӯ гуфт, баъди он ки ҷаласаи СҲШ ва ҳама чорабиниҳои дигар ба анҷом мерасанд, Путин дар чанд мулоқоти дуҷониба иштирок хоҳад кард ва якеаш бо раҳбари Тоҷикистон аст.
Ушаков нагуфт, ки дар ин дидор чӣ масъалаҳо баррасӣ мешаванд. Бори охир Путин ва Раҳмон нӯҳ моҳ пеш, рӯзи 22 декабри соли 2025 дар шаҳри Санкт-Петербург дар ҳошияи нишасти ғайрирасмии сарони Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд (СНГ) дидор карда буданд ва дар кори он Путин ваъда дод, омилони куштори навраси тоҷик Қобилҷон Алиев ҷазо хоҳанд гирифт.
Маълум нест ҷараёни тафтишот чӣ гуна пеш меравад, вале куштори ин кӯдак як намунаи бераҳмии махсус нисбат ба як кӯдаки муҳоҷирон дониста мешавад.
Мулоқоти Путин ва Раҳмон дар ҳоле барпо мешавад, ки дар Русия аз аввали моҳи сентябр қоидаҳои хеле сахту маҳдудкунандаи қабули муҳоҷирони корӣ ҷорӣ мешавад ва изҳороти муҳоҷирситезонаи сиёсатмадорону намояндагони давлати ин кишвар бештару баландтар садо медиҳанд.
Баъди ҳамла ба толори консертии “Крокус” дар вилояти Маскав баҳори соли 2024, дар Русия фишор болои муҳоҷирони тоҷик ҳарчи бештар шуда, Думаи давлатӣ даҳҳо қонуни маҳдудкунандаи фаъолияти коргарони хориҷиро қабул кард.
Эълони нави даъват ба артиш дар Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, аз мақомот хостааст, ки ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш даъват кунанд. Фармон дар ин бора рӯзи 28-уми август имзо шуд.
Даъват аз аввали моҳи октябр то охири ноябри имсол бо ҳузури маъмурони милиса ва амниятӣ идома хоҳад кард. Дар ин муддат сарбозонеро, ки муҳлати хидматашон ба поён расидааст, ба хонаҳояшон ҷавоб медиҳанд.
Тибқи фармони нав, Вазорати тандурустӣ вазифадор шудааст, ки "барои муоинаи даъватшавандагон табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар намояд".
Тайи солҳои охир ба сафи артиш фиристодани ҷавонони бемор, ки гоҳо бо марги онҳо низ анҷомидааст, дар Тоҷикистон сабт шудааст.
Аз ҷумла, моҳи феврали имсол наздикони Эмомҷон Шаханов, як сокини ноҳияи Муъминобод шикоят карданд, ки ӯро, ки гирифтори бемории рӯҳӣ аст, бо зӯр ба артиш бурданд.
Даъват ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол бо сарусадо дар бораи сарпечии ҷавонон аз хидмат ва ё сарбозшикор (облава) мегузарад.
Як сабаби аслии сарпечии ҷавонон аз хидмати ҳарбии ҳатмии дусоларо дар бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон меноманд.
Мақомот баръакс мегӯянд, вазъ дар қисмҳои ҳарбӣ назар ба солҳои пеш беҳтар шудааст.
Нишони дараҷаи як. Эмомалӣ Раҳмон ба писараш ҷоиза дод
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, писараш Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллиро бо орден ё нишони дараҷаи яки Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ кардааст.
Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ рӯзи 28-уми август хабар дод, ки Рустами Эмомалӣ "барои дастовардҳои баланди меҳнатӣ ва саҳми арзанда гузоштан дар рушду нумӯи кишвар ба ин ҷоиза сарфароз гашт."
Бо орден ё нишони дараҷаи яки Исмоили Сомонӣ асосан раҳбарони кишвару ҳукуматҳо, порлумонҳои хориҷӣ ва он мақомоти давлатии Тоҷикистон қадрдонӣ мешаванд, ки барои рушди давлатдорӣ ва муносибатҳои байнидавлатӣ саҳми зиёд гузоштаанд.
