Дар ин мусобиқот, ки дар Маркази нави миллии Созмони футболи Узбекистон сурат гирифт, дастаҳои мунтахаби духтарони то 18-солаи Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон ширкат доштанд.
Баъди натиҷагирии панҷ даври мусобиқот дар ҷадвал мунтахаби Узбекистон бо 10 имтиёз соҳиби мақоми аввал шуд. Дастаи Қирғизистон бо 9 имтиёз ҷойи дуюмро гирифт. Тими Эрон бо 6 имтиёз сеюм шуд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Фарҳод Холбеков бо 4 имтиёз ҷойи чаҳорумро ишғол кард. Духтарони футболбози тоҷик бар дастаи Туркманистон бо ҳисоби 2:0 ғолиб омада, бозиро бо мунтахаби Узбекистон бо ҳисоби 0:0 анҷом доданд ва дар ду бозии охир аз тимҳои Эрон (0:2) ва Қирғизистон (0:5) шикаст хӯрданд.
Дастаи мунтахаби Туркманистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шуд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ мунтахаби Узбекистон бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тило, дастаи Қирғизистон бо медалҳои нуқра ва тими Эрон бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.
Мусобиқоти қаҳрамонии CAFA (U-18) миёни занон дар Тошканд:
22-юми ноябр
Қирғизистон - Эрон - 1:0
Тоҷикистон - Туркманистон - 2:0
23-юми ноябр
Қирғизистон - Туркманистон - 1:0
Тоҷикистон - Узбекистон - 0:0
25-уми ноябр
Эрон - Тоҷикистон - 2:0
Узбекистон - Туркманистон - 1:0
27-уми ноябр
Эрон - Туркманистон - 1:0
Қирғизистон - Узбекистон - 0:3
29-уми ноябр
Тоҷикистон - Қирғизистон - 0:5
Эрон - Узбекистон - 2:3
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот
| Ҷ | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Тӯбҳо | И |
| 1 | Узбекистон | 4 | 3 | 1 | 0 | 7-2 | 10 |
| 2 | Қирғизистон | 4 | 3 | 0 | 1 | 7-3 | 9 |
| 3 | Эрон | 4 | 2 | 0 | 2 | 5-4 | 6 |
| 4 | Тоҷикистон | 4 | 1 | 1 | 2 | 2-7 | 4 |
| 5 | Туркманистон | 4 | 0 | 0 | 4 | 0-5 | 0 |
Гуфтугӯ