Ин иқдом акнун марзҳоро гузашта, хоҳишмандонро аз кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон ҷалб кардааст.
Ихтиёриёни қазоқ барои пешвози занони бекасу маҳрум аз кумаки наздикон ба таваллудхона мераванд ва бо ташкили фазои идона онҳоро то манзил мерасонанд. Агар зану навзод ҷойи рафтан надоранд, дар дарёфти сарпаноҳ ҳам ба онҳо кӯмак хоҳанд кард.
"АЗ ДАР БАРОМАДАН МЕБИНАД, КИ ӮРО КАСЕ МУНТАЗИР АСТ"
Айгерим Биҷигитова, соҳибкор аз шаҳри Остона, то ҳол ба шаш чунин модар ёрӣ расондааст. Вай соли гузашта дар назди таваллудхонае мунтазири дугонааш буд ва шоҳиди саҳнаи ҳузнангез шуд. Зани ҷавонеро дид, ки тифли навзод ба даст аз зоишгоҳ берун омада, канори роҳ нишаст ва гиря кард.
Айгерим Биҷигитова мегӯяд, "ба наздаш рафта, пурсидам, ки ҳама чиз хуб аст? Вай гуфт, бале, хуб аст ва якбора зор-зор гиря кард. Гуфтам: "Биё, ягон ҷо нишаста, чой нӯшем. Касе ҳаст, ки туро аз ин ҷо барад?" Гуфт: "Не, касе надорам". Ин аввалин модаре буд, ки бо худ бурдам. Ӯ ду рӯз дар хонаи ман монд ва баъд ӯро дар созмони "Хонаи модар" ҷой кардем".
Барои чунин модарону навзодон Айгерим тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ либосу ашё ҷамъ мекунад. Ӯ занонеро, ки ҷойи рафтан надоранд, ба хонаи худ мебарад, барояшон хӯрок медиҳад ва дар шустушӯ додани навзод кумак мерасонад. Онҳоро маҳкум намекунад ва мегӯяд, ҳадафаш фақат расонидани кумаки ибтидоӣ ба модарони танҳо аст.
"Барои онҳо бисёр сахту дарднок аст. Ман кӯшиш мекунам, ки вазъро каме сабук кунам. Бигӯям, ки "ту танҳо нестӣ". Кӯмаки аввалия бисёр муҳим аст. Бигзор ман одами ношинос бошам, муҳим, ки аз таваллудхона танҳо намебарояд, баробари аз дар баромадан мебинад, ки ӯро касе бо гулдаста мунтазир аст",- мегӯяд Айгерим Биҷигитова.
Ба навзоди навбатие, ки бо модараш дар меҳмонии Айгерим қарор доранд, якҷо ном интихоб карданд.
"АЗ ТАВАЛЛУДХОНА ПЕШВОЗ МЕГИРЕМ"
Дар охири соли гузашта иқдоми пешвозгирии модарони танҳо таваҷҷуҳи шахсони зиёдеро ҷалб кард. Салтанат Муродова, равоншинос аз шаҳри Алмато, дар шабакаи Threads навишт, ки дар наздикии зоишгоҳ зиндагӣ мекунад ва агар зане барои истиқболу гусел аз таваллудхона касе надорад, ба ӯ нависад, ёрӣ хоҳад расонд. Ин навишта сабаб шуд, ки шахсони зиёде аз тамоми гӯшаву канори Қазоқистон ба ташаббус ҳамроҳ шаванд. Салтанат дар WhatsApp бо номи "Кӯмак дар таваллудхона" гурӯҳе боз кард ва ҳоло он садҳо узв дорад.
Ин равоншиноси сокини Алмаато мегӯяд, "ба ин навишта қиссаи зане сабаб шуд, ки ман дар шабакаи Threads хондам. Вай нақл кард, ки чӣ тавр аз таваллудхона танҳо ба хона рафтааст. Бо кӯдаку борхалтаҳо дар даст, ба истгоҳ рафта, автобусро интизор шудааст. Ин қисса ба ман бисёр таъсир кард. Ҳамон лаҳза навиштам, ки агар касе дар чунин шароит аст, ҳадди ақал метавонам ба наздаш равам, таксӣ гираму ӯро то хонааш барам".
Салтанат ва ихтиёриёни дигар аллакай аз таваллудхона занеро бо тифлаш гусел карданд. Зан аз ҷойи дигар барои ҷарроҳӣ ба Алмаато омада, шаҳрро дуруст намедонистааст.
"Лаҳзаи ғамгинона ин буд, ки занону кӯдакони дигарро бо гулдастаҳои калону лӯхтакҳо пешвоз мегирифтанд ва мо одамони бегона, барои пешвози як зани ношинос омада будем. Мо ӯро пешвоз гирифтем, таксӣ киро кардем, то бо кӯдакаш роҳат ба хона расад. Вай дертар паём фиристод, ки саломат то хона рафтааст",- гуфт, Салтанат Муродова.
Соли 2022 дар Қазоқистон тақрибан 424 ҳазор модари танҳо сабт шудаанд. Иқдоми "Аз таваллудхона пешвоз мегирем", берун аз Қазоқистон доман паҳн кард.
ҲАМОВОЗӢ ДАР УЗБЕКИСТОН ВА ТОҶИКИСТОН
Ҷамила Иброҳимова, сокини Тошканд, бо дидани ин ташаббус дар шабакаҳои иҷтимоӣ, гурӯҳеро бо номи "Кӯмак ба модарони танҳои Узбекистон" таъсис дод. Моҳи декабр духтарон занеро бо навзодаш аз зоишгоҳ бароварданд. Шавҳари зан дар ҳолати беҳушӣ қарор дошт. Аз ин ташаббус занони Қирғизистону Тоҷикистон ва Русия ҳам ҷонибдорӣ карданд.
Дар Душанбе ҳам бархе барои кӯмак ба чунин занони танҳо изҳори омодагӣ кардаанд. "Тоҷикистон. Душанбе. Агар шумо дар ҳолати вазнин қарор доред ва касе надоред, ки шуморо барад ва кӯдакони хурдсол доред, нависед. Шумо танҳо нестед".
Аксари онҳое, ки ба ин маърака пайвастаанд, дар таҳи дил албатта мехоҳанд, ки касе ба кӯмаки онҳо ниёз пайдо накунад ва занону навзодонро аз таваллудхона фақат шахсони азизу наздикашон бо хушҳолӣ пешвоз гиранд.
Гуфтугӯ