Муҳаммад Наимов, размикори тоҷик, дар мусобиқоти UFC Fight Night 323 дар вазни нимасабук дар Лас-Вегаси ИМА аз намояндаи Бразилия Майрон Сантос дар раунди сеюм бо нокаути техникӣ ё фаннӣ шикаст хӯрд.
Размикори 31-солаи тоҷик Муҳаммад Наимов, ки аз соли 2018 дар муҳорибаҳои омехта (ММА) иштирок мекунад, ҳамагӣ 17 рақобат анҷом дода, дар 13-тоаш пирӯз шудааст. Ин рақобати ҳафтуми ӯ дар UFC буд. Вай дар панҷ рақобат ғалаба карда, дар дутоаш аз размикорони бразилӣ - Фелипе Лима ва Майрон Сантос - мағлуб гаштааст.
Рақиби размикори тоҷик Майрон Сантоси 25-сола аз 18 қувваозмоӣ дар ММА дар 17-тоаш пирӯзӣ ба даст овардааст. Ин рақобати панҷуми ӯ дар UFC буд.
Дар умум чаҳор размикор аз Тоҷикистон ба UFC (Ultimate Fighting Championship - Қаҳрамонии мутлақи якҳарба) дохиланд. Аммо ҳеч яке аз размикорони тоҷик то ҳол ба рӯйхати ҳадди ақал 15 варзишгари беҳтарин дар вазни худ шомил нашудаанд.
Нурулло Алиеви 25-сола аввалин варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки ба UFC дохил шуда, то ҳоло шикастнопазир мебошад. Ӯ дар ҳамаи 11 қувваозмоӣ дар ММА, аз он ҷумла сетоаш дар UFC, дастболо шудааст.
Муин Ғафуров, размикори 28-солаи тоҷик, дар ММА ҳамагӣ 26 қувваозмоӣ анҷом дода, дар 20-тоаш пирӯз шудааст, аз он ҷумла дар UFC аз чаҳор рақобат дар дутоаш ғолиб омадааст.
Лоиқ Раҷабов, размикори 33-солаи тоҷик, ки дар ММА аз соли 2012 ширкат мекунад, аз 25 рақобат дар 18-тоаш пирӯз шуда, аз ҷумла, дар UFC дар ду рақобати худ дастболо шудааст.
Гуфтугӯ