Милан Миланович, мутахассиси 63-солаи сербиягӣ, сармураббии дастаи "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд таъйин шуд. Ӯ дар ин вазифа Александр Крестинин, мутахассиси 47-солаи русиягиро, ки шартномааш бо бошгоҳи “Хуҷанд” моҳи декабри соли гузашта ба поён расид, иваз намуд.
Миланович хатмкардаи Донишгоҳи тарбияи ҷисмонии Белград буда, дорои муҷаввиз ё литсензияи UEFA PRO мебошад. Ӯ дар футболи ҳирфаӣ таҷрибаи ғанӣ дорад. Солҳои гуногун дастаҳояш дар мусобиқоти интихобии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА, Лигаи Аврупо ва Лигаи конференсияҳои УЕФА бозӣ кардаанд.
Дар мавсими 2013/2014 Миланович беҳтарин мураббии Суперлигаи Сербия эътироф шудааст.
Миланович солҳои мухталиф бошгоҳҳои футболи Сербия, Босния, Венгрия (Маҷористон), Ҷазираҳои Фарер, Арманистон, Молдова ва Қазоқистонро машқ додааст. Охирин ҷойи кори ӯ бошгоҳи футболи «Мезёкёвешд»-и Маҷористон дар соли 2024 буд.
Ба ғайр аз ин, бошгоҳи футболи «Ҳосилот»-и Фархор таъйин шудани сармураббии навро эълон намуд. Ин вазифа ба уҳдаи мутахассиси шинохтаи футболи тоҷик Шамсиддин Қосимови 33-сола гузошта шуд. Ӯ дар ин вазифа Зайниддин Раҳимов, мутахассии маъруфи 60-солаи тоҷикро, ки шартномааш бо бошгоҳи “Ҳосилот” охири мавсими гузашта ба охир расид, иваз кард.
Қосимов солҳои ахир сармураббии бошгоҳи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон - КМВА (Клуби марказии варзишии артиш) – буд. Дар комёбии дастаи низомиён, ки соли 2025 барандаи медалҳои биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ гардид, саҳми Шамсиддин Қосимов калон аст.
Дар ҳамин ҳол қаҳрамони феълии Тоҷикистон – “Истиқлол”-и Душанбе – дар ҷустуҷӯи сармурабии нав мебошад. Ёдовар мешавем, дастпарвари футболи тоҷик Игор Черевченко, фарзанди бозигари маъруфи “Помир”-и Душанбе Геннадий Черевченко, аз вазифаи сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе барканор шуд.
Мавсими нави футбол дар Тоҷикистон 6-уми март бо мусобиқаи дастаҳои лигаи олӣ оғоз меёбад. Дар ҳамин ҳол равзанаи гузариши футболбозон ҷараён дорад, ки то 5-уми март идома хоҳад кард. Дар ин муддат бошгоҳҳо метавонанд бозигарони навро ба қайд бигиранд.