Тақдими ҷоизаҳо ба кормандони давлатии Тоҷикистон рӯзи 28-уми август ба ифтихори 35-умин солгарди истиқлоли кишвар сурат гирифтааст. Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон 9-уми сентябр таҷлил мешавад.
Дар аксҳое, ки дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ нашр кард, дида мешавад, ки Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон ва ҳам ҷоиза гирифтааст.
Инчунин, Абдумаҷид Достиев, вакили бонуфузи собиқи порлумон ва Маҳмасаид Убайдуллоев, шаҳрдори собиқи Душанбе ва аз ҳамсафони пешини Эмомалӣ Раҳмон дар ин аксҳо дида мешаванд.
Хабари тақдими орден ё нишон ба Рустами Эмомалӣ то кунун дар шабакаҳои иҷтимоӣ бозтоби густурда доштааст. Гурӯҳе, бавижа ҷонибдорони ҳукумат, онро дурусту арзанда донистаанд, аммо намояндагони мухолифон дар навиштаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳам дар суҳбат бо Радиои Озодӣ онро танқид карданд.
Илҳомҷон Ёқубов, як намояндаи мухолифин, рӯзи 28-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ҳама медонанд, ки Рустами Эмомалӣ ба мардум ва миллати тоҷик ягон қаҳрамонӣ ё хидмати шоистае анҷом надодааст. Бубинед, масъалаи барқ то худи пойтахт расидааст ва ҳалли худро наёфтааст. Аммо президент бо ин амалаш мехоҳад ӯро аз чеҳраҳои асосии ояндаи давлат нишон диҳад."
Абдусаттор Бобоев, яке дигар аз фаъолони мухолифон, дар паёми видеоӣ ба Радиои Озодӣ айни назарро баён кард: "Ин як паёми ҷаноби Раҳмон ба мардум, доираҳо ва сохторҳои махсус аст, ки хоҳед ё нахоҳед Рустами Эмомалӣ дар оянда раисҷумҳури шумо хоҳад буд."
Видеоро дар инҷо бинед:
Бори аввал нест, ки раисҷумҳури Тоҷикистон пайвандонашро бо нишонҳои баланд қадрдонӣ мекунад. Дар соли 2025 ба духтараш Озода Раҳмон унвони фахрии Корманди шоиста ва аз он пеш ордени "Шараф" (дараҷаи як) дод. Ба домодаш, Шамсулло Соҳибов, низ ордени “Шараф” (дараҷаи II) додааст.
Эмомалӣ Раҳмонро, ки 34 сол боз раҳбари Тоҷикистон аст, барои тамаркузи қудрат ва таъйини аъзои оила ва хешовандонаш дар мақомҳои муҳими раҳбарӣ сахт танқид мекунанд.
Озода Раҳмон, духтари Эмомалӣ Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Баъзе аз духтарони дигар ва домодҳояш ҳам дар идораҳои давлатӣ мақомҳои гуногун ва баландро соҳиб шудаанд.
Дар Узбекистон 852 зиндониро афв кардаанд
Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон, қарори афви 852 зиндонӣ, аз ҷумла ҳафт хориҷиро имзо кардааст.
Ин тасмим дар остонаи 35-умин солгарди истиқлоли Узбекистон эълон шуд.
Ба гузориши телевизиони давлатии "Узбекистон 24", 604 нафар пурра аз ҷазо озод ва 115 кас шартан пеш аз муҳлат раҳо гаштанд.
375 нафар аз афвшудагон ҷавонон, 49 нафар зан ва 37 нафар мардони аз 60-сола боло ҳастанд.
Шавкат Мирзиеёв аз соли 2017 то кунун даҳуним ҳазор маҳкумшударо дар Узбекистон афв кардааст.
Ӯ дар моҳи марти соли 2026, дар остонаи ҷашни Наврӯз ва иди Рамазон, 392 зиндониро "бахшид".
