Як марди мусаллаҳ шоми шанбе ба як исти бозрасии амниятӣ дар маҳали баргузории зиёфати хабарнигорони Кохи Сафед ҳамла кард ва як корманди интизомиро захмӣ намуд.
Ширкаткунандагон дар зиёфат пас аз шунида шудани садои баланд, ба таври муваққат ба паноҳгоҳ руй оварданд ва Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико тавассути маъмурони амниятӣ аз маҳал берун бурда шуд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва ҳамсараш чанд дақиқа пеш аз ин ҳодиса, вориди маҳали маросим дар меҳмонхонаи Washington Hilton шуда буданд.
Дигар мақомдорони ҳукумати Трамп, ки дар ин зиёфат ҳузур доштанд низ пас аз ба миён омадани сару садо ва ҳаёҳу дар наздикии толори баргузории маросим, берун бурда шуданд. Бисёре аз ҳудуди 2600 ширкаткунанда ба паноҳгоҳ рӯй оварданд.
Ба иттилои мақомот, фарди гумонзад ба ин ҳамла боздошт шудааст. Хабаргузориҳо навиштанд, фарди муттаҳам ба тирандозӣ дар ин зиёфат, аз аёлати Калифорния ва 31-сола мебошад
Пулиси Вашингтон гуфтааст, ин фард бо чанд силоҳ ворид шуда, ба яке аз афсарони амниятӣ тирандозӣ кард. Ин корманди интизомӣ ва фарди ҳамлавар ҳар ду ҳоло ба бемористон интиқол дода шудаанд.
Мақомҳои пулис гуфтанд, ки фарди ҳамлавар "ба танҳоӣ амал кардааст", аммо ангезаи ҳамла ҳанӯз маълум нест ва баррасиҳо дар мавриди он идома дорад. Ба гуфтаи мақомҳои пулис, ӯ ҳамчун яке аз меҳмонони барнома ба маҳал ворид шуда буд.
Масъулини пулиси Вашингтон пас аз ин ҳодиса дар нишасти хабарӣ гуфтанд, ки фарди ҳамлавар ба тарафи толоре, ки раисҷумҳур ва меҳмонон дар он ҳузур доштанд, дар ҳаракат буд ва бинобар "амалкарди хуб"-ӣ кормандони интизомӣ, муваффақ нашуд вориди толор шавад.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, пас аз онки дар пайи шунида шудани садои тирандозӣ аз маҳал берун бурда шуда буд, дар ин маврид суханронӣ кард.
Ӯ дар ин суханронӣ, ки камтар аз як соат пас аз ин ҳодиса анҷом шуд, гуфт, ки фарди ҳамлавар аз масофаи наздик ба яке аз маъмурони интизомӣ тирандозӣ кардааст, аммо ин корманд солим аст.
Трамп ҳамчунин аксе аз фарди тирандоз, дар ҳоле, ки аз сӯи кормандони интизомӣ боздошт шуда ва рӯи замин хобонда шудааст, дар шабакаи Social Truth нашр кард.
Трамп гуфт, ки ҳамлавар "фарди бемор ва аз Калифорния" аст, аммо гуфт, ки баррасиҳо дар бораи ӯ ҳамчунон идома дорад ва мақомот дар ҳоли тафтиши хонаи ӯ ҳастанд.
Трамп дар посух ба пурсише дар бораи инки оё фикр мекунад ин ҳодиса ба ҷанг бо Эрон рабт дорад, гуфт, ки фикр намекунад ин тавр бошад, аммо изофа кард, ки "баррасиҳо муайян мекунад".
Трамп дар идома бо ишора ба вазъияти амниятии маҳали баргузории ин маросим афзуд, ки бинои мизбони ин зиёфат "чандон амн" набудааст.
Гуфтугӯ