Ӯ дар моҳи феврал, ба ин боздоштгоҳ мунтақил шуд. Парвандаи ӯ намунае аз вазъияти кӯдакон ва навҷавононе аст, ки ба ангезаҳои сиёсӣ дар Русия зиндонӣ шудаанд.
Турбин дар соли 2023, замоне ки ҳамагӣ 15-сола буд, пас аз он боздошт шуд, ки эълонҳоеро дар интиқод аз Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, тақсим карда ва матлабҳои сиёсатмадорони мухолифи ҳукуматро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бознашр кард ва мухолифати худро бо ҳамлаи густурдаи Русия ба Украина иброз намуда буд.
Дар он замон аз ӯ ҳамчун ҷавонтарин зиндонии сиёсии Русия ёд мешуд. Вакили мудофеъ ба модараш гуфта буд, "Ирина, нигарон набош, ӯ як кӯдаки 14-сола буд, ки эътироз кардааст... оё воқеан ӯро як таҳдид хоҳанд донист"?
Инро яке аз дӯстони ӯ, ки монанди дигар афроде, ки дар ин гузориш бо онҳо гуфтугӯ шуд ва ба сабабҳои амниятӣ номаш фош нашудааст, ба бахши русии Радиои Аврупои Озод\Радиои Озодӣ гуфтааст.
Радиои Аврупои Озод\Радиои Озодӣ дар Русия ҳамчун созмони "номатлуб" шинохта шуда ва афроде, ки бо ин расона гуфтугӯ мекунанд, мумкин аст бо хатар рӯбарӯ шаванд.
ҶАВОНОН ДАР ПУШТИ ПАНҶАРАҲОИ ЗИНДОН
Турбин дар моҳи июни соли 2024, пас аз он, ки ба иттиҳоми узвият дар як созмони террористӣ гунаҳкор шуд, ба панҷ сол зиндон маҳкум шуд.
Созмоне, ки ӯ ба узвияти он муттаҳам шудааст, "Легиони Русияи озод" ном дорад -- як гурӯҳи мусаллаҳи руси мухолифи ҳукумат, ки дар берун аз Русия фаъолият дорад ва дар паҳлӯи нерӯҳои украинӣ ҷангидааст.
Турбин дар як имейл ба ин гурӯҳ навишта буд, ки "омода аст овезаҳоро насб кунад ва бо таблиғоти Путин мубориза кунад", аммо муфаттишон иддао карданд, ки ӯ қасд дошт ба Украина сафар кунад ва алайҳи аҳдофи низомӣ даст ба амалҳои харобкорона бизанад.
Турбин ин иддаоро рад мекунад. Ӯ пазируфтааст, ки эълонҳои интиқодиро дар бораи Путин дар сандуқҳои почтаи ҳамсояҳояш андохтааст, аммо гуфтааст, ки ин корро ба дастури ҳеч фарде ё гурӯҳе анҷом надодааст. Хонаводааш мегӯянд, муфаттишон эътирофи сохтагӣ ба парвандааш илова кардаанд.
Яке аз дӯстони ин хонавода гуфтааст, "муфаттишон ба онҳо гуфтанд, ки ҳамин кофӣ аст, ки Арсений мухолифи Путин ва мухолифи "амалиёти вижаи низомӣ" бошад. Истилоҳе, ки Кремл барои ҳамлаи густурдаи соли 2022 алайҳи Украина ба кор мебарад.
Турбин ҳамчунин матолибе аз Алексей Навалний, сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Русияро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бознашр кардабуд. Навалний дар соли 2024 дар зиндон ҷон бохт. Турбин ҳамчунон аз қабри ӯ дар Маскав дидан карда буд.
Пас аз эълони ҳукм, Турбин ба як маркази ислоҳ ва тарбият дар шаҳри Перм мунтақил шуд.
Дӯстони хонаводаи ӯ ба Радиои Аврупои Озод\Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз ҳамон ибтидо талошҳое барои ворид кардани иттиҳомоти бештар алайҳи ӯ сурат гирифт.
Ба гуфтаи тарафдорони Турбин, дар ибтидо зиндониёни дигар талош мекарданд ӯро вориди гуфтугӯҳое кунанд, ки мумкин буд дар ҷараёни он алайҳи худаш изҳороте дошта бошад, сипас як дафтарчаи дорои матлабҳо дар ҳимоят аз як гурӯҳи ҷавонони мамнуъшуда, дар мизи паҳлӯи бистари ӯ гузошта шуд.
Вакилони Турбин далелҳое пешниҳод карданд, ки нишон медиҳад, ӯ ҳеч пайванде бо ин дафтарча надоштааст. Онҳо ва дӯстони ин хонавода ҳамчунин гуфтаанд, ки Турбин аз сӯи омӯзгороне, ки ба кӯдакони зиндонӣ дар ин марказ омӯзиш медонанд, мавриди озору азият қарор гирифтааст.
ИТТИҲОМОТИ НАВ
Аммо имсол, вазъият ҷиддитар шуд. Дар 7 январ, дар Маркази ислоҳ ва тарбияи ҷойи нигаҳдории Турбин ошӯб рух дод. Пас аз он Турбин ба иштирок дар ин ошӯб муттаҳам шуд. Иттиҳомоти нав метавонад се то ҳашт сол зиндони дигар барои ӯ дар пай дошта бошад. Турбин ба хонаводааш гуфтааст, ки ҳангоми сар задани ошӯб дар утоқи худ будааст ва телевизион тамошо мекардааст.
Яке аз аъзои хонаводаи Туркин ба Радиои Аврупои Озод\ Радиои Озодӣ гуфт, ки як корманди Хадамоти амнияти федероли Русия як бор ба модари Турбин гуфта буд, "мо фарзандатро озод намекунем... як парвандаи дигар барояш дуруст мекунем".
Евгенний Смирнов, вакили созмони кӯмакҳои ҳуқуқӣ мегӯяд, ки мақомҳо дар бисёре аз мавридҳо иттиҳомҳои иловагиро бо ҳадафи "дар ҳам шикастан"-и зиндониён, матраҳ мекунанд.
Ӯ гуфт, "муҳокимаи дубора, дигар як рӯйдоди нодир нест, бисёр вақтҳо, ин иттиҳомот алайҳи касоне матраҳ мешавад, ки дар баробари система муқовимат мекунанд ва таваҷҷуҳро ба худ ҷалб мекунанд. Ба назар мерасад, мақомҳо аз ин тариқ талош доранд ҷомеаро бештар битарсонанд".
Дӯстони хонаводаи Турбин мегӯянд, ки хонаводаи ӯ то ҳадди тавон дар баробари ин вазъият муқовимат мекунанд.
Турбин дар Дубай ба дунё омадааст, аммо модараш Ирина, баъдҳо аз падари ӯ ҷудо шуд ва назди волидонаш дар шаҳри Ливни, дар 360-километрии ҷануби Маскав бозгашт.
Ӯ 13 сол ҳамчун мудири қарордодҳо дар як ниҳоди давлатӣ кор кард. Ирина дар моҳи июн вазифаашро аз даст дод ва пас аз он, ҳангоми ҷустуҷӯи кори нав натавонист марҳилаҳои бозрасиҳои амниятиро бомуваффақият пушти сар бигузорад.
Акнун танҳо даромади хонавода, нафақаи на чандон зиёди бобо ва бибии Турбин аст. Ҳамаи хароҷот, аз ҷумла, хароҷоти вакили дифоъ, сафарҳои тӯлонӣ барои дидор бо ӯ дар Перм, низ аз ҳамин ҳисоб хоҳад буд.
Яке аз дӯстони хонавода гуфтааст, "бибиаш гуфтааст, ки бояд ӯро бубинад. Чӣ касе медонад чӣ ҳодисае рух хоҳад дод? Онҳо ҳамаи хонаводаро нобуд мекунанд".
