Мухолифи ҳукуматро аз Имороти Муттаҳидаи Араб ба Қирғизистон интиқол доданд. Бино ба иттилои хабарнигори таҳқиқгар Болот Темиров, баробари расидан ба Бишкек, кормандони хадамоти амният ӯро шиканҷа кардаанд.
Мақомоти Қирғизистон хабар доданд, ки Куренов аз охири ҳафтаи гузашта дар кишвар аст. Тамос бо вай аз рӯзи 10-уми апрел қатъ шудааст. Хабарнигор Болот Темиров навишт, ки ин мухолифи давлат зери ҳимояи Бунгоҳи паноҳандагони СММ буд, вале ин ҳам натавонист ӯро аз додгоҳ дар ватанаш наҷот диҳад.
Ба гуфтаи Болот Темиров, ҳукумати Қирғизистон чанд бор кӯшидааст Куреновро аз Имороти Муттаҳидаи Араб биёрад. Дар Бишкек ӯро ба ҷинояти вазнини зидди сохти конститутсионӣ, айбдор медонанд.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Куреновро гумонбар дар содир кардани ҷиноят меномад. Ин ниҳод мегӯяд: "Тилекмат Худойберген улу, дар хориҷи кишвар, ҳамроҳи ҳамдастонаш тавассути саҳфаҳои сершумори худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, пайваста маводи дорои хусусияти иғвоангезӣ ва наворҳо бо даъват ба бетартибиҳои оммавӣ нашр карда, талоши ғасби ҳукумати Қирғизистонро мекарданд".
Болот Темиров мегӯяд, баробари расидан ба Бишкек, Куренов шиканҷа шудааст. Вай дар рӯйи Куренов доғеро мушоҳида кардааст. Дертар Темиров ба нақл аз манбаи худ гуфт, кормандони мақомоти қудратӣ ҳатто аз василаҳои барқӣ истифода кардаанд.
Вале вакили Куренов дар додгоҳ ин масъаларо матраҳ накард. Ойбек Турдуев, вакили Куренов гуфт, "ману зерҳимояам ба як хулосаи ҳуқуқӣ омадем. Дар ин масъала ягон шикоят надорем. Ин суол ҳал шуд".
Ҳомии ҳуқуқ, Толекан Исмоилова мегӯяд, парвандаи Тилекмат бисёр нигаронкунанда аст. Ба гуфтаи Исмоилова, бояд рӯшан шавад, ки мақомот чӣ тавр фаъоли мухолифро аз Иморот ба кишвар оварданд ва чаро ӯ ба кишваре дода шудааст, ки он ҷо барояш хатар таҳдид мекунад.
Толекан Исмаилова афзуд, "оё вай хабар дода буд, ки дар хатар аст? Яъне ин ҳамаро мо бояд рӯшан кунем, ки чӣ кор карда мешавад. Вале ин, ки ӯро бо зӯрӣ оварда, ошкоро шиканҷа кардаанд, далел аст, ки қонун нисбати Кудайберген бераҳмона поймол шудааст".
Чанд рӯз пеш аз истирдоди Куренов, дар Бишкек ҳомии ҳуқуқ, Рита Карасартоваро боздошт карданд. Ӯ пас аз нашри як номаи Куренов дар "Фейсбук" дастгир шуд. Ба гуфтаи Карасартова, мухолифи ҳукумат хостааст, ки агар ба ӯ ҳодисае рух диҳад, ин нома нашр шавад.
Хонаводаи Тилекмет Куренов дар Амрикост. То омадан ба Дубай, вай ҳам он ҷо буд. Ба сафари Иморот, ба гуфтаи ин фаъоли мухолифин, ӯро вакили порлумон Эмил Ҷамгирчиев ташвиқ кард. Ҳамсари Куренов дар сӯҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, аз нопадид шудани шавҳараш ба пулиси Дубай шикоят бурд, вале посух нагирифт.
Гуфтугӯ