Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Си Ҷинпин ба Трамп: Ҳамкории мо ба нафъи ҳар ду тараф, рӯёрӯии мо ба зарари ҳар ду аст

Доналд Трамп дар Пекин. 14 май, 2026.
Доналд Трамп дар Пекин. 14 май, 2026.

Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин дидори худ бо Доналд Трампро бо таъкид бар ҳамкорӣ ва мушорикат оғоз кард: "Вақте мо ҳамкорӣ мекунем, ба нафъи ҳар ду тараф аст, ва вақте рӯбарӯи ҳамдигар қарор мегирем, ҳар ду тараф зарар мебинанд".

Ин сароғози мулоқоти дусоата буд, ки Си Ҷинпин бо ҳамтои амрикоиаш Доналд Трамп субҳи 14 май ба вақти маҳаллии Чин, дар "Толори калони Халқ" дар Пекин дошт.

Си Ҷинпин ҳамчунин таъкид кард, ки акнун масъалаи муҳим ин аст, ки оё Чин ва Амрико метавонанд "пешгоми чаҳорчӯби наве аз робитаҳои кишварҳои бузург" бошанд ё не.

Дар посух ба суханони раисҷумҳури Чин, Доналд Трамп гуфт, "шумо раҳбари бузурге ҳастед, гоҳе баъзеҳо хушашон намеояд ман инро бигӯям, вале ман ҳарфамро мезанам".

Тайван -- меҳвари музокирот

Ду тараф баъд аз ин суханронии муқаддамотӣ музокироти худро пушти дарҳои баста оғоз карданд, ки ба навиштаи "Синхуа" -- хабаргузории расмии Чин, ҳам шомили масъалаҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ байни ду кишвар буд ва ҳам Си Ҷинпин дар он масъалаи Тайванро матраҳ кард.

Ҷазираи Тайванро, ки бо Амрико робитаҳои дӯстона дорад, Чин яке аз вилоятҳои худ медонад.

Доналд Трамп ва Си Ҷинпин, президентҳои Амрико ва Чин. 14 май, 2026.
Доналд Трамп ва Си Ҷинпин, президентҳои Амрико ва Чин. 14 май, 2026.

Ба навиштаи "Синхуа" ба нақл аз раҳбари Чин дар гуфтугӯ бо Доналд Трамп, Тайван "муҳимтарин масъала дар муносибатҳои Чин ва Амрико" аст. Масъалае, ки агар ба дурустӣ ҳаллу фасл нашавад, ба даргирӣ ва ба миён омадани "вазъияти бисёр хатарнок", хоҳад анҷомид.

Мақомоти чинӣ рӯзи 13 май таъкид карданд, ки Пекин ҳамчунон қотеона ба фурӯши аслиҳаи амрикоӣ ба Тайван мухолиф аст. Барои ниҳоӣ шудани муомилаи фурӯши аслиҳаи нави амрикоӣ ба маблағи 14 миллиард доллар ба Тайванд, бояд Доналд Трамп розигӣ диҳад.

Амрико бар асоси қонун ва бо вуҷуди надоштани робитаҳои дипломатӣ, вазифадор аст, ки таҷҳизоти мавриди ниёзи Тайванро барои дифоъ аз худ таъмин кунад. Ин дар ҳоле аст, ки Чин ин ҷазираро бахше аз сарзамини худ медонад.

Раисҷумҳури Амрико ва ҳайати баландпояи ҳамроҳаш рӯзи 13 май барои як дидори расмии дурӯза вориди Пекин шуд ва бо истиқболи гарми мақомҳои чинӣ рӯбарӯ гашт.

Тиҷорат аз мавзуъҳои асосӣ дар гуфтугӯҳо

Дар ҳайати Амрико сармоядорони бузурге чун мудири ширкати "Тесло" Илон Маск ва роҳбари ширкати Apple Тим Кук низ ҳузур доранд. Раисҷумҳури Амрико ният дорад аз Си Ҷинпин, ҳамтои чиниаш бихоҳад бозорҳои Чинро ба рӯи ширкатҳои амрикоӣ боз кунад.

Доналд Трамп нахустин президенти Амрико аст, ки дар наздик ба як даҳаи ахир ба Пекин сафар карда, умедвор аст дар ин нишасти дурӯза ба муваффақиятҳои тиҷорӣ расида, "оташбаси шиканандаи тиҷорӣ" миёни ду абарқудратро ҳифз кунад.

Трамп ва Сиҷинпин дар бораи Эрон чӣ хоҳанд гуфт?

Пештар эълон шуда буд, ки Доналд Трамп қарор аст аз Чин бихоҳад Эронро барои тавофуқ бо Вашингтон ташвиқ кунад. Ҳарчанд, ки Доналд Трамп пеш аз тарки Амрико гуфта буд, ки фикр намекунад ниёзе ба кӯмаки Пекин дошта бошад.

Бахши зиёди нафти воридотии Чин аз тангаи Ҳурмуз убур мекунад.
Бахши зиёди нафти воридотии Чин аз тангаи Ҳурмуз убур мекунад.

Ҳанӯз хабаре аз музокироти ду тараф дар бораи ҷанги Эрон нашр нашудааст. Ин масъала барои Чин муҳим аст, зеро бахши зиёди нафти воридотии ин кишвар барои пешбурди саноати ин кишвар аз тангаи Ҳурмуз убур мекунад.

Бар асоси гузориши расонаҳо, Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико дар роҳи сафар ба Чин гуфтааст, ӯ ба ин бовар аст, ки ба нафъи Пекин аст, ки Теҳронро барои боз кардани тангаи Ҳурмуз таҳти фишор қарор диҳад.

Вазири корҳои хориҷии Амрико бо ишора ба бӯҳрони тангаи Ҳурмуз гуфт, ин вазъият беш аз ҳар кишвари дигаре ба зиёни Чин аст ва Пекин бояд Эронро барои ақибнишинӣ таҳти фишор қарор диҳад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG