Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзали FIFA як зина поин шуд


Мунтахаби футзали мардонаи Тоҷикистон.
Мунтахаби футзали мардонаи Тоҷикистон.

Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) феҳрасти нави дастаҳои мунтахаби футзали мардона ва занонаи ҷаҳонро нашр кард. 

Мунтахаби футзали мардонаи Тоҷикистон дар ин феҳраст бо 1064.13 имтиёз дар байни 139 даста дар ҷойгоҳи 47-ум қарор дорад, ки ин дар қиёс бо радабандии пешин як зина поин аст.

Мунтахаби Тоҷикистон аз тимҳои миллии Олмон, Перу, Либия, Австралия, Латвия, Озарбойҷон ва ғайра болотар ҷой гирифтааст.

Ба даҳгонаи аввали радабандии нави FIFA дастаҳои мунтахаби Бразилия, Португалия, Испания, Аргентина, Эрон, Марокаш, Русия, Украина, Қазоқистон ва Фаронса дохиланд.

Дар қораи Осиё Эрон пешсаф буда, зинаҳои минбаъдаро Тайланд, Ҷопон, Ветнам, Узбекистон, Индонезия, Афғонистон, Ироқ, Кувайт ва Қирғизистон касб кардаанд.

Дар феҳрасти нави FIFA миёни занон дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 810,06 имтиёз дар байни 91 тими миллӣ зинаи 70-умро ишғол намуда, аз тимҳои Литва, Молдова, Мексика, Танзания, ИМА, Канада ва ғайра пеш гузаштааст.

Дар радабандии дастаҳои мунтахаби занона Бразилия, Испания, Португалия, Аргентина, Италия, Ҷопон, Колумбия, Тайланд, Русия ва Эрон дар даҳгонаи аввал қарор доранд.

Ёдовар мешавем, соли 2026 дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё, ки аз 27-уми январ то 7-уми феврал дар Индонезия баргузор мегардад, иштирок мекунад. Рақибони тими миллии футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” дастаҳои мунтахаби Ҷопон, Узбекистон ва Австралия мебошанд.

Таркиби се гурӯҳи дигар чунин аст:

Гурӯҳи “А”: Индонезия, Ироқ, Қирғизистон, Кореяи Ҷанубӣ;

Гурӯҳи “В”: Тайланд, Ветнам, Кувайт, Лубнон;

Гурӯҳи “D”: Эрон, Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Малайзия.

Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ҷуфтҳои даври чорякниҳоиро ташкил дода, муборизаро барои медалҳо идома хоҳанд дод.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG