Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" дар мусобиқоти лигаи олӣ пешсаф шуд


Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе. Акс аз бойгонӣ.
Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе. Акс аз бойгонӣ.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки дар даври ҳафтуми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни тимҳои лигаи олӣ пирӯз шуд, дар ҷадвали мусобиқот ба зинаи аввал баромад.

“Истиқлол” зери раҳбарии сармураббӣ Игор Черевченко дар даври 7-уми мусобиқот рӯзи 3-юми май дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бар тими «Ҳулбук»-и Восеъ бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.

Панҷ бозии дигари даври 7-уми мусобиқот бо чунин натиҷаҳо ба поён расид: “Вахш” (Бохтар) – “Барқчӣ” (Ҳисор) - 2:2, “Эсхата” (Хуҷанд) – «Ҳосилот» (Фархор) – 2:1, “Истаравшан” (Истаравшан) - «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) - 2:1, “Равшан” (Кӯлоб) - КМВА (Клуби марказии варзишии артиши Душанбе) - 0:0, «Хуҷанд» (Хуҷанд) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0.

Дар даври сипаришуда “Истаравшан” аввалин пирӯзӣ ба даст овард.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқот “Истиқлол” бо 20 имтиёз пешсаф аст. “Вахш” бо 18 имтиёз ба зинаи дуюм фуромад. Дарвоқеъ, “Истиқлол” ва “Вахш” то ҳоло ба мағлубият дучор нашудаанд. “Хуҷанд” ва “Равшан” бо 13-имтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои сеюму чаҳорумро касб кардаанд.

“Панҷшер” ягона дастаест, ки дар мавсими имсола шаҳди ғалабаро начашидааст ва бо 2 имтиёз дар зинаи охирини ҷадвали мусобиқот қарор дорад.

Бозиҳои даври ҳаштуми мусобиқоти лигаи олӣ рӯзҳои 9-11-уми май баргузор мешаванд. Рӯзи ҷумъа «Ҳосилот» бо «Хуҷанд», «Панҷшер» бо «Эсхата», рӯзи шанбе «Барқчӣ» бо «Равшан», КМВА бо «Истаравшан», рӯзи якшанбе «Ҳулбук» бо «Регар-ТадАЗ» ва «Истиқлол» бо “Вахш” рақобат мекунанд.

Дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ, ки бори 34-ум сурат гирифтааст, 12 даста иштирок дорад. Мусобиқот дар ду давра барпо мегардад ва ҳар як даста 22 бозӣ анҷом медиҳад.

Дастае, ки имсол дар лигаи олӣ ҷойи охиринро ишғол мекунад, ба лигаи якум мегузарад ва дастае, ки ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи якуми Тоҷикистон дар соли 2025 бозиҳои гузаришӣ доир менамояд.

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2025

Лигаи олӣ

Даври 7-ум

«Вахш» - «Барқчӣ» – 2:2

Голҳо: Нуриддин Ҳамроқулов, 13 (1:0). Суннатулло Исмоилов, 42 (2:0). Саидисроил Саидов, 44 (2:1). Фредрик Асанте, 72 (2:2).

2-юми май. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор». 3000 тамошобин

«Эсхата» - «Ҳосилот» – 2:1

Голҳо: Сандей Лонгҷи Сонг, 32 (0:1). Зойирҷон Турсунов, 37 (1:1). Дилшодҷон Каримов, 90+2 (2:1).

2-юми май. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак». 2500 тамошобин.

«Истиқлол» - «Ҳулбук» – 2:0

Голҳо: Ромиш Ҷалилов, 52 (1:0). Масрур Ғафуров, 90+4 (2:0).

3-юми май. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 500 тамошобин.

«Истаравшан» - «Панҷшер» – 2:1

Голҳо: Давлатбек Сайидаминов, 7 (0:1). Илҳомҷон Баротов, 25 – аз пеналти (1:1). Илҳомҷон Баротов, 27 (2:1).

3-юми май. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 10 000 тамошобин.

«Равшан» - КМВА – 0:0

4-уми май. Кӯлоб. Варзишгоҳи «Кӯлоб-Арена». 13 000 тамошобин.

«Хуҷанд» - «Регар-ТадАЗ» – 1:0

Гол: Давронҷон Эргашев, 85.

4-уми май. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак». 3220 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

1«Истиқлол» (Душанбе)862013-420
2«Вахш» (Бохтар)853016-918
3«Хуҷанд» (Хуҷанд)84139-1013
4«Равшан» (Кӯлоб)834110-513
5КМВА (Душанбе)833211-812
6«Эсхата» (Хуҷанд)833214-1212
7«Барқчӣ» (Ҳисор)824211-910
8«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)82248-108
9«Ҳулбук» (Восеъ)82247-118
10«Истаравшан» (Истаравшан)813410-146
11«Ҳосилот» (Фархор)81348-136
12«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)80263-152

Нишонзанҳо: Нуриддин Ҳамроқулов («Вахш»), Шериддин Бобоев («Равшан») –5-тӯбӣ, Дмитрий Билоног, Суннатулло Исмоилов (ҳарду аз «Вахш»), Азизбек Далиев («Барқчӣ»), Илҳомҷон Баротов («Истаравшан») – 4-тӯбӣ.

Даври 8-ум

9-уми май (ҷумъа)

«Ҳосилот» – «Хуҷанд»

«Панҷшер» – «Эсхата»

10-уми май (шанбе)

«Барқчӣ» – «Равшан»

КМВА – «Истаравшан»

11-уми май (якшанбе)

«Ҳулбук» – «Регар-ТадАЗ»

«Истиқлол» – «Вахш»

XS
SM
MD
LG