Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", оморҳои расмӣ нишон медиҳанд, ки ин тағйири масир таъсири қобили таваҷҷуҳе доштааст.
Абдусалом Ҷавод Охунзода, сухангӯи вазорати тиҷорати Толибон эълон кардааст, ҳаҷми тиҷорат бо Эрон дар шаш моҳи гузашта ба 1,6 миллион доллар расидааст, ки 500 миллион доллар аз ҳаҷми тиҷорат бо Покистон бештар аст.
Ӯ гуфт, "Гумруки Эрон бо доштани таҷҳизоти муосир, 30 дарсад тахфиф дар таърифаҳои бандар ва 75 дарсад тахфиф барои ҳифзи молу колоҳои тоҷирони афғон дар назар гирифтааст".
Сухангӯи Вазорати тиҷорати ҳукумати Толибон афзуд, "Имкониятҳои Чобаҳор таъхирҳоро коҳиш дода, ин бовариро барои тоҷирон медиҳад, ки бо баста шудани марзҳо, фиристодани борҳо қатъ нахоҳад шуд".
Бар асоси гузоришҳо, тағйири масирҳои тиҷорат ба Чобаҳор акнун ба як сиёсати расмии ҳукумати Толибон табдил шудааст.
Абдулғанӣ Бародар, муовини иқтисодии нахуствазири ҳукумати Толибон ба тоҷирони он кишвар се моҳ мӯҳлат додааст, то қарордодҳои худро дар Покистон дар ин муддат ба поён баранд ва ба масирҳои ҷойгузин рӯй биёваранд.
Ӯ Исломободро ба истифода "аз масоили тиҷорӣ ба унвони абзори сиёсӣ" муттаҳам кард ва ҳамзамон дастур додааст, овардани доруҳо аз Покистон бинобар "бесифат" будан, қатъ шавад.
Афғонистон ба асоси як паймони транзитӣ бо Эрон ва Ҳинд дар соли 2016, аз Бандари Чобаҳор барои боркашонӣ истифода мекунад.
Толибон ҳамчунин гуфтаанд, ки маҳсулоти кишоварзии Афғонистон аз тариқи фурудгоҳҳои Узбекистон ба кишварҳои дигар содир мешавад.
Сухангӯи раиси вилояти Балхи Афғонистон рӯзи 13 ноябр дар сафҳаи Х навишт, ки бар асоси тафоҳумномаи имзошуда бо Узбекистон, мева ва сабзавоти Афғонистон аз тариқи фурудгоҳҳои Узбекистон ба бозорҳои дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Осиёи Ҷанубӣ ва Аврупо содир мешавад.
Шуморе аз тоҷирони афғон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин шояд барои онҳо осон набошад, ки ба зудӣ масирҳои дигаре бар ивази роҳҳои Покистон барои худ пайдо кунанд, зеро Покистон бозори калон ва наздик барои мева ва сабзавоти Афғонистон мебошад.
Аз тақрибан як моҳ ба ин тараф Покистон роҳҳои заминии худро бо Афғонистон бастааст, ки дар натиҷаи он тоҷирони афғон зарари зиёд дидаанд.
Аммо Покистон ҳанӯз сареътарин роҳ ба баҳр аст ва мошинҳои борбар зарфи се рӯз ба Бандари Карочӣ мерасанд.
Хоҷа Осиф, вазири дифои Покистон гуфтааст, ки тасмими Афғонистон ҳеч осеби иқтисодӣ ба Исломобод ворид нахоҳад кард. Ӯ афзуд, "Афғонистон метавонад аз ҳар бандар ё кишваре барои тиҷорат истифода кунад".
Робитаҳои ду кишвар бинобар фаъолиятҳои ниманизомиёни Таҳрики Толибони Покистон, ки Исломобод мегӯяд дар хоки Покистон паноҳ гирифтаанд ва даст ба ҳамлаҳои интиҳорӣ мезананд, дар моҳҳои ахир печида шудааст.
Ҳинд, рақиби Покистон, ки робита бо Толибони Афғонистонро дар ин авохир тақвият бахшидааст, ахиран мизбони Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон буд ва кӯмакҳои башардӯстонаи худро ба Кобул густариш додааст.
Ҳинд терминалҳои калидиро дар Чобаҳор идора мекунад, ки онро ба унвони як пайванди стратегӣ бо Афғонистон ва Осиёи Марказӣ мебинад.
Гуфтугӯ