Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони тими олимпии Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2026 муайян шуданд


Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бар асоси қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи «К» бо тимҳои Сурия, Филиппин ва Непал бозӣ мекунад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи “К” аз 3-юм то 9-уми сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) тақвими бозиҳои мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои мунтахаби то 23-соларо эълон кард.

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар даври интихобии гурӯҳи «К» бо тимҳои Непал (3-юми сентябр), Филиппин (6-уми сентябр) ва Сурия (9-уми сентябр) бозӣ мекунад.

Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

Ғолибони 11 гурӯҳи интихобӣ ва ҳамчунин чаҳор тими беҳтарини ҷойҳои дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 7-ум то 25-уми январ дар Арабистони Саудӣ доир мегардад, роҳ меёбанд.

Мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2026 (U-23)

Гурӯҳи «К»

Даври 1-ум

3-юми сентябр (чоршанбе)

Тоҷикистон - Непал

Сурия - Филиппин

Даври 2-юм

6-уми сентябр (шанбе)

Филиппин - Тоҷикистон

Непал - Сурия

Даври 3-юм

9-уми сентябр (сешанбе)

Тоҷикистон - Сурия

Филиппин - Непал

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG