Бозии дувуми дӯстона миёни тимҳои олимпии Чин ва Тоҷикистон, ки дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Чин рӯзи сешанбеи 9-уми июн дар шаҳри Гуйян доир гардид, бо бартарии комили мизбонон сурат гирифт.
Мителлип Имингари, бозигари мунтахаби ҷавонони Чин, дар дақиқаи дувум ҳисобро кушод. Голи дувуми чиниҳоро Жанг Аиҳуӣ дар дақиқаи 37-ум зад. Хианг Юванг голи севумро аз пеналти дар дақиқаи 67-ум ба нишон расонд.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бозии аввали дӯстонаро, ки рӯзи шанбеи 6-уми июн дар шаҳри Зунйии Чин баргузор шуд, ба тими ҷавонони Чин (U-23) бо ҳисоби 0:1 бохта буд.
Бояд гуфт, ки марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 миёни дастаҳои мунтахаби то 23-сола соли оянда баргузор хоҳад шуд.
Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар бозиҳои дӯстона муқобили мунтахаби ҷавонони Чин (U-23):
Дарвозабонҳо: Шаҳобиддин Маҳмудзода («Регар-ТадАЗ»), Зуҳриддин Муйдинов («Хуҷанд»), Беҳзод Ҳакимов («Истаравшан»);
Ҳимоятгарон: Қамариддин Ғаффорзода («Барқчӣ»), Александр Мухин («Парвоз»), Абдусамад Меликмуродов («Регар-ТадАЗ»), Муҳаммадҷон Исоқов («Сардор»), Баракатулло Неъматуллозода («Ҳосилот»), Меҳроҷиддин Розиқов («Вахш»), Султонбек Фозилов («Истаравшан»), Муҳаммадҷон Рустамов («Эсхата»), Рустам Камолов («Истиқлол»);
Нимҳимоятгарон: Фатҳулло Олимзода («Равшан»), Ҷовидон Хушвахтов, Зариф Зарифзода (ҳарду аз «Барқчӣ»), Муҳаммад Муҳаммадзода («Истиқлол»), Абубакр Сулаймонов («Сардор»), Ҳоҷӣ Абдуманнон («Эсхата»), Шаҳбон Наимов («Истаравшан»);
Ҳамлагарон: Беҳрӯз Хуҷаев («Вахш»), Некрӯз Зокиров («Сардор»), Муҳаммадиқбол Аминзода («Истаравшан»), Садриддин Улаев («Моҳир»).
Сармураббӣ – Мубин Эргашев.
Гуфтугӯ