ЯК ҲОЛАТИ АЛОҲИДА НЕСТ
Ҳарчанд Турбин дар замони боздошт, ҷавонтарин зиндонии сиёсии Русия муаррифӣ шуда буд, аммо парвандаи ӯ як парвандаи истисноӣ нест.
Гузоришҳо аз сӯи созмони ҳуқуқи шабари "Мемориал", ки дар Русия манъ шудааст, дар моҳи июни имсол 627 мавриди дигари ҷиноӣ бо ангезаҳои сиёсӣ алайҳи афроди зери сини қонуниро сабт кардааст.
Дар ин гузориш омадааст, ки "299 фарди зери 18-сола аз озодӣ маҳрум шудаанд ва дар ҳоли ҳозир 108 кӯдак дар боздошт ба сар мебаранд".
Созмони "Мемориал" гуфтааст, ки шумори воқеии ин афрод мумкин аст бисёр бештар бошад. Ин созмон ҳамчунин аз афзоиши чашмгири парвандаҳое хабар додааст, ки дар онҳо пас аз зиндонӣ шудани афроди зери сини қонунӣ, иттиҳомоти иловагӣ алайҳи онҳо матраҳ шудааст.
Ин гузориш ҳамчунин гуфтааст, ки мавридҳое чун навиштани шиорҳои эътирозӣ, тақсими эъломияҳо, нашри матлабҳои зидди ҷанг дар шабакаҳои иҷтимоӣ, талош барои осеб расонидан ба таҷҳизоти хатти оҳан ё иддаоҳои узвият дар созмонҳои манъшуда, борҳо аз сӯи мақомҳои Русия ҳамчун иқдомоти террористӣ табақабандӣ шудаанд.
Дар ин гузориш омадааст, "парвандаҳои ҷиноӣ ба абзоре барои тарсонидани ҷавонон ва ҳушдор додан ба дигарон табдил шудаанд".
Дар ин гузориш ба парвандаи се писари навҷавон, ки дар сини 14-солагӣ боздошт шудаанд, низ ишора шудааст.
Никита Ударов пас аз онки муттаҳам шуд дар бозии видеоии Minecraft як маркази Хадамоти амнияти федеролии Русияро сохта ва ният доштааст онро битарконад, ба панҷ сол зиндон маҳкум шуд. Валерий Зайтсев низ ба иттиҳоми барномарезӣ барои анҷоми як ҳамлаи террористӣ, ба чоруним сол зиндон маҳкум шуд.
Ҳамчунин, Артём Доронин пас аз он, ки муттаҳам шуд, талош кардааст як маҳали нигаҳдории санадҳоро дар як истгоҳи роҳи оҳан ба оташ бикашад, тибқи бандҳои вобаста ба терроризм, ба чор сол зиндон маҳкум шуд.
Созмони "Мемориал" парвандаи Турбинро "намунае аз корбурди худсаронаи қонуни марбут ба иқдомҳои террористӣ" хондааст.
Ин созмон гуфтааст, ки ин иттиҳом танҳо абзори қонунӣ буд, ки ба муфаттишон иҷоза медод алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кунанд, зеро афроди зери 16-сола дар Русия дар баробари осеб расондан ба амвол аз рӯи моддаи авбошӣ ё анҷоми иқдомҳои харобкорона, масъулияти ҷиноӣ надоранд.
Акнун гуфта мешавад, хонаводаи Турбин ба таври вижа нигаронанд, ки бо расидани ӯ ба 18-солагӣ дар 19 август ва табдил шудан ба як фарди калонсол, барои идомаи давраи маҳкумияташ ба куҷо мунтақил хоҳад шуд.
То кунун мақомҳои Русия дар ин маврид ба таври расмӣ чизе нагуфтаанд, аммо хонаводаи ӯ нигарон ҳастанд, ки Турбин ба ҷойе дуртар аз Перм интиқол дода шавад.
Вакилони мудофеи Турбин дар ҳоли омода кардани шикояти кассатсионӣ ба як додгоҳи зинаи боло ва ҳамчунин муроҷиат ба Владимир Путин ва хостори баррасии парвандаи ӯ шудаанд.
Гуфтугӯ