Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти Шодмон Юсуф, нахустин раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон

навшуда

Шодмон Юсуф, нахустин раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон.
Шодмон Юсуф, нахустин раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон.

Шодмон Юсуф, яке аз пойгузорони Ҳизби демократи Тоҷикистон ва нахустин раиси он, дар сини 76-солагӣ даргузашт. Дар ин бора вебсайти "Ойина Зеркало", хабар дод.

Шодмон Юсуф аз 30 сол ба ин тараф дар шаҳри Вена, пойтахти Австрия, кор ва зиндагӣ мекард. Сабаби даргузашти ин сиёсатмадори шинохтаи тоҷик эълон нашудааст.

Абдулхайр Тураев, роҳбари Анҷумани фарҳангии Тоҷикистон ва Австрия дар як сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, Шодмон Юсуф як соли охир аз беморие ранҷ мекашид ва дирӯз дар як шифохонаи Вена даргузашт. Қарор аст базудӣ хонаводааш тасмим бигиранд, ки "ӯро дар куҷо дафн хоҳанд кард, чун пешниҳоди ба Тоҷикистон бурдани ӯ ҳам садо медиҳад". Ба гуфтаи ӯ, Шодмон Юсуф бо ҳамсару дигар наздиконаш дар Вена зиндагӣ мекард, аммо бештар гӯшанишиниро ихтиёр карда буд.

Шодмон Юсуф хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Саратовро буда, дар донишгоҳҳои омӯзгории Кӯлобу Душанбе фаъолият намуд ва баъдан дар Академияти илмҳои Тоҷикистон ба кори илмӣ пардохт. Ӯ чанд сол раҳбарии кумитаи Ҳизби коммунист дар Академияи илмҳоро ба ӯҳда дошт.

Дар моҳи августи соли 1991 дар конфронси муассисони Ҳизби демократи Тоҷикистон, раиси ин ҳизб интихоб шуд. Ҷамъи зиёди бунёдгузорони ин ҳизб аслан зиёиён ва устодони донишгоҳҳо, аъзои фаъоли маҳфилҳои сиёсии "Растохез" ва "Рӯбарӯ", буданд.

Ҳизби Демократии Тоҷикистон дар оғози муқовиматҳои дохилӣ дар соли 1992 як ҷониби низоъ шинохта мешуд ва Шодмон Юсуф - раиси ин ҳизб масъулияти роҳбарии нирӯҳои ҷонибдори Ҳукумати муросои миллиро дар ташкилоте бо номи "Ситоди Наҷоти Ватан", бар ӯҳда дошт.

Аммо бо пирӯзии сиёсӣ ва низомии "Фронти халқӣ" дар поёни он сол, ки ҳукумати нав бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмонро ба сари қудрат овард, аксари аъзои ҲДТ ба Афғонистон ва кишварҳои дигар муҳоҷир шуданд.

Шодмон Юсуф дар соли 1994 дар ҳайати Кумитаи ҳамоҳангсозии Ҳизби демократи Тоҷикистон талош кард ҳизбро дубора сабти ном кунад ва як сол баъд раиси ҳизб интихоб гардид.

Ихтилофи назар бар сари мушорикат дар муборизаи мусаллаҳонаи зидди давлат, аъзои ҲДТ-ро ба ду гурӯҳи умда тақсим кард. Яке аз ин гурӯҳҳо бо номи "Ҷиноҳи Теҳрон" ва дигаре ҷонибдорони усули муборизаи мусаллаҳона ва муштарак бо дигар нирӯҳои мухолифи давлат бо номи "Ҷиноҳи Алмаато".

"Ҷиноҳи Алмаато"-и ҲДТ дар музокироти сулҳи Тоҷикистон ширкат намуда ва ҷонибдорони ин гурӯҳ дар ҳукумат низ ширкат дода шуданд. Ҷиноҳи теҳронии ҲДТ каме пештар аз фурсат бо ҳукумат канор омада буд, ки саҳме дар ҳукумат дарёфт накард.

Гуфта мешавад, ки ин гуна ҷараёни ҳодисаҳо Шодмон Юсуфро на танҳо ба як шахсияти зидди роҳбарони оппозитсия, балки зиддиисломӣ табдил дод.

Фаъолиятҳои сиёсии Шодмон Юсуф дар солҳои ахир чандон назаррас набуд. Гуфта мешавад, ки бо ӯ фаъолиятҳои илмӣ машғул буд. Ӯ аз сӯҳбат бо расонаҳо худдорӣ мекард.

Ҳизби демократ, ки Шодмон Юсуфн нахустин раиси он буд ва аз соли 1991 дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон ҳузур дорад, борҳо ба ҷиноҳҳо ва фраксияҳои гуногун тақсим шудааст.

Аз ҷумла баъди соли 1993, ки фаъолони ин ҳизб ба хориҷи кишвар паноҳанда шуданд, ин ҳизб ба ду қисм: ҷиноҳи Алмато ва ҷиноҳи Теҳрон ҷудо шуда, баъдан ҷиноҳи Алмато вориди Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик шуд ва дар музокироти сулҳи тоҷикон ширкат кард.

Дар соли 2006 баъди зиндонӣ кардани раиси вақти ҳизб Маҳмадрӯзӣ Искандаров, чеҳраи камошнои сиёсӣ Масъуд Собиров анҷуман баргузор намуд ва Вазорати адлия ӯро раиси ҳизб эътироф кард. Пас аз ин, коршиносон гуфтанд, мавқеи сиёсии ҳизб ҷиддан калаванда шуд. Ҳамон замон ҲДТ ба ду ҷиноҳ тақсим шуд, ки якеро Масъуд Собиров ва дигареро Раҳматулло Валиев, муовини раиси пешини ҳизб раҳбарӣ мекарданд.

Соли 2013 Вазорати адлия бар асоси санҷиши якмоҳа ва омӯзиши асноди пешниҳодии ҲДТ, Оинномаи нави ҳизбро номнавис ва расман Саидҷаъфар Усмонзодаро раиси он эътироф кард. Дар интихоботи президентии моҳи ноябри ҳамон сол Усмонзода дар баробари 4 нафари дигар рақиби Эмомалӣ Раҳмон буд.

Усмонзода барои ду давра вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон интихоб шуд ва танҳо вакили ин ҳизб дар порлумон буд.

Дар моҳи майи соли 2024 ин ҳизб Анҷуман баргузор кард ва Саидҷаъфар Усмонзодаро барканор ва Шаҳбози Аброрро раис таъйин намуд. Усмонзода ин анҷуманро "ғайриқонунӣ" хонд.

Саидҷаъфар Усмонзода дар моҳи июни соли гузашта боздошт ва феврали имсол бо иттиҳоми "табаддулотӣ давлатӣ" ва "хиёнат ба давлат", ба 27 сол зиндон маҳкум шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG