Ба нақли наздиконаш ин ҷавонро кормандони пулиси шаҳри Бохтар ҳангоми қадамзанӣ дар боғи шаҳр барои ришаш манъ намуда, сипас телефонашро санҷида, ба Шӯъбаи корҳои дохилӣ мебаранд ва ба гумони таблиғ ва паҳн кардани маводи шаҳвонӣ алайҳаш парванда боз мекунанд.
Яке аз пайвандони ин ҷавон охири ин ҳафта ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди боздошт ӯро чанд рӯз дар бинои милиса нигаҳ доштанд ва сипас ба Боздоштгоҳи муваққатии Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, интиқол доданд.
"Дар милисахона ӯро латукӯб кардаанд. Ӯро барои ришаш боздошт намуда, бо ҷурми дигар айбдораш карданд. Вай худашро айбдор намедонад. Ман намедонам дар телефони вай чӣ диданд, чизе аниқ намегӯянд. Пас аз он, ки ба СИЗО интиқол дода шуд, натавонистам бо ӯ мулоқот кунам ва интизор ҳастем, ки адвокат аз ҳоли ӯ бохабар шавад",-иддао кард яке аз наздикони ин ҷавон.
Радиои Озодӣ талош кард, ки назари мақомотро дар ин бора дастрас кунад, аммо муваффақ нашуд. Маълум нест, ки гуфтаҳои наздикони ин ҷавон дар бораи латукӯб шуданаш дар Раёсати корҳои дохилӣ то куҷо воқеият дорад.
Ҳоло парвандаи ин ҷавон тибқи моддаи 241, қисми 3, банди "б"-и Кодекси ҷиноӣ (нигоҳ доштан ва паҳн кардани маводи порнографӣ бо истифодаи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ, инчунин шабакаи интернет), таҳқиқ мешавад.
Бар асоси парвандае, ки Додситонии шаҳри Бохтар боз кардааст, ба ӯ аз панҷ то ҳашт сол зиндон таҳдид мекунад.
Наздиконаш мегӯянд, ин ҷавон дар Камбоҷа таҳсил мекард ва ҳудуди се ҳафта қабл барои зиёрати қабри волидонаш ба Сарбанд баргашта буд.
"Падару модараш барвақт фавтидаанд. Ин як бачаи ятим аст. Баъд аз он, ки ҳамроҳи як нафар аз сари қабри волидонаш баргаштааст, ҳардуро боздошт намуданд. Онҳоро ба бинои Раёсати корҳои дохилии Бохтар бурданд, дигариро озод карданд. Ин ҷавони озодшуда ба мо занг зад, ки ӯро боздошт карданд. Ҳоло ҳама умедамон ба вакили мудофеъамон аст",-гуфта аммаи ин ҷавон.
Мақомот дар Тоҷикистон соли 2023 ҷазоро барои тайёр ё паҳн кардани маводи порнографӣ сахттар карданд.
Солҳои охир баъзе аз духтарон шикоят доранд, ки шахсони ношинос навор ва аксҳои маҳрамонаи онҳоро ғайриқонунӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда, дар иваз аз онҳо пул меситонанд.
Дар гузашта чанд навори маҳрамона, бахусус рӯҳониён, низ ба интернет роҳ ёфта буд. Мақомот ҳеч вақт ошкор накардаанд, ки он наворҳоро кӣ сабт карда ва дар шабакаи ҷаҳонӣ гузоштааст.
Гуфтугӯ