Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки 9 паҳлавони тоҷик дар "Qazaqstan Barysy Grand Slam 2025"


Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалии сайри ҷаҳонии ҷудо “Qazaqstan Barysy Grand Slam 2025”, ки рӯзҳои 9-11-уми май дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона - доир  мегардад, ширкат меварзанд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), барои иштирок дар “Qazaqstan Barysy Grand Slam 2025” то ҳоло 397 варзишгар (222 мард ва 175 зан) аз 47 кишвар номнавис шудаанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 9 варзишгар дохиланд, ки дар рақобатҳо байни мардон дар панҷ вазн ҳунарнамоӣ мекунанд: Абдулло Қуқаншоеви 20-сола (-60 кг), Икром Шамсови 18-сола (-60 кг), Беҳрӯзи Хоҷазодаи 30-сола (-73 кг), Масъуди Аҳмадзоди 22-сола (-73 кг), Суннатулло Мусоеви 21-сола (-81 кг), Муҳаммад Юсуфзодаи 21-сола (-81 кг), Мизробшо Лоиқови 22-сола (-90 кг), Сомонӣ Кишварови 20-сола (-100 кг) ва Муҳсин Малаеви 21-сола (-100 кг).

Дар байни гуштигирони ҷавони тоҷик, ки ба Остона мераванд, танҳо паҳлавони шинохта Беҳрӯзи Хоҷазода таҷрибаи бузурги иштирок дар чунин мусобиқоти сатҳи байнулмилалиро дорад.

Дарвоқеъ, паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудо "Dushanbe Grand Slam 2025”, ки рӯзҳои 2-4-юми май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе доир шуд, 11 медал (4 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг), Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов бо медалҳои тилло; Меҳрзод Суфиев (-60 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) бо медалҳои нуқра; Ёсин Бобокалонов (-66 кг), Абубакр Шеров (-73 кг) ва Кароматулло Ҳакимов (-100 кг); инчунин Мадина Қурбонзода (-52 кг) дар сабқати занон бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Аммо дар “Qazaqstan Barysy Grand Slam 2025” касе аз онҳо иштирок намекунад.

Пас аз пирӯзӣ дар "Dushanbe Grand Slam 2025” ду паҳлавони маъруфи тоҷик - Сомон Маҳмадбеков ва Темур Раҳимов – дар радабандии ҷаҳонии ҷудо дар вазни худ пешсаф шуданд. Сомон бо 5755 имтиёз дар вазни то 81 кило ва Темур бо 5875 имтиёз дар вазни +100 кило мақоми аввалро касб кардаанд.

Барномаи “Qazaqstan Barysy Grand Slam 2025”:

9-уми май (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг байни мардон.

10-уми май (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг байни мардон.

11-уми май (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз мегарданд.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ ба ҷуз аз медалу ҷоизаҳои молӣ, инчунин соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо мегарданд. Барои ҷойи аввал 1000 имтиёз, ҷойи дуюм - 700, ҷойи сеюм - 500, ҷойи панҷум – 360 ва ҷойи ҳафтум – 260 имтиёз дода мешавад.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудо “Qazaqstan Barysy Grand Slam 2024” ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон панҷ гуштигир дохил буданд, ки дар сабқати мардон дар чаҳор вазн рақобат карданд: Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг), Комроншоҳ Устопириён (-90 кг), Шодмон Ризоев (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг).

Аз байни онҳо танҳо Темур Раҳимов тавонист медал бигирад. Вай дар даври ниҳоӣ аз Татсуру Саитои ҷопонӣ шикаст хӯрда, нишони нуқра ба даст овард. Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Тоҷикистон бо касби як медали нуқра дар байни 84 даста дар зинаи 16-ум қарор гирифт.

Мунтахаби Ҷопон бо касби 2 медали тилло ва 4 нишони биринҷӣ ғолиб шуд. Мунтахаби Италия бо касби 1 медали тилло, 1 нуқра ва ду биринҷӣ ҷойи дуюм, мунтахаби Чин бо касби 1 медали тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ зинаи сеюмро ишғол карданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG