Шаби 7-ум ба 8-уми июл ду бозии охирини даври 1/8-ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026, ки дар се кишвар - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика ҷараён дорад, доир гардид.
Нахуст тимҳои миллии Аргентина ва Миср дар варзишгоҳи «Мерседес-Бенс Стэдиум» (Атланта, ИМА) вориди рақобат шуданд. Бозӣ, ки хеле ҷолибу пуршиддат сурат гирифт, бо пирӯзии аргентиниҳо бо ҳисоби 3:2 ба поён расид.
Ҳимоятгари мунтахаби Миср Ёсир Иброҳим дар дақиқаи 15-ум ҳисобро боз кард. Баъди шаш дақиқа ҳамлагари аргентиниҳо Лионел Месси натавонист тӯбро аз пеналти ба нишон расонад. Дар дақиқаи 58-ум сардовари бозӣ Франсуа Летексйе (Фаронса) голи задаи ҳамлагари мисриҳо Мустафо Зикоро пас аз тамошои VAR бекор намуд: ҳангоми ҳуҷуми головар пойи Лисандро Мартинес зер карда шуд. Зико дар дақиқаи 67-ум аз рӯйи қоида гол зад ва африқоиҳоро ба пеш баровард – 2:0.
Сипас ҳимоятгари аргентиниҳо Кристиан Ромеро дар дақиқаи 79-ум ҳисобро тағйир дод – 1:2. Сарвони мунтахаби Аргентина Лионел Месси дар дақиқаи 84-ум ҳисбро баробар кард – 2:2. Дар дақиқаи 90+3 голи ҳимоятгар Энсо Фернандес ба аргентиниҳо пирӯзӣ овард — 3:2.
Бозии охирини даври 1/8-ниҳоии мусобиқа байни тимҳои миллии Швейтсария ва Колумбия дар варзишгоҳи «Би-Си Плэйс» (Ванкувер, Канада) баргузор шуд. Замони асосӣ ва изофаи дидор бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт. Аз рӯйи силсилаи пеналти мунтахаби Швейтсария бо ҳисоби 4:3 ғалаба кард.
Ҳамин тариқ, дар 1/4 финал мунтахаби Аргентина бо тими миллии Швейтсария рӯбарӯ мешавад. Бозӣ 12-уми июл дар варзишгоҳи «Эрроухед» (Канзас-Сити, Миссури, ИМА) соати 09:00 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.
Ба ин тартиб, ҳамаи бозиҳои даври ҳаштякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 баргузор шуда, ҷуфтҳои чорякфинал муайян гаштанд.
Дар даври 1/8-ниҳоӣ Марокаш бар Канада (3:0), Фаронса бар Парагвай (1:0), Норвегия бар Бразилия (2:1), Белгия бар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (4:1), Англия бар Мексика (3:2), Испания бар Португалия (1:0), Аргентина бар Миср (3:2) ва Швейтсария бар Колумбия (0:0, аз рӯйи пеналти – 4:3) пирӯз шуда, ба чорякфинал баромаданд.
Аммо мунтахабҳои Канада, Парагвай, Бразилия, Мексика, Португалия, ИМА, Миср ва Колумбия аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум шуданд.
Бозиҳои 1/4-ниҳоӣ рӯзҳои 10–12-уми июл ба нақша гирифта шудааст.
Бозии ниҳоӣ 19-уми июл дар варзишгоҳи «Метлайф Стэдиум» (MetLife Stadium), дар шаҳри Ист-Ратерфорд (иёлати Ню-Ҷерси, ИМА) сурат мегирад.
1/4 финал (замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе):
10-уми июл (ҷумъа)
05:00 Фаронса – Марокаш (Бостон, ИМА)
11-уми июл (шанбе)
04:00 Испания – Белгия (Лос-Анҷелес, ИМА)
12-уми июл (якшанбе)
06:00 Норвегия – Англия (Майами, ИМА)
12-уми июл (якшанбе)
09:00 Аргентина – Швейтсария (Канзас-Сити, ИМА)
Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 Лионел Месси (Аргентина) бо 8 гол дар мақоми аввал аст. Килиан Мбаппе (Фаронса) ва Эрлинг Ҳоланн (Норвегия) бо 7-голӣ дар ҷойгоҳи дувуманд. Ҳарри Кейн (Англия) бо 5 гол дар зинаи чаҳорум қарор дорад.
Ба панҷгонаи нишонзанҳои беҳтарин, инчунин Винисиус Жуниор (Бразилия), Ҷуд Беллингем (Англия), Исмоил Сарр (Сенегал), Микел Оярсабал (Испания), Усмон Дембеле (Фаронса) ва Хулиан Кинйонес (Мексика) бо чорголӣ шомиланд.