Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбозони навраси тоҷик аз идомаи мубориза дар Ҷоми ҷаҳон-2025 маҳрум шуданд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Марко Раҷини, мутахассиси итолиёӣ, ки дар бозии сеюмаш дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2025 аз тими Буркина-Фасо бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд, аз ҳаққи ширкат дар даври 1/16-ниҳоии мусобиқот маҳрум гашт.

Ин бозии даври сеюм дар гурӯҳи “I” 11-уми ноябр дар пойтахти Қатар - шаҳри Давҳа – доир гардид. Дар нимаи дуюми дидор, дар дақиқаи 79-ум, Шериф Барро, капитани мунтахаби Буркина-Фасо, тӯбро аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ ба нишон расонда, ҳисобро боз кард. Голи дуюмро Эрик Кюаттара дар охири дидор (90+2) аз масофаи наздик ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон ворид намуд.

Дарвоқеъ, футболбозони навраси африқоӣ дар охири нимаи аввали бозӣ имкони хуби голзаниро истифода карда натавонистанд. Тӯби аз пеналти задаи Лукман Тапсобаро дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон Абубакр Раҳмонқулов баргардонд.

Дар бозии дигари даври сеюм дар гурӯҳи “I” 11-уми ноябр дар Давҳа мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) бар дастаи Чехия бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро бозигари амрикоиҳо Матис Алберт дар дақиқаи 78-ум ба самар расонд. Дар ин дидор дар дақиқаи 90+2 Матео Тсакирис аз тими ИМА корти сурх гирифт.

Пас аз натиҷагирии бозиҳои даври сеюм дар ҷадвали гурӯҳи “I” мунтахаби ИМА бо 9 имтиёз мақоми аввалро соҳиб шуд. Тими Буркина-Фасо бо 6 имтиёз ҷойи дуюмро гирифт. Ин ду дастаи мунтахаб мустақиман ба плей-офф баромад.

Чехия бо 3 имтиёз ҷойи сеюмро касб карда, дар қатори ҳашт дастаи натиҷаҳояш хуби ҷойҳои сеюм ба марҳилаи баъдӣ роҳ пайдо кард. Аммо тими мунтахаби Тоҷикистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум - ҷойгир шуда, аз ҳаққи ширкат дар даври плей-офф маҳрум гардид.

Натиҷаҳои ғайриқаноатбахши дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2025 боиси нигаронии ҳаводорони футболи тоҷик дар саҳифаҳои иҷтимоӣ гардидааст.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бори сеюм дар таърихи худ дар қисми ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон иштирок кард. Қаблан футболбозони навраси тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Кореяи Ҷанубӣ (соли 2007) ва Бразилия (соли 2019) ширкат варзида буданд.

Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2025 бар асоси қуръакашӣ 48 даста ба 12 гурӯҳ тақсим шуда буд. Аз ҳар як гурӯҳ ду дастаи пешсаф мустақиман ба даври баъдӣ роҳ ёфт, инчунин ҳашт дастаи ҷойҳои сеюм бо натиҷаҳои беҳтар аз гурӯҳ боло рафт.

Ҷуфтҳои даври 1/16-финалии Ҷоми ҷаҳон-2025:

Аргентина – Арабистони Саудӣ

Италия - Тунис

Бразилия - Чехия

Сенегал - Марокаш

Венесуэла - Парагвай

Швейтсария - Уганда

Ирландия - Миср

Ҷопон – Кореяи Шимолӣ

Австрия – Буркина-Фасо

ИМА - Мали

Олмон - Канада

Фаронса – Африқои Ҷанубӣ

Замбия - Колумбия

Хорватия - Узбекистон

Кореяи Ҷанубӣ - Англия

Португалия - Белгия

Қаҳрамони феълии ҷаҳон мунтахаби наврасони то 17-солаи Олмон мебошад, ки дар финали мусобиқоти соли 2023-юм дар Индонезия дастаи Фаронсаро шикаст дода буд.

Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2025 миёни наврасон

(U-17)

Гурӯҳи «I»

Даври 1-ум

5-уми ноябр (чоршанбе)

Тоҷикистон - Чехия – 1:6

Голҳо: Вит Шкркон, 12 (0:1), Вит Шкркон, 16 (0:2), Вит Шкркон, 19 (0:3), Петр Потмесил, 45-1 (0:4), Муҳаммад Назриев, 65 (1:4), Заҷак Доминик, 90 (1:5), Петр Потмесил, 90+6 (1:6).

ИМА – Буркина-Фасо – 1:0

Гол: Каван Сулливан, 79 (1:0).

Даври 2-юм

8-уми ноябр (шанбе)

Чехия – Буркина-Фасо - 1:2

Голҳо: Муҳаммад Зонго, 27 (0:1), Вит Шкркон, 30, (1:1), Лукман Тапсова, 50 (1:2)

ИМА –– Тоҷикистон - 2:1

Голҳо: Муҳаммад Назриев, 3 (0:1), Нимфаша Берчимас, 30 (1:1), Каван Сулливан, 61 – аз пеналти (2:1).

Даври 3-юм

11-уми ноябр (сешанбе)

Чехия – ИМА - 0:1

Гол: Матис Алберт, 78 (0:1)

Буркина-Фасо - Тоҷикистон – 2:0

Голҳо: Шериф Барро, 79 – аз пеналти (1:0), Эрик Кюаттара, 90+2 (2:0)

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии гурӯҳи “I”:

ҶДастаҳоБҒМБТИ
1ИМА33004-19
2Буркина-Фасо32014-26
3Чехия31027-43
4Тоҷикистон30032-100

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG