Дар маросими ифтитоҳи Бозиҳо паҳлавони маъруф Ҷаҳонгир Маҷидов дар ришати ҷудо ва волейболбоз Гурдофарид Ҳақназарова парчамбардорони ҳайати варзишии Тоҷикистон мебошанд.
Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ, ки дар Риёз таҳти сарпарастии Созмони варзишии ҳамбастагии исломӣ (ISSA) аз 7-ум то 21-уми ноябр доир мегарданд, беш аз 3000 варзишгари 57 кишвари олам аз рӯи 19 намуди варзиш рақобат мекунанд.
Бояд гуфт, Арабистони Саудӣ бори дуюм аст, ки мизбони ин чорабинии варзишии қоравӣ мешавад. Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо Тоҷикистонро 69 варзишгар дар 12 намуди варзиш, ба монанди бокс, вазнабардорӣ, варзиши сабук, гуштии озод ва юнону румӣ, камонварӣ, кураш, таеквондо WT, тенниси рӯи миз, ҷудо, инчунин навъҳои паралимпӣ намояндагӣ хоҳанд кард.
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти пешакӣ аз рӯи барномаи Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ дар Риёз иштирок карда, ноком шуданд. Чунончи, дастаи мунтахаби занонаи волейболи Тоҷикистон дар нахустин бозиаш аз тими Озарбойҷон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бошад, дар ду бозии марҳилаи гурӯҳӣ аз тими Афғонистон бо ҳисоби 5:9 ва аз мунтахаби Марокаш бо ҳисоби 1:7 мағлуб шуд.
Ҳамин тавр, мунтахаби футзали Тоҷикистон имкони аз гурӯҳ баромаданро аз даст дод. Дар бозии даври охирин дар гурӯҳи “В” шогирдони Пайрав Воҳидов 8-уми ноябр бо тими Эрон бозӣ мекунанд.
Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти инфиродии ҷудо аз рӯи барномаи Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ, ки рӯзҳои 8-9-уми ноябр дар Риёз баргузор мешавад, ширкат меварзанд.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), то ҳоло барои иштирок дар ин мусобиқот 158 варзишгар (87 мард ва 71 зан) аз 32 кишвари се қора номнавис шудаанд.
Тоҷикистонро дар мусобиқоти инфиродии ҷудо аз рӯи барномаи Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ дар Риёз 7 варзишгар (5 нафар дар рақобатҳо байни мардон ва 2 нафар миёни занон) намояндагӣ хоҳанд кард:
Мардон:
-66 кг – Эмомалӣ Нуралӣ
-73 кг – Абубакр Шеров
-90 кг – Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода
-100 кг – Ҷаҳонгир Маҷидов
+100 кг – Темур Раҳимов
Занон:
-48 кг – Аҳлия Муъминова
-52 кг – Мадина Қурбонзода
Варзишгарон дар рақобатҳои инфиродӣ барои 14 маҷмуи медалҳо (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) талош мекунанд.
Барномаи мусобиқот: 8-уми ноябр – мардон:: -60 кг, -66 кг, -73 кг; занон: -48 кг, -52 кг, -57 кг, -63 кг | |||
|
Гуштигирони тоҷик, инчунин дар мусобиқоти ҷудои дастаии омехта аз рӯи барномаи Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ, ки дар Риёз 10-уми ноябр доир мегардад, рақобат хоҳанд кард.
Ёдовар мешавам, дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки моҳи августи соли 2022-юм дар шаҳри Қунияи Туркия бо иштироки 4200 варзишгар аз 56 кишвари ҷаҳон баргузор шуд, варзишгарони тоҷик ҳашт медал (се нуқра ва панҷ биринҷӣ) ба даст оварданд.
Дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ дар ҳисоби медалҳо мизбонон мақоми аввалро касб карданд. Мунтахаби Туркия 341 медал, аз он ҷумла 145 нишони тило, гирифт. Мунтахаби Узбекистон бо касби 158 медал ҷойгоҳи дувум ва мунтахаби Эрон бо касби 133 медал ҷойгоҳи севумро соҳиб шуданд.
Дар умум варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ 14 медал (1 нишони тило, 4 нуқра ва 9 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Ягона медали тилоро Дилшод Назаров дар аввалин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки соли 2005-ум дар Арабистони Саудӣ баргузор шуда буд, дар гурзандозӣ гирифтааст.
Гуфтугӯ