Ситоди кулли артиши Эрон гуфтааст, ин ҳамлаҳо дар посух ба зарбаҳои Амрико ба се ниҳоди ҳастаии Эрон анҷом шуданд. Хабаргузории Axios ба нақл аз мақомҳои Исроил хабар додааст, ки Эрон ба самти пойгоҳи Амрико дар Қатар 6 мушак партоб кардааст.
Хабаргузориҳо аз садои инфиҷор дар осмони Доҳа, пойтахти Қатар гузориш доданд. Хабаргузории Фаронса ба нақл аз хабарнигори худ навишт, ки садои чанд инфиҷор дар саросари Доҳа, аз ҷумла марказ ва шимоли ин шаҳр шунида шудааст. Вазорати дифои Қатар эълон кард, ки системаи дифои ҳавоии кишвар мушакҳоеро, ки пойгоҳи Ал Удейдро ҳадаф гирифта буданд, радёбӣ ва маҳв кардааст.
Дар баёнияи ҳукумати Қатар омадааст: «Шукри Худо ва ба шарофати ҳушёрии нерӯҳои мусаллаҳ ва чораҳои эҳтиётӣ, дар натиҷаи ҳодиса касе кушта ва ё маҷрӯҳ нашудааст.» Вазорати дифои Қатар гуфтааст, ки қаламрави кишвар ҳоло ором аст ва нерӯҳои мусаллаҳ ҳамеша омодаи посух ба ҳар гуна хатар ҳастанд.»
Хабаргузории “Ройтерс” шомгоҳи душанбе хабар дод, ки системаҳои дифои ҳавоӣ дар пойгоҳи “Айнул-асад” дар Ироқ ба далели бим аз ҳамлаи Эрон фаъол шудааст. Неруҳои Амрико дар Ироқ дар ҳамин пойгоҳ ҷойгир шудаанд. Шӯрои Амнияти Миллии Эрон эълом кард, ки пойгоҳҳои Амрико, ки ба онҳо ҳамла кардааст, “аз иншоотҳои умумӣ ва минтақаҳои аҳолинишини Қатар дур ҷойгир шудаанд.”
Қатар ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯзи 23-юми июн ҳарими ҳавоии худро бастанд. Сафорати ИМА дар шаҳри Доҳаи Қатар аз шаҳрвандони ин кишвар хост то огоҳии баъдӣ дар паноҳгоҳҳо монанд. Ба гузориши CNN, кормандони Сафорати Амрико дар Баҳрайн ба паноҳгоҳ фиристода шудаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Қатар эълом кард, ки пойгоҳи ҳавоии “Ал-Удайд”, ки мавриди ҳамлаи мушакии Эрон қарор гирифт, пеш аз ин холӣ шуда буд. Ҳафтаи гузашта гузоришҳо дар бораи интиқоли таҷҳизот ва неруҳои мустақар дар ин пойгоҳ мунташир шуда буд.
Як мақоми аршади амрикоӣ эълон кард, ки Кохи Сафед ва вазорати дифои Амрико аз ин гузоришҳо огоҳ шудаанд ва аз наздик дар ҳоли баррасии таҳдид алайҳи пойгоҳи “Ал Удайд дар Қатар ҳастанд.
Шабакаи телевизионии CNBC ба нақл аз як мақоми расмии давлати Доналд Трамп хабар дод, ки раиси ҷумҳури Иёлоти Мутттаҳида ҳамроҳ бо вазири дифоъ ва дигар мақомдорони артиш дар утоқи буҳрони Кохи Сафед аст.
Эрон ҳамла ба пойгоҳҳои Амрикоро қасосе барои зарбаҳои неруҳои ИМА ба таъсисоти ҳастаии худ медонад. Ҳавопаймоҳои Амрико шаби 21 июн ба 3 иншооти ҳастаии Эрон -- Форду, Натанз ва Исфаҳон ҳамла карданд. Трамп ин ҳамлаҳоро "бисёр муваффақиятомез" номид.
Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон ҳамлаи Амрикоро "такондиҳанда ва нанговар" хонд, ки "пайомадҳои мондагор хоҳад дошт."