Мақомоти Амрико мегӯянд, ки як шаҳрванди Русия ва зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми иртибот бо Ал-Қоида дастгир кардаанд. Идораи муҳоҷирати Амрико рӯзи 3-уми июн бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, марди 39-солаи тоҷикро дар ҳамкорӣ бо маъмурони амниятии FBI ва ё Бюрои таҳқиқоти федеролии Амрико субҳи 23-уми май дар шаҳри Филаделфияи аёлати Пенсилвания дастгир кардаанд.
Ному насаби мард нашр намешавад ва дар аксҳои лаҳзаи боздошт ҳам рӯи ӯро тира кардаанд, то шинохта нашавад. Дар баёния омадааст, ки ин фард дар хориҷ аз Амрико ва дар Тоҷикистон мавриди пайгарди қонунӣ будааст.
Брайан Макшейн, раиси дафтари Идораи муҳоҷирати Амрико дар Филаделфия гуфтааст: “Дар ҳамкории наздик бо шарикони мо дар Бюрои таҳқиқоти федеролии Амрико мо тадбирҳои муссир андешидем, то мардуми мо амнтар бошанд ва аз хатари эҳтимолӣ ба мардуми Амрико пешгирӣ шавад.”
Ҷавони боздоштшударо як дафъа моҳи марти соли 2023 ҳам барои надоштани раводиди муҳоҷират дастгир карда ва сипас бо шарти дигарбора ҳозир шудан ба додгоҳ ҷавоб додаанд. Дар баёния омадааст, ки мақомоти Тоҷикистон ин фардро аввали ҳамин моҳ дар ҷустуҷӯ эълон карда гуфтанд, ки ӯ ба ташкили гурӯҳи ҷиноӣ муттаҳам мешавад.
Ӯ ҳамчунин ба узвият дар созмони Ал-Қоида гумонбар дониста шудааст. Айни замон ин зодаи Тоҷикистон дар боздошт будааст ва то замони ихроҷ дар аз Амрико онҷо мемонад.
Назари марди боздоштшуда ба иттиҳомҳои зидди ӯ маълум нест. Инчунин гуфта намешавад, ки дар сурати ихроҷ ӯро ба Тоҷикистон истирдод мекунанд ё Русия.
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бино бар маълумоти гуногун аз 10 то 16 ҳазор зодагони Тоҷикистон зиндагӣ ва асосан дар соҳаҳои тиҷорат, нақлиёт ва хадамот фаъоланд. Дар шаҳрҳои Ню-Йорк ва Филаделфия ҷамъияти тоҷикону тоҷикистониҳо бештар назар ба дигар минтақаҳои ИМА гуфта мешавад.
Июни соли 2024 хабари дастгир шудани ҳашт зодаи Тоҷикистон дар ИМА, ки дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” гумонбар эълон шуданд, ба яке аз доғтарин хабарҳои расонаҳои Амрико дар мавзӯи хатари ҳамлаи террористӣ ва беназоратии сарҳади ИМА бо Мексика табдил шуд. Маълум нест гуноҳи онҳо то куҷо исботи худро пайдо кард ва сарнавишти баъдии онҳо чӣ шуд.
Баъди сари кор омадани президент Доналд Трамп, ки мубориза бо муҳоҷирони ғайриқонуниро ба хотири пешгирӣ аз ҷинояткорӣ дар ИМА муҳим медонад, ҳодисаҳои ошкор ва аз хоки Амрико ихроҷ кардани муҳоҷирон аз Тоҷикистон ҳам нашр шуд. Хадамоти муҳоҷират ва гумруки Амрико моҳи феврал гуфт, номи 149 шаҳрванди Тоҷикистон ҳам ба рӯйхати онҳое ворид шудааст, ки бояд аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ихроҷ ё депорт шаванд.