Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози Бозиҳои варзишии Тоҷикистон


Бозиҳои варзишии Тоҷикистон бо сабқати гуштии миллӣ, ки рӯзҳои 26-ум ва 27-уми март дар ноҳияи Рашт баргузор шуд, оғоз ёфтанд.

Зикриё Бухориев, сардовари сабқати гуштии миллӣ, ба радиои Озодӣ гуфт, дар рақобатҳо 80 паҳлавон аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат дошт.

Вай афзуд: “Дар ҳисоби дастаӣ тими мунтахаби шаҳру навоҳии тобеи марказ мақоми аввалро касб кард. Дастаҳои Хатлон-1 дар ҷои дуввум ва Душанбе-1 дар ҷои саввум қарор гирифтанд”.

Ба итилои сардовари мусобиқа, дар рақобатҳои инфиродӣ Диловар Сангов (вазни то 55 кг), Миралӣ Меҳбуллоев (то 65 кг), Раҳматуллои Маҳмад (то 70 кг) – ҳарсе аз Душанбе-1, Ҳотамшои Абдуғанӣ (то 75 кг), Зайналобуддини Аъзамшо (то 80 кг), Абдуваҳҳоб Сатторов (то 86 кг) – ҳарсе аз Хатлон-1, Каъбатулло Аминов (то 60 кг), Нурулло Неъматов (вазни мутлақ) – ҳарду аз ноҳияи Рӯдакӣ, Додохон Қурбоналиев (то 95 кг) аз шаҳри Турсунзода ва Убайдулло Насибов (+95 кг) аз ноҳияи Рашт ҷойҳои аввалро гирифта, бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд.

Наргис Набиева, сардори раёсати варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, Бозиҳои варзишӣ ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Вай афзуд: “Бозиҳо аз се марҳила иборатанд. Марҳилаи аввал- мусобиқот дар шаҳру навоҳии кишвар, марҳилаи дуввум - мусобиқоти вилоятиву минтақавӣ ва марҳилаи саввум - мусобиқоти ниҳоӣ. Ба барномаи Бозиҳо 12 навъи варзиш – баскетбол, бокс, вазнабардорӣ, варзиши сабук, волейбол, тенниси рӯи миз, таэквон-до ИТФ, инчунин, 5 навъи гуштӣ - миллӣ, озод, юнониву румӣ, дзю-до ва самбо шомиланд. Занон дар 5 намуд – баскетболу волейбол, варзиши сабук, тенниси рӯи миз ва таэквон-до рақобат хоҳанд кард”.

Ба иттилои Наргис Набиева пас аз паҳлавонон дар авоили моҳи апрел дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Чкаловск гуштигирони юнониву румӣ ва озод қувваозмоӣ мекунанд.

Мусобиқот дар навъҳои дигари варзиш аз 11-ум то 15-ум май дар доираи чорабиниҳои “Ҳафтаи ҷавонон” дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Ваҳдат ва Турсунзода доир хоҳад шуд.

Тақвими Бозиҳои варзишии Тоҷикистон

Гуштии юнониву румӣ
5-6 апрел. Хуҷанд.

Гуштии озод
8-9 апрел. Чкаловск.

Варзиши сабук
11-12 май. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ.

Таэквон-до (ИТФ)
11-12 май. Душанбе. Қасри теннис.

Бокс
11-14 май. Қӯрғонтеппа. Боғи фарҳанги шаҳр.

Баскетбол
11-15 май. Хуҷанд. Мусобиқаи мардон ва занон.

Волейбол
11-15 май. Душанбе. Қасри варзиши иттифоқҳои касаба. Мардон ва занон.

Тенниси рӯи миз
11-15 май. Кӯлоб.

Самбо
12 -13 май. Турсунзода. Маҷмааи варзишии «Самандар-асриХХI ».

Вазнабардорӣ
13 -14 май. Ваҳдат.

Дзю-до
14-15 май. Душанбе. Толори бозиҳои дастӣ (Манеж).
XS
SM
MD
LG