Дар ин интихобот Рафал Тшасковский, 52-сола, шаҳрдори Варшава тарафдори Иттиҳоди Аврупо ва муттаҳиди давлати миёнарави ин кишвар, дар муқобили Карол Навроский, 42-сола, таърихшиноси миллигаро, қарор гирифтааст.
Бино бар охирин назарсанҷиҳо, рақобат байни ин ду бисёр наздик аст ва натиҷа қобили пешбинӣ нест.
Дар ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо ва НАТО, ки бо Украина ҳаммарз аст ва пуштибони аслии ҳамсояи худ дар ҷанг алайҳи Русия будааст, раъйгирӣ то соати 9-и шаб идома хоҳад дошт. Ниҳоди баргузоркунандаи интихобот пешбинӣ кардааст, ки натиҷаи ниҳоӣ рӯзи душанбе эълон хоҳад шуд.
Баранда шудани Тшасковский як пирӯзии бузург барои ҳукумат ба раҳбарии Доналд Туск, нахуствазир ва раиси пешини Шӯрои Аврупо, хоҳад буд.
Агар ин пирӯзӣ сурат бигирад, маънои он осон шудани тағйироти иҷтимоии муҳиме, чун сабт ва ба расмият шинохта шудани издивоҷҳои ҳамҷинсгаро ва осонгирӣ дар сақти ҷанин хоҳад буд, ки дар Лаҳистон тақрибан ба таври мутлақ манъ аст.
Лаҳистон як иқтисоди рӯ ба рушд дар Иттиҳоди Аврупо аст ва 37 миллион аҳолӣ дорад. Президент дар ин кишвар салоҳияти вето кардани қонунҳоро дошта, фармондеҳии кулли нерӯҳои мусаллаҳро дар ихтиёр дорад.
Пирӯзии Карол Навроский боис хоҳад шуд, ки ҷойгоҳи Ҳизби қонун ва адолат (PiS), ки байни солҳои 2015 то 2023 бар Лаҳистон ҳукумат мекард, тақвият ёфта, эҳтимоли баргузории интихоботи пеш аз муҳлати порлумониро бештар кунад.
Бисёре аз тарафдорони Карол Навроский хостори маҳдудиятҳои сахтгиронатаре барои муҳоҷират ҳастанд ва аз мавзеи муҳофизакорона ва истиқлоли бештари кишвар аз Иттиҳоди Аврупо, ҳимоят мекунанд.
Дар гармогарми музокироти Украина ва Русия, ки Киев ба дунболи ҳимояти дипломатии бештари байналмилалӣ аст, интихоботи Лаҳистон аз наздик дунбол мешавад.
Карол Навроский, ки тарафдори Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико аст, бо узвияти Украина дар НАТО мухолифат мекунад ва хостори маҳдудияти кӯмакҳо ба ҳудуди як миллион паноҳандаи украинӣ дар Лаҳистон шудааст.
Ӯ дар соатҳои поёнии муборизаҳои интихоботӣ, дар бинои Ёдбуди лаҳистониҳо, ки давоми Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ ба дасти миллигароёни украинӣ кушта шуданд, ҳозир шуд ва гулчанбар гузошт.
Номзади ростгароҳо дар интихоботи президентӣ дар ин маросим изҳор дошт, "ин як наслкушӣ алайҳи мардуми Лаҳистон буд".
Хабаргузории "Франс-пресс" дар гузорише мегӯяд, натиҷаи ниҳоии интихобот ба ин вобаста аст, ки оё Рафал Тшасковский метавонад тарафдории заруриро аз худ кунад ва оё раъдиҳандагони рости ифротӣ ба Карол Навроский раъй хоҳанд дод ё не.
Дар даври аввали интихоботи президентии Лаҳистон, Карол Навроский 30 дарсад ва Рафал Тшасковский 31 дарсади орои интихобкунандагонро ба даст оварда буданд.
Гуфтугӯ