Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ шикояти Алишер Махсудовро баррасӣ кард, вале ҳукмро тағйир надод


Алишер Махсудов.
Алишер Махсудов.

Додгоҳи шаҳри Душанбе аризаи шикоятии Алишер Махсудов, як ҷавони 22-соларо, ки бо ваъдаи бахшида шудани гуноҳаш аз хориҷа ба кишвар омад, вале ба зиндон маҳкум гардид, баррасӣ кард, вале онро бетағйир гузошт.

Додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт Алишер Махсудовро рӯзи 29 апрели имсол ба иттиҳоми "тундгароӣ" ва "зархаридӣ" ба 14 сол зиндон маҳкум карда буд.

Саидмирзо Ризоев, бародари Алишери Махсудов, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебарад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки баррасии шикоят панҷшанбеи ҳамин ҳафта дар Додгоҳи шаҳри Душанбе бе ҳузури наздикон сурат гирифт.

"Алишерро аз боздоштгоҳ ба мурофиа наоварданд. Модару бародарам дар назди бинои додгоҳ мунтазири оғози мурофиа буданд. Вакили дифоъ омада ва гуфтааст, ки мурофиа имрӯз сурат намегирад ва ваъда додааст, ки ҳоло маълум хоҳад кард, ки кадом рӯз баргузор мешавад. Сипас ӯ ба дохили бинои додгоҳ меравад, вале пас аз чанд муддат баргашта ва мегӯяд, ки мурофиа сурат гирифт ва ҳукми додгоҳ бетағйир гузошта шуд",-афзуд Саидмирзо Ризоев.

Ӯ бо норизоятӣ аз ин бархӯрди мақомоти додгоҳӣ гуфт, ки додхоҳиро идома хоҳанд дод ва ба Додгоҳи олӣ шикоят хоҳанд бурд.

Ба гуфтаи Саидмирзо Ризоев, бародараш дар ҳоли ҳозир дар Боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешавад ва наздиконаш ба ӯ либосу ғизо мебаранд.

Талошҳои Радиои Озодӣ барои гирифтани назари додгоҳ ва мақомоти тафтишотӣ дар мавриди парвандаи Алишер Махсудов дар беш аз ду моҳи охир бенатиҷа буд.

Наздиконаш мегӯянд, ки Алишер як муҳоҷири собиқ аст, ки дар бозори "Садовод"-и Маскав кор мекард ва аз ҳамин ҳисоб ба хонаводааш кӯмак мерасонд.

Ба гуфтаи Саидаҳмади Бобоҷон, яке аз наздикони Алишер Махсудов, муфаттишони амният ӯро гӯё барои узвият дар созмони мамнӯи "Салафия" ва ширкат дар ҷанги Сурия гумонбар донистанд. Дар дар ҳоле, ки ба бовари онҳо, Алишер ҳеч гоҳ ба онҷо нарафтааст ва солеро, ки мақомот чун дар Сурия будани вай ишора карданд, дар Тоҷикистон зистааст.

Саидаҳмади Бобоҷон афзуд, Алишер дар оғоз ба Русия ва аз он ҷо соли 2021 ба Лаҳистон ва баъдан ба Олмон рафт. Вақте дархости паноҳандагиаш пазируфта нашуд, ба Тоҷикистон баргашт, ва сипас ба Русия ва баъдан ба Узбекистон сафар кард.

Вай мегӯяд, замоне, ки Алишер дар Русия буд, мақомоти интизомии Тоҷикистон чанд нафар аз ҳамхонаҳояшро бо ҷурми "салафият" боздошт намуда, ба Тоҷикистон истирдод карданд ва онҳо дар баёноти худ номи ӯро зикр намуданд.

Мақомот бо такя ба ин маълумот ба вай, ки ба Узбекистон рафта буд, пешинҳод кардаанд, ки баргардаду бегуноҳияшро собит кунад ва бар асоси он бахшида хоҳад шуд. "Ӯ бовар карда ба Тоҷикистон баргашт, вале ба 14 соли зиндон маҳкум шуд"-, гуфт Саидаҳмади Бобоҷон.

Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта ҳам чандин нафарро, ки бо ваъдаи афв аз хориҷ ба кишвар баргашта буданд, пушти панҷараҳои зиндон фиристода буданд.

Ҳукумати Тоҷикистонро солҳои охир барои маҳдуд кардани озодии сухан, озодиҳои мазҳабӣ ва таъқибу фишор ба дигарандешону фаъолони сиёсӣ танқид мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG