Оё аз ин баъд қимати билетҳо арзонтар ва рақобат зиёд мешавад? Ба гуфтаи мутахассисон, бе ислоҳот дар фурудгоҳҳо, қоидаҳои шаффоф барои ширкатҳои нав ва маводи сӯхт бо қимати дастрас фазои Тоҷикистон фақат рӯи коғаз “боз” мемонад.
Мақомоти Тоҷикистон ҳамин тобистон расман эълон карданд, ки сиёсати “фазои боз”-ро пеш мегиранд, ки дар кишварҳои дигар ба поин омадани харҷи сафар ба инҷову онҷо ва омадани ширкатҳои нави ҳавопаймоӣ мусоидат кардааст.
Бар асоси қоидаҳои “фазои боз” акнун ширкатҳои хориҷии ҳавопаймоӣ метавонанд, мустақилона ба шарҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлобу Бохтар ва мутобиқ ба ҷадвали худ хатсайр интихоб ва парвоз кунанд.
Баъди боз шудани фазои Тоҷикистон пештар аз ҳама ширкати туркии "Туркиш Эйрлайнз" вокуниш нишон дод ва гуфт, ки аз моҳи август, теъдоди парвозҳо аз Истанбул ба Душанберо зиёдтар мекунад.
Ба қавли мақомот, сиёсати нав, ба рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад ва арзиши билетҳоро поён меорад, ки пештар аз ҳама барои садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ муҳим аст.
“Фазои боз” чӣ маънӣ дорад?
Дар Тоҷикистон айни замон бузургтарин ширкати ҳавопаймоӣ ширкати хусусии «Сомон Эйр» аст, ки ҳавопаймоҳояш ба бештар аз 25 шаҳр ва аксаран ба шаҳрҳои Русия парвоз мекунанд. Мусофирон ҳамчунин барои парвоз ба Тошканду Бишкек ва Алмаато ва ба шаҳрҳои Доҳа, Ҷидда, Дубай ва Теҳрон дар Ховари Миёна ва Ҳинду Чин аз хидмати «Сомон Эйр» ҳам истифода мебаранд.
«Сомон Эйр» ҳашт ҳавопаймои Boeing 737-800 ва 737-900ER дорад ва қарор аст, аз соли оянда ду ҳавопаймоҳои Boeing 737 MAX бигирад, ки иҷоза медиҳад, «Сомон Эйр» ба хатсайрҳои дур ҳам боз кунад. Молики ин ширкат Ҳасан Асадуллоҳзода, додарарӯси президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дониста мешавад.
Дуввумин ширкати бузурги ҳавопаймоии Тоҷикистон, «Тоҷик Эйр» ширкати давлатиест, ки парвозҳои зиёде анҷом намедиҳад ва агар бидиҳад ҳам аксарияташон дар дохили кишвар аст. Ин ширкат бо буҳрони амиқе рӯбарӯст ва ҳузураш ба ном буда, ҳамаи масирҳои худро ба "Сомон Эйр" додааст.
Ҳузури ширкатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон зиёд нест. Дар кишвар асосан ширкатҳои русӣ ба мисли Ural Airlines, S7, Utair, Nordwind, Yamal намояндагӣ доранд. Air Astana аз Қазоқистон, Uzbekistan Airways аз Узбекистон, Turkish Airlines аз Туркия, Flydubai аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Jazeera Airways аз Кувайт, Вориш Эйрланз аз Эрон, Azerbaijan Airlines аз Озарбойҷон ва China Southern аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳам ҳастанд.
Сиёсати “фазои боз” ба ин маънист, ки бозор барои ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоӣ боз аст, ҳукумат маҳдудияте дар парвози онҳо ба қаламрави кишвар ва теъдоди парвозҳои байналмилалӣ намегузорад. Дар ин сурат, фазо барои ширкатҳои дохиливу хориҷӣ ба таври яксон боз аст ва биноан рақобат бояд сахттар ва билетҳо арзонтар шавад.
Қабл аз Тоҷикистон, кишварҳои дигари минтақа Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон сиёсати “фазои боз”-ро пеш гирифтанд, ки ба омадани ширкатҳои арзонқимат, афзоиши хатсайрҳо ва пойин омадани қиматҳо мусоидат кард.
Мутахассиси соҳаи ҳавонавардӣ аз Қирғизистон, ки муқими Аврупо аст, бо шарти зикр накардани номаш гуфт, “фазои боз” ба маънии боз кардани дарвозаи кишвар ба рӯи тамоми ширкатҳои ҳавопаймоӣ аст.
Ӯ афзуд: “Ҳар ширкати ҳавопаймоии ҷаҳон метавонад биёяд. Мо таъсири онро соли 2019 дар Қирғизистон дидем. Дар шаҳрҳои Бишкек, Ӯш ва Тамчӣ, хатсайрҳои нав пайдо шуданд, парвозҳо ба Чин ва кишварҳои араб, Куриёи Ҷанубӣ ва Хорватия зиёд шуд.”
Ин коршинос ҳамчунин хатсайри Истанбул-Улан-Баторро мисол овард, ки Бишкек барои он фурудгоҳи транзитӣ буд ва ҳам барои парвози Сеул-Бишкек-Загреб.
«Фазои боз» фақат барои мусофирбарӣ нест, балки ширкатҳои боркашӣ ҳам метавонанд, аз хадамоти фурудгоҳҳои Тоҷикистон истифода баранд, бор биёранд ё аз ин ҷо ба дигар ҷой баранд.
Андрей Литвинов, халабон бо собиқаи 40-солаи корӣ дар замони шӯравии собиқ ва Русия ба ин назар аст, ки пайвастани Тоҷикистон ба сиёсати “фазои боз” ҳаракати мантиқӣ аст, ба шарте кишвар бихоҳад, равуои мусофиронро зиёд ва арсаи ҳавонавардиро дастрас ва пешрафта кунад.
Ба қавли ӯ, сиёсати мазкур ба нафъи муштариён аст ва ширкатҳои дохилиро маҷбур мекунад, ки сифати корашонро беҳтар намоянд, дар акси ҳол аз муштарӣ ва даромад маҳрум мешаванд.
Андрей Литвинов гуфт: “Аз ин роҳ кишварҳое мераванд, ки арсаи ҳавонавардии шаҳрвандӣ дар онҳо чандон пешрафта нест. Ҳар вақт, ки фазо боз шуд, ширкатҳои хориҷӣ ба кишвар меоянд. Онҳо аксаран ҳавопаймоҳои нав доранд ва сатҳи хидматрасониашон болотар аст. Мусофирбарони дохилӣ маҷбур мешаванд, ба онҳо наздик шаванд, ҳавопаймоҳои нав бигиранд, ғизои беҳтар бидиҳанд ва аз кормандонашон кори беҳтар талаб кунанд.”
Рақобат – роҳи поён овардани қиматҳо
Ба қавли мутахассисон, таъсири асосии сиёсати нав, сахт шудани рақобат аст. Ҳар вақт, ширкатҳои нав ба хатсайрҳои мавҷудаи ширкатҳои дохилӣ роҳ ёбанд, қиматҳо поин меравад.
Коршиноси қирғиз мегӯяд: «Мо инро дар Қазоқистон мебинем, ки соли 2019 аввал дар 11 фурудгоҳ сиёсати «фазои боз» -ро пеш гирифт ва баъдан ба дигар фурудгоҳҳо ҳам гузашт. Дар Узбекистон соли 2020 баъзе аз унсурҳои сиёсати «фазои боз»-ро қабул карданд. Дар онҷо, қимати хадамот дар фурудгоҳҳоро поин оварданд, қоидаҳо барои ширкатҳои хориҷиро бахусус дар манотиқи сайёҳӣ содда карданд. Ин сабаб шуд, ки ширкатҳои арзонқимат биёянд ва кумак кард, ки хатсайрҳои нав ба Аврупо ва Ховари Миёна боз шавад. Ширкатҳои русии «Аэрофлот», S7 ва «Уральские авиалинии» ҳамроҳ бо ширкати миллӣ ба фурудгоҳҳои Фарғона, Намангон, Самарқанд ва Бухоро парвозҳоро оғоз карданд. Аз ин ҷойҳо қаблан фақат, Ширкати ҳавопаймоии Узбекистон ба Русия парвоз мекард.»
Ба гуфтаи Андрей Литвинов, бе ҳузури ширкатҳои хориҷӣ, ширкатҳои дохилӣ бо теъдоди ками ҳавопаймоҳо қодир ба хидмат ба теъдоди афзояндаи мусофирон нестанд.
Ӯ мегӯяд: «Ҳавопаймоҳои худӣ барои бурдану овардани ҳама намерасад. Аз ин рӯ ҳукумат ду интихоб дорад, ё фазоро боз кунад, ё монеи рушд шавад.»
Коршиноси рус таҷрибаи Узбекистони ҳамсояро мисол овард, ки онҷо чанд ширкат кор мекунанд ва бо хориҷиён ҳам рақобати баробар доранд. Ин рақобат ба поин омадани қиматҳо дар хайтсайрҳои серталабгор мусоидат мекунад ва парвозҳо ҳам байни ширкатҳои хориҷиву дохилӣ баробар тақсим мешавад.
Ӯ афзуд: «Чӣ гуна инро танзим ва бо кӣ муомила мекунанд, мо албатта намедонем. Аммо билохира воқеият ин аст, ки мусофирон аз он фоида мебинанд ва интихоб доранд.»
Андрей Литвинов мегӯяд, дар инҷо шароити баробар барои тамоми бозигарон дар бозор муҳим аст. Ба гуфтаи ӯ, асоси рақобати солим ин аст, ки қимати маводи сӯхт ва ҳаққи хидматгузорӣ дар фурудгоҳҳо барои ширкатҳо новобаста аз кадом кишвар буданашон бояд баробар бошад. Дар акси ҳол ба қавли вай, «фазои боз» маъние надорад.
«Бе ислоҳот, фазо боз намешавад»
Зербунёдҳо, муқаррароти молӣ, ки ба бозори озод мутобиқат намекунанд ва аз ҷумла монополия метавонад, аз монеаҳои асосӣ барои амалӣ кардани сиёсати нав бошад.
Фирӯз Миралиев, таҳлилгари тоҷик мегӯяд: «Фурудгоҳҳои Тоҷикистон давлатиянд ва қимати хадамоти онҳо дар минтақа аз ҳама баландтар аст. Қимати маводи сӯхт, яке аз баландтаринҳо дар ҷаҳон аст. Ҳамин сабаби ҷолиб набудани кишвар барои ширкатҳои ҳавонавардии хориҷӣ, бахусус ширкатҳои арзонқиммат аст.»
Ба назари ӯ, механизми шаффофи роҳ додани ширкатҳои нав ва тақсими парвозҳо вуҷуд надорад, ки монеаҳои дигари сунъӣ ҳастанд: «Низоми комили зиддиинҳисорӣ вуҷуд надорад. Агар ягон ширкати нав ба кишвар биёяд, ба тақсими ношаффофи парвозҳо рӯ бар рӯ мешавад, чун хатсайрҳои асосиро ширкатҳои дохилӣ гирифтаанд.»
Як мусоҳиби Радиои Озодӣ дар Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон эътироф кард, ки набояд интизори тағйироти зуд дар ин соҳа шуд. Ӯ гуфт: «Гузаштан ба сиёсати фазои боз раванди душвору дароз аст. Машваратҳо, табодули ёддоштҳои дипломатӣ, баъдан раванди тағйирот дар созишномаҳои дуҷониба, имзо дар сатҳи ҳукумат ва сипас тасвиби онҳо аз ин раванд аст.»
Нархҳои баланд ва номуносиб
Айни замон қиматҳо барои мусофирон, бахусус муҳоҷирони корӣ қимати билетҳо бисёр баланд аст. Парвоз аз Душанбе ба Маскав қиматтар аз парвоз аз Тошканд ба Маскав аст, агарчӣ масофа байни пойтахти ду шаҳри ахир кутоҳтар мебошад. Қамариддин, сокини 36-солаи Восеъ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: «Ман барои билет бештар аз 300 доллар пардохтам. Баъдан фаҳмидам, ки шиносҳои ман аз тариқи Узбекистон бо қимати ду баробар арзонтар мерафтаанд.»
Таҳлилгари тоҷик Фирӯз Миралиев мегӯяд, мумкин аст, сиёсати фазои бозро нисбат ба 18 хатсайри муҳим аз ҷумла парвозҳо ба Русия дар солҳои наздик пеш нагиранд. Дар инҷо қоидаи пешина то се соли оянда бояд риоят шавад. Яъне ба гуфтаи Миралиев, «Агар ширкати тоҷикӣ ба Маскав ду парвоз анҷом медиҳад, ширкати русӣ аз ин бештар ҳақ надорад. Аз ин рӯ тағйироти воқеиро нахуст дар хатсайрҳои Туркия, кишварҳои арабӣ ва осиёӣ мебинем.”
Ба қавли ӯ, ширкатҳои нав шояд ба фурудгоҳҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар таваҷҷуҳ кунанд, ки ба онҳо асосан ширкатҳои русӣ парвоз мекунанд, вале ба ин шарт, ки қимати хадамотро поин биёранд ва шаффофият дар вуруд ба онҳо риоят шавад.
Гуфтугӯ