Бозии мавқуфмондаи даври 19-уми мусобиқот миёни дастаҳои “Вахш" ва “Истиқлол” 8-уми декабр дар варзишгоҳи “Вахш”-и шаҳри Бохтар доир гардид.
Нимҳимоятгар Сиёваш Ҳақназарӣ, легионери эронии “Истиқлол”, дар дақиқаи 27-ум тӯбро аз ҷаримагоҳи меҳмонон ба дарвозае, ки онро Никола Стошич ҳимоя мекард, равон намуда, ҳисобро кушод. Голи ҷавобиро аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ нимҳимоятгар Дмитрий Билоног, легионери укроинии “Вахш”, дар дақиқаи 35-ум ба нишон расонд.
Ба ин тартиб, дастаи «Истиқлол» зери раҳбарии сармураббӣ Игор Черевченко дар ҷадвали мусобиқоти лигаи олӣ бо 47 имтиёз аз 21 бозӣ дар ҷойи аввал аст. Натиҷаи бозии мавқуфмондаи даври 21-ум байни тими “Истаравшан” ва “Истиқлол”, ки 12-уми декабр ба нақша гирифта шудааст, мавқеи дастаҳоро дар ҷадвали мусобиқот тағйир нахоҳад дод.
Зимнан, “Истиқлол” дар таърихи худ бори чордаҳум ва маротибаи дувоздаҳум пайиҳам ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфт. Душанбегиҳо солҳои 2010 - 2011, 2014 – 2025 барандаи медалҳои тилои мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ шудаанд.
Дастаи “Вахш” бо роҳбарии сармураббӣ Зариф Усмонов дар мусобиқоти имсолаи лигаи олӣ хеле хуб ҳунарнамоӣ карда, бо 45 имтиёз мақоми дуюмро касб намуд ва соҳиби медалҳои нуқра гардид.
КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе, ки 37 имтиёз гирифт, медалҳои биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2025-ро ба даст овард.
Тими «Ҳулбук»-и Восеъ, ки бо 13 имтиёз дар зинаи 11-ум ҷойгир шуд, бо дастаи «Сардор»-и Турсунзода, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти лигаи якум, барои боқӣ мондан дар лигаи олии Тоҷикистон-2026 бозиҳои гузаришӣ анҷом медиҳад. Бозии аввали ин дастаҳо 7-уми декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳисоби 2:2 хотима ёфт. Бозии дуюм ва тақдирсоз 10-уми декабр дар Душанбе доир мешавад.
Дастаи «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ, ки бо 12 имтиёз дар ҷадвали мусобиқоти имсола зинаи охиринро ишғол кард, лигаи олиро тарк намуд. Ба ҷойи “Панҷшер” соли оянда дар мусобиқоти лигаи олӣ тими “Парвоз”-и Фурудгоҳи Хуҷанд, ки дар лигаи якум ғолиб шуд, иштирок хоҳад кард.
Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2025
Лигаи олӣ
Даври 19-ум
“Вахш” – “Истиқлол” – 1:1
Голҳо: Сиёваш Ҳақназарӣ, 27 (0:1). Дмитрий Билоног, 35 - аз пеналти (1:1).
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе)
8-уми декабр. Бохтар, варзишгоҳи “Вахш”, 5500 тамошобин.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот
| Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И |
| 1 | «Истиқлол» (Душанбе) | 21 | 14 | 5 | 2 | 54-17 | 47 |
| 2 | «Вахш» (Бохтар) | 22 | 12 | 9 | 1 | 33-18 | 45 |
| 3 | КМВА (Душанбе) | 22 | 10 | 7 | 5 | 38-23 | 37 |
| 4 | «Равшан» (Кӯлоб) | 22 | 8 | 11 | 3 | 26-20 | 35 |
| 5 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 22 | 9 | 4 | 9 | 24-25 | 31 |
| 6 | «Эсхата» (Хуҷанд) | 22 | 7 | 9 | 6 | 31-30 | 30 |
| 7 | «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) | 22 | 8 | 6 | 8 | 25-24 | 30 |
| 8 | «Барқчӣ» (Ҳисор) | 22 | 6 | 9 | 7 | 22-20 | 27 |
| 9 | «Ҳосилот» (Фархор) | 22 | 6 | 6 | 10 | 27-38 | 24 |
| 10 | «Истаравшан» (Истаравшан) | 21 | 4 | 7 | 10 | 22-38 | 19 |
| 11 | “Ҳулбук” (Восеъ) | 22 | 2 | 7 | 13 | 15-39 | 13 |
| 12 | «Панҷшер» (Балхӣ) | 22 | 2 | 6 | 14 | 16-41 | 12 |
Нишонзанҳои беҳтарин: Пол Камолафе (“Истиқлол”) – 11 гол, Рустам Соиров (“Истиқлол”) – 10 гол, Квадво Фримпонг (“Регар-ТадАЗ), Дмитрий Билоног (“Вахш”) – 8-голӣ.
Бозии мавқуфмондаи даври 21-ум:
12-уми декабр (ҷумъа)
“Истаравшан” – “Истиқлол”
Бозиҳои гузаришӣ ба Лигаи олии
қаҳрамонии Тоҷикистон-2026
"Ҳулбук" (Восеъ) - "Сардор" (Турсунзода) – 2:2
7-уми декабр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
10-уми декабр (якшанбе)
Оғози бозӣ – соати 13:00
"Сардор" (Турсунзода) - "Ҳулбук" (Восеъ)
Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
Гуфтугӯ