Ин бозии гурӯҳи “D” шаби чоршанбеи 22-юми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳузури беш аз 6 ҳазор тамошобин доир гардид.
Дар нимаи аввали дидор ҳамлагари ироқиҳо Иброҳим Гбадамосӣ дар дақиқаи чорум ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро нимҳимоятгар Амирбек Ҷӯрабоев бо зарбаи сар дар дақиқаи 20-ум зад. Голи дуюми мизбононро ҳамлагар Пол Камолафе, легионери африқоӣ аз Нигерия, дар охири бозӣ, дар дақиқаи 84-ум, ба самар расонд.
Дар арафаи бозӣ муқобили “Ал-Завра” Игор Черевченко, сармураббии “Истиқлол”, гуфт, “бозӣ хуб ва пуршиддат мегузарад, аммо вазнин мешавад. Зеро имтиёзҳо ҳам барои мо ва ҳам барои рақибамон зарур аст. Муқобили “Ал-Завра” танҳо барои пирӯзӣ бозӣ мекунем.”
Дар бозии дигари даври сеюм дар гурӯҳи “D” 22-юми октябр тими “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ дар меҳмонӣ бар дастаи “Гоа”-и Ҳиндустон бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард.
Ҳарсе гол дар нимаи аввали бозӣ зада шуд. Бозигари мизбонон Ангело дар дақиқаи 10-ум ҳисобро кушод. Ду голи меҳмононро Ҳорун Камара дар дақиқаи 27-ум ва Брисон Фернандес дар дақиқаи 41-ум заданд.
Ёдовар мешавем, дастаи “Истиқлол” дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2025/26 дар гурӯҳи “D” дар меҳмонӣ 17-уми сентябр аз тими “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрда, дар даври дуюм 1-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бар тими “Гоа”-и Ҳиндустон бо ҳисоби 2:0 ғалаба карда буд.
Пас аз пирӯзӣ бар “Ал-Завра” барои “Истиқлол” шонси хуби аз ҷойи дуюм аз гурӯҳ баромадан пайдо шуд. Ҷойи аввалро, бешубҳа, “Ал-Наср” соҳиб мешавад, ки дар ҳамин ҳол бо 9 имтиёз пешсаф аст. “Истиқлол” бо 6 имтиёз дар ҷойи дуюм ва “Ал-Завра” бо 3 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор доранд. “Гоа” бидуни имтиёз дар зинаи охирин мебошад.
Ба назари коршиносон, барои ба мақсади худ расидан қаҳрамони Тоҷикистонро мебояд дар меҳмонӣ бозии ҷавобиро бо “Ал-Завра” ақалан мусовӣ анҷом диҳад.
Дар даври чоруми мусобиқот дар гурӯҳи “D” рӯзи чоршанбеи 5-уми ноябр «Истиқлол» дар меҳмонӣ бо «Ал-Завра» ва «Ал-Наср» дар майдони худ бо «Гоа» рақобат мекунанд.
Мусобиқот дар Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC бо ширкати 32 даста сурат гирифтааст. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб тақсим шудаанд. Ҳар як минтақа аз 16 даста иборат мебошад.
“Истиқлол” ба минтақаи Ғарб дохил аст. Дастаи ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунад, ки соли оянда дар Лигаи элита ё бартари бошгоҳҳои футболи Осиё иштирок намояд.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “D”:
Ҷ | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
1 | “Ал-Наср” | 3 | 3 | 0 | 0 | 9-1 | 9 |
2 | “Истиқлол” | 3 | 2 | 0 | 1 | 4-6 | 6 |
3 | “Ал-Завра” | 3 | 1 | 0 | 2 | 3-4 | 3 |
4 | “Гоа” | 3 | 0 | 0 | 3 | 1-6 | 0 |
Даври 4-ум
5-уми ноябр (чоршанбе)
21:00 (бо вақти Душанбе) - «Ал-Завра» (Ироқ) - «Истиқлол» (Тоҷикистон)
Бағдод. Варзишгоҳи Ал-Завра
23:15 (бо вақти Душанбе) - «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) - «Гоа» (Ҳиндустон)
Риёз. Варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауд
Гуфтугӯ