Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми Бозиҳои III кишварҳои ИДМ дар Озарбойҷон. Русия ғолиб, Тоҷикистон 7-ум шуд


8-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон маросими пӯшидашавии Бозиҳои III кишварҳои ИДМ (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил) баргузор шуд.

Дар ин маросим муовини Сарвазири Озарбойҷон, раиси Кумитаи тадорукоти Бозиҳои III кишварҳи ИДМ Самир Шарифов гуфт, ки дар Бозиҳо ба ҷуз аз варзишгарони ҳашт кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамчунин намояндагони Куба, Кувайт, Покистон, Туркия ва Умон иштирок намуда, дар 23 намуд рақобат карданд.

"Варзишгарон барои 235 маҷмӯи медалҳои инфиродӣ ва дастаҷамъӣ талош варзида, ба миллионҳо мухлисон ва дӯстдорони варзиш лаҳзаҳои фаромӯшнашавандаи шодӣ, ҳаяҷон ва сарбаландӣ бахшиданд. Мо ба ҳамаи варзишгароне, ки дар Бозиҳои III ИДМ ширкат доштанд, барои ин лаҳзаҳо ва эҳсоси ифтихоре, ки бедор кардаанд, изҳори сипос мекунем", - иброз дошт раиси кумита.

Сипас дар зери садои суруди расмии Бозиҳо парчами ИДМ поин шуд. Он барои пешниҳод ба кишвари мизбони Бозиҳои навбатӣ ба Кумитаи иҷроияи ИДМ супорида мешавад. Пас аз он суруди миллии Озарбойҷон садо дод.

Маросими пӯшидашавӣ бо баромади гурӯҳҳои ҳунарӣ ва ситораҳои санъати Озарбойҷон хотима ёфт.

Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо, ки дар 12 иншооти варзишӣ дар ҳафт шаҳри Озарбойҷон бо иштироки 13 даста баргузор шуд,намояндагони даҳ кишвар ба гирифтани медалҳои Бозиҳо мушарраф шуданд.

Дар ҳисоби медалҳо Русия бо 231 медал (130 тило, 61 нуқра ва 40 биринҷӣ) ҷойи аввалро соҳиб шуд. Озарбойҷон бо 184 медал (33 тило, 56 нуқра ва 95 биринҷӣ) ҷойи дуюм ва Беларус бо 122 медал (32 тило, 38 нуқра ва 52 биринҷӣ) ҷойи сеюмро касб карданд.

Инчунин Узбекистон бо 119 медал (25 тило, 33 нуқра ва 61 биринҷӣ) дар ҷойи чаҳорум, Қазоқистон бо 82 медал (10 тило, 24 нуқра ва 48 биринҷӣ) дар ҷойи панҷум, Қирғизистон бо 25 медал (1 тило, 15 нуқра ва 9 биринҷӣ) дар ҷойи шашум, Тоҷикистон бо 22 медал (1 тило, 5 нуқра ва 16 биринҷӣ) дар ҷойи ҳафтум ва Туркманистон бо 2 медали биринҷӣ дар ҷойи ҳаштум қарор гирифтанд.

Покистон ва Туркия бо яктоӣ медали биринҷӣ ҷойи 9-умро азони худ карданд. Аммо варзишгарони се кишвар - Куба, Кувайт ва Умон – бе медал монданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои III кишварҳои ИДМ 142 варзишгар дохил буд, ки дар 18 намуд ширкат варзида, дар 7 ришта 22 медал гирифтанд.

Дар риштаи бокс муштзанҳои навраси кишвар сазовори 1 медали тило, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ гардиданд. Ягона медали тилоро Беҳрӯз Умаров дар дар вазни то 50 кило соҳиб шуд. Аъзамҷон Ҳасанов (48 кг) ва Акбарҷон Абдуллоев (57 кг) медалҳои нуқра, Дамир Назаров (-46 кг), Умарҷон Асроров (-66 кг), Амир Нозимов (-75 кг) ва Фурӯғ Сарҳадзода (-60 кг, миёни духтарон) медалҳои биринҷӣ гирифтанд. Дарвоқеъ, Фурӯғ Сарҳадзода ягона варзишгар дар байни духтарони тоҷик аст, ки дар Бозиҳои сеюм соҳиби медал шуд.

Дар риштаи ҷудо Юсуф Замонов (-50 кг) медали нуқра, Абубакр Худоиев (-55 кг) ва Лоиқ Қутбиддинов (-60 кг) медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар қайиқронӣ Муҳаммадӣ Раҷабов соҳиби ду медал шуд. Вай дар каноэи якнафарӣ ба масофаи 500 метр медали нуқра, ба масофаи 200 метр медали биринҷӣ гирифт. Ҳамчунин, ҷуфти Ислом Носиров/Далер Носиров (К-2, 200 метр) сазовори медали биринҷӣ гардид.

Дар гуштии юнону румӣ Алишер Рӯзимадов (-71 кг) ба гирифтани медали нуқра, Муҳаммадёсин Ибодуллоев (-45 кг), Маҳдӣ Баротов (-60 кг) медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар гуштии озод Идрис Баҳромов (-71 кг), Алиризо Баҳромов (-80 кг), дар таеквондо WT Абдуҷаъфари Баҳодур (-54 кг), Нурулло Муродов (-74 кг), дар самбо Назаралӣ Холов (-64 кг), Ёсин Ҳукуматов (-71 кг) ба дарёфти медалҳои биринҷӣ мушарраф гаштанд.

Ёдовар мешавем, аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ моҳи сентябри соли 2021 дар шаҳри Қазони Тотористони Русия бо иштироки 1100 варзишгар аз 9 кишвар баргузор шуда буд.

Тоҷикистонро 51 варзишгар дар 11 риштаи варзиш намояндагӣ карда, 14 медал (7 нуқра ва 7 биринҷӣ) гирифтанд. Тоҷикистон баъди Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Беларус ва Қирғизистон мақоми ҳафтумро касб намуда, аз Арманистону Молдова пеш гузашт.

Дар Бозиҳои II кишварҳои ИДМ, ки моҳи августи соли 2023 дар Беларус доир гардид, 2200 варзишгари 9 кишвари ИДМ, инчунин намояндагони Баҳрайн, Куба, Кувайт, Венесуэла, Ветнам, Малайзия, Миср, Лубнон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Муғулистон, Покистон, Умон ва Эрон ширкат варзида, аз рӯи 20 намуди варзиш рақобат карданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо шумули 130 нафар аз рӯи 13 намуд ширкат варзида, бо касби 13 медал (1 нишони тило, 3 нуқра ва 9 биринҷӣ) дар байни 22 кишвари иштироккунандаи бозиҳо ҷойи ҳаштумро соҳиб шуда, танҳо аз Туркманистон пеш гузашт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG