Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон ба сокинон ҳушдор додааст, ки барои сафар ба ҳаҷҷи фарзӣ ба фиреби шахсони алоҳида дода нашаванд ва аз роҳҳои ғайрирасмӣ истифода набаранд. Ба таъкиди ин ниҳод, талоши адои ҳаҷ бо роҳҳои дигар паёмади сангин хоҳад дошт.
Ҳушдори Кумита дар ҳолест, ки мақомоти ин ниҳод бо нашри изҳороте рӯзи 8 апрел аз сарсону саргардон мондани гурӯҳе аз шаҳрвандони дар Арабистони Саудӣ хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ин гурӯҳ, ки бо ваъдаи адои ҳаҷҷи фарзӣ ба доми фиреби афроди алоҳида афтида, ба сафар баромаданд ва ахиран бо муроҷиат ба Кумитаи дин ва Сафорати Тоҷикистон дар Арабистон, барои бозгашт ва Ватан кӯмак хостаанд.
Масъулини Кумита таъкид кардаанд, ки мӯҳлати "барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои зоирони мавсими имсолаи ҳаҷ кайҳо анҷом ёфтааст ва дигар ҳеҷ ширкати сайёҳӣ ё афроди миёнарав имкони таҳияи асноди заруриро надоранд".
Ба иттилои ин ниҳод, қарор аст гусели аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба ҳаҷҷи фарзӣ аз 6 май шурӯъ шавад.
Нархи сафари ҳаҷҷи фарзӣ ҳанӯз чанд моҳ пеш эълон шуда буд ва имсол он 53 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.