Дар як таркиши интиҳорӣ ё маргталабона дар наздикии бинои додгоҳе дар Исломобод, пойтахти Покистон, дастикам 12 нафар кушта ва 27 тани дигар захмӣ шудаанд. Манобеъ дар бемористонҳои Исломобод гуфтаанд, ки вазъи чанде аз захмиҳо вазнин аст.
Муҳсин Нақавӣ, вазири корҳои дохилии Покистон, рӯзи 11-уми ноябр гуфт, ҳодиса чанд соат пас аз он рух дод, ки як ҳамлавари интиҳории дигар се нафарро кушт ва ниманизомиён ба як мактаби ҳарбӣ дар Вазиристони Ҷанубӣ юриш бурданд.
Ҳанӯз ҳеч гурӯҳ масъулияти ҳамлаҳоро ба дӯш нагирифтааст.
Ҳамла ба додгоҳ дар Исломобод дар нимарӯзи 11 ноябр дар наздикии дарвозаи вурудии он рух додааст. Ба гузориши хабаргузории "Рейтерс", пулис пас аз ин ҳамла маҳалро муҳосира кард.
Вазири корҳои дохилии Покистон афзуд, ки фарди ҳамлавар талош карда буд пиёда вориди бинои додгоҳ шавад, аммо бинобар назорати сахти амниятӣ ва баъд аз 10-15 дақиқаи интизор дар онҷо, дар наздикии як мошини пулис худро тарконд.
Муҳсин Нақавӣ гуфт, "мо ин ҳодисаро аз паҳлӯҳои гуногун баррасӣ мекунем. Ин фақат як бомбагузории маъмулӣ нест, зеро дар маркази Исломобод рух додааст".
Вазири корҳои дохилии Покистон ҳамчунин таҳдид кардааст, ҳар касе дар ин ҳамла даст дорад, аз афроди маҳаллӣ ё аз кишварҳои дигар, "бахшида нахоҳад шуд".
Як ҳамлавари интиҳории дигар баъд аз чошти рӯзи 10-уми ноябр ҳангоми тарконидани мошини худ дар дарвозаи вурудии як мактаби низомӣ дар минтақаи Вана дар Вазиристони ҷанубӣ се нафарро кушт ва пас аз он ниманизомиён вориди мактаб шуданд.
Се ниманизомӣ то баъд аз чошти рӯзи сешанбе ҳамчунон дар ҳавлии мактаб, ҷойе ки беш аз 500 донишомӯз ва корманд ҳузур доштанд, сангар гирифта буданд.
Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон, ҳар ду ҳамларо маҳкум кард ва гуфт, террористҳое, ки ба "дастури Ҳинд" амал мекунанд, ба "кӯдакони бегуноҳ" дар Вана ҳамла кардаанд. Нахуствазири Покистон гуфт, ки ин ҳамлаҳо бо ҳимояти Ҳинд аз хоки Афғонистон тарҳрезӣ шудааст.
Хоҷа Осиф, вазири дифои Покистон низ дар шабакаи Х навишт, "мо дар вазъияти ҷангӣ ҳастем".
Исломобод Кобулро ба паноҳ додан ба "Толибон"-и Покистон муттаҳам мекунад. Гурӯҳи "Толибон"-и Афғонистон ин иттиҳомро рад мекунанд.
Рӯзи 10-уми ноябр дар таркиши як мошини бомбагузоришуда дар яке аз маҳаллаҳои маъруфи Деҳлӣ, пойтахти Ҳинд, 8 нафар ҷон бохтанд ва 19 тан захмӣ шуданд. Нарендра Моди, сарвазири Ҳинд ин амалиётро як тавтеа хонд ва таъкид кард, ки омилони он муҷозот хоҳанд шуд.
Таниш байни Ҳинд ва Покистон аз як тараф ва миёни Покистон ва Афғонистон аз тарафи дигар дар моҳҳои ахир афзоиш ёфтааст ва тарафҳо якдигарро ба ҳимоят аз гурӯҳҳои мухталиф муттаҳам кардаанд.