Дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2025/26 дар гурӯҳи “D” 26-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо тими “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ рақобат мекунад. Бозӣ соати 18:45 оғоз меёбад.
Шоми 25-уми ноябр дар маҷлисгоҳи Варзишгоҳи марказии Ҳисор нишасти матбуотӣ доир гардид, ки дар он сармураббиёни дастаҳо ба саволҳои хабарнигорон посух доданд.
Игор Черевченко, сармураббии “Истиқлол”, гуфт, “тими “Ал-Наср” ба реклама эҳтиёҷ надорад. Ин бошгоҳи пурқувватест, ки дар ҳайати он бозигарони маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ ҳунарнамоӣ мекунанд. Мо имкони хуби аз гурӯҳ баромаданро дорем ва мекӯшем, ки ин шонси худро аз даст надиҳем”.
Жоржи Жезуш, сармураббии “Ал-Наср”, иброз дошт, “бозӣ фардо мушкил хоҳад шуд, зеро натиҷаи он барои рақиб муҳим аст. Аз ҳайати тими мо ҳамон нафароне, ки ба Тоҷикистон омадаанд ва ба рақобат омодаанд, вориди майдон хоҳанд шуд”.
Ба иттилои сомонаи бошгоҳи футболи “Истиқлол”-и Душанбе, тими “Ал-Наср”, ки дар ҳайати он бархе аз ситораҳои футболи ҷаҳонӣ, ба мисли Феликс, Мане, Брозович, Мартинес ва дигарон ҳунарнамоӣ мекунанд, шаби 24-уми ноябр ба Тоҷикистон омад.
Аммо ҳамлагар, капитан ё сарвони дастаи “Ал-Наср” портуғолӣ Криштиану Роналду аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кардааст. Зеро ин бозӣ барои бошгоҳи Саудӣ чандон аҳамият надорад. «Ал-Наср» аллакай ба плей-оффи мусобиқот роҳ ёфтааст.
Қаблан “Истиқлол” дар даври аввал дар меҳмонӣ 17-уми сентябр аз тими “Ал-Наср” бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрда буд. Дар он бозӣ ҳам Роналду иштирок надошт. Дарвоқеъ, Роналду дар бозиҳои имсолаи Лигаи қаҳрамонҳо ширкат накардааст.
Бозии дигари даври 5-уми мусобиқот дар гурӯҳи “D” миёни дастаҳои “Ал-Завра” (Ироқ) – “Гоа” (Ҳиндустон) дар шаҳри Бағдод соати 21:00 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад.
“Ал-Наср”, ки бо 12 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “D” дар ҷойи аввал аст, ба марҳилаи ҳаштякниҳоӣ роҳхат гирифтааст. Барои роҳхати дуюм «Истиқлол» ва «Ал-Завра», ки шашимтиёзӣ доранд, муборизаро мебаранд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо бағдодиҳо дар ҷойи дуюм ва душанбегиҳо дар ҷойи сеюм қарор доранд. “Гоа” бидуни имтиёз дар зинаи охирин мебошад.
Мусобиқот дар Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC бо ширкати 32 даста сурат гирифтааст. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб - тақсим шудаанд. Ҳар як минтақа аз 16 даста иборат мебошад.
“Истиқлол” ба минтақаи Ғарб дохил аст. Дастаи ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунад, ки соли оянда дар Лигаи элита ё бартари бошгоҳҳои футболи Осиё иштирок намояд.
Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC-2025/26
Минтақаи Ғарб
Гурӯҳи “D”
«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)
«Ал-Завра» (Ироқ)
«Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Гоа» (Ҳиндустон)
Даври 1-ум
«Гоа» (Ҳиндустон) - «Ал-Завра» (Ироқ) – 0:2
Голҳо: Розиқ Банӣ Ҳанӣ, 44 (0:1), Низор Ал-Рашдан, 90+5 (0:2)
17-уми сентябр. Гоа. Варзишгоҳи Ҷавоҳирлол Неҳру
«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) - «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 5:0
Голҳо: Абдулраҳмон Ғариб, 14 (1:0). Ангело, 17 (2:0). Уэсли Тейшера, 59 (3:0. Кинсли Коман, 89 (4:0). Садио Мане, 90+3 (5:0).
17-уми сентябр. Риёз. Варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауд
Даври 2-юм
«Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Гоа» (Ҳиндустон) – 2:0
Голҳо: Рустам Соиров, 46 (1:0), Ризо Деҳқонӣ, 74 (2:0)
1-уми октябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ
«Ал-Завра» (Ироқ) - «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – 0:2
Голҳо: Абдуллоҳ Ал-Хайбарӣ, 52 (0:1), Жоао Феликс, 81 (0:2)
1-уми октябр. Бағдод. Варзишгоҳи Ал-Завра
Даври 3-юм
«Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Ал-Завра» (Ироқ) -– 2:1
Голҳо: Иброҳим Гбадамосӣ, 4 (0:1), Амирбек Ҷӯрабоев, 20 (1:1), Шон Пол Комолафе, 84 (2:1)
22-юми октябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ
«Гоа» (Ҳиндустон) - «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – 1:2
Голҳо: Ангело,10 (0:1), Ҳорун Камара, 27 (0:2), Брисон Фернандес, 41 (1:2).
22-юми октябр. Гоа. Варзишгоҳи Ҷавоҳирлол Неҳрӯ
Даври 4-ум
«Ал-Завра» (Ироқ) - «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 2:1
Голҳо: Ҳасан Абдулкарим, 7 (1:0), Иброҳим Гвадамоси, 53 – аз пеналти (2:0), Амирбек Ҷурабоев, 64 – аз пеналти (2:1).
5-уми ноябр. Бағдод. Варзишгоҳи “Ал-Завра”. 11700 тамошобин.
«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) - «Гоа» (Ҳиндустон) – 4:0
Голҳо: Абдулраҳмон Ғариб, 35 (1:0), Абдулраҳмон Ғариб, 53 (2:0), Муҳаммад Маран, 65 (3:0), Ҷоао Феликс, 84 (4:0).
5-уми ноябр. Риёз. Варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауд
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “D”:
| Ҷ | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
| 1 | “Ал-Наср” | 4 | 4 | 0 | 0 | 13-1 | 12 |
| 2 | “Ал-Завра” | 4 | 2 | 0 | 2 | 5-5 | 6 |
| 3 | “Истиқлол” | 4 | 2 | 0 | 2 | 5-8 | 6 |
| 4 | “Гоа” | 4 | 0 | 0 | 4 | 1-10 | 0 |
Даври 5-ум
26-уми ноябр (чоршанбе)
18:45 – “Истиқлол” (Тоҷикистон) – “Ал-Наср” (Арабистони Саудӣ)
Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
21:00 – “Ал-Завра” (Ироқ) – “Гоа” (Ҳиндустон)
Бағдод. Варзишгоҳи “Ал-Завра”
Гуфтугӯ