Ӯ бо ишора ба тамринҳои низомии такрор ба такрори Чин дар атрофи Тайван гуфт, "артиши Чин барои сенарияи воқеӣ тамрин мекунад" ва ҳадафаш тағйири тавозуни қудрат дар минтақаи Ҳинд-Уқёнуси Ором аз роҳи ҳамлаи эҳтимолӣ ба Тайван аст.
Минтақаи Ҳинд-Ором ба обҳои Уқёнуси Ҳинд, Ғарб ва маркази Уқёнуси Ором, баҳрҳои муртабит миёни ин ду уқёнус ва хушкиҳои воқеъ дар ин обҳо гуфта мешавад.
Пит Ҳегсет таъкид кард, ки Амрико дар минтақа мемонад ва иҷоза нахоҳад дод, ки Чин бар муттаҳидони ин кишвар нуфуз кунад.
Ӯ гуфт, "минтақаи Ҳинд-Ором, авлавияти стратегии мост" ва ҳамзамон аз кишварҳои осиёӣ хост, то бо афзоиши буҷаи дифоии худ, дар баробари Чин нақши фаъолтаре иҷро кунанд.
Ин суханон дар ҳоле баён шуд, ки Пекин бо бунёди ҷазираҳои маснуӣ ва таъсиси пойгоҳҳои низомӣ дар Баҳри ҷанубии Чин, иддаои зиёде бар ин оброҳа дорад. Иддаоҳое, ки бо эътирози Филиппин ва кишварҳои дигар рӯбарӯ шудааст.
Чин имсол бар хилофи солҳои гузашта, вазири дифои худро ба ин нишаст нафиристод ва ҳайате аз "Донишгоҳи дифои миллии артиши халқ"-ро ба ҷойи ӯ равон кард.
Ҳузур надоштани мақоми баландпояи низомии Чин, ки ба танишҳои ахири тиҷорӣ ва сиёсӣ бо ҳукумати Доналд Трамп нисбат дода шуд, фурсате барои Амрико шуд, то ибтикори амалро дар ин нишаст дар даст бигирад.
Пит Ҳегсет ҳамчунин аз нуфузи рӯ ба афзоиши Чин дар минтақаи Амрикои Лотинӣ, ба вижа талошҳояш барои назорати канали Панама, ибрози нигаронӣ кард ва гуфт, такя ё вобастагии иқтисодии беш аз ҳадди кишварҳо ба Чин, метавонда дар даврони бӯҳрон, тасмимгириҳои амниятии онҳоро ба хатар андозад.
Дар ҳошияи нишаст, Кайя Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфт, ки амнияти Аврупо ва Осиё ба шиддат ба ҳам пайвастаанд, зеро Чин ва Кореяи Шимолӣ ҳар ду аз Русия дар ҷанги Украина ҳимоят мекунанд.
Суханони ҳушдоромези Пентагон дар шароите баён мешавад, ки Вашингтон дар моҳҳои ахир бахше аз тавони дифоии худро ба Ховари Миёни интиқол додааст.
Пит Ҳегсет гуфт, ки ин ҷобаҷоиҳо барои муқобила бо таҳдидҳои дигар, монанди ҳамлаҳои ҳусиҳо ё ҳифозат аз марзи ҷанубии Амрико, зарурӣ будааст.
Гуфтугӯ