Трамп гуфт, Путин "ба қаламрави НАТО ҳамла нахоҳад кард"
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, гуфт, ҳамтои руси ӯ, Владимир Путин, ба кишварҳои узви Паймони низомии НАТО ҳамла нахоҳад кард.
"Мо бо ӯ музокироти хуб доштем. Қасди ҳамла ба хоки НАТО-ро надорад," – афзуд Трамп рӯзи 27-уми август дар Кохи Сафед ба хабарнигорон.
Президенти Иёлоти Муттаҳида пештар дар мусоҳиба бо нашрияи "Axios" низ гуфта буд, ки "ҳеч ҳамла нахоҳад шуд" ва раиси CIA ё созмони истихборотии Амрико барои расондани ягон паёми мушаххас ба Маскав нарафтааст.
Ҷон Рэтклифф, раиси созмони истихборотии Амрико, рӯзи 25-уми август ба Русия рафт.
Баъзе аз расонаҳои ғарбӣ, аз ҷумла Politico, The Wall Street Journal ва ABC News бо такя ба манбаъҳои худ навиштанд, ки ҳадафи сафари ӯ боздоштани Русия аз шиддат бахшидани низоъ бо ҳампаймонҳои Амрико дар НАТО будааст.
Ба гуфтаи манобеи Politico, Рэтклифф инчунин ба Маскав фишор овардааст, то пуштибонии низомӣ ва иқтисодиро аз Эрон кам кунад.
Доналд Трамп дар мусоҳиба бо "Axios" гуфт, "Рэтклифф ҳар шаш моҳ ё соле як бор бо ҳамтои руси худ мулоқот мекунад. Муносибати онҳо бисёр хуб аст. Ҳеч паёме набуд, ҳамон тавре ки ҳеч чизи ғайриодӣ вуҷуд надошт."
Аз суханони Трамп бармеояд, ки мавзӯи асосии музокироти намояндагони Амрико ва Русия ҷанг дар Украина будааст.
Сафири Эронро дар Чехия барои суханҳои Шикорчӣ эҳзор кардаанд
Як рӯз пас аз изҳороти сухангӯйи Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, Вазорати корҳои хориҷии Чехия сафири Ҷумҳурии Исломиро дар ин кишвар эҳзор кардааст. Хабарро Петр Мачинка, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Чех, рӯзи 27-уми август эълон намуд.
Абулфазл Шикорчӣ, сухангӯйи Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, рӯзи 26-уми август дар мусоҳибае иддао кард, ки бахши форсии "Би-би-сӣ", "Ирон Интернешнл" ва "Радиои Фардо", бахши форсии Радиои Озодӣ ба "рӯйхати ҳадафҳои низомӣ" шомиланд. Радиои Фардо дар шаҳри Прага, маркази Ҷумҳурии Чех, қарор дорад.
"Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломӣ ба ин муассисаҳои хабарӣ ҳамчун расона нигоҳ намекунанд," – гуфт Шикорчӣ ва иддао кард, ки онҳо бо "Моссад" ва CIA, созмонҳои истихборотии Исроил ва Амрико, мустақим иртибот доранд.
Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, бо сармояи Конгрес ва зери назорати Оҷонси расонаҳои байнулмилалии Амрико (USAGM) фаъолият мекунад. Ин расона рӯзи 27-уми август дар матлабе нигошт, ки бо CIA ё Моссад ягон иртибот надорад.
"Радиои Фардо ҳамеша талош кардааст, ки барои мухотабони форсизабон хабар ва гузоришҳои дақиқу бетарафонаро пешниҳод кунад," – гуфта шудааст дар ин матлаб.
Бори аввал нест, ки мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ расонаҳои форсизабони берун аз Эрон ва кормандони онҳоро "агенти хориҷӣ, ҷосусҳо, таҳдидҳои амниятӣ" номидаанд. Аммо бесобиқа аст, ки як мансабдори Ҷумҳурии Исломӣ ин расонаҳои хабариро ҳамчун "ҳадафҳои низомӣ" эълон кунад.
Гуфтугӯ