Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Афғонистон, "Соли 1937", Рамазон ва "Харобаҳои Мадоин"


Интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон аз мавзӯъоти аслии шумораҳои нави ҳафтаномаҳои Тоҷикистон буд. «Азия-Плюс» дар ин робита назари сиёсатмадорони шинохтаи тоҷикро пурсон шудааст. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода - муовини аввали сарвазири кишвар баргузории интихобот ва ба вижа ширкати фаъолонаи занон дар онро дорои аҳамияти бузург номидааст. Мирҳусейн Назриев - раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки дар бархе аз ҳавзаҳо ба қонуншиканӣ ва тақаллуб роҳ дода шудааст ва бояд, ки дар ин ҳавзаҳо раъйдиҳӣ аз сари нав баргузор гардад.

Раҳматулло Валиев - муовини раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон бар ин назар будааст, ки агар ин интихобот ба вазъи носуботи Афғонистон нуқта бигзорад, пас ин ба нафъи куллияи минтақа мебошад. Зеро чанд соли охир маҳз ин вазъи Афғонистон манбаъи аслии ҳама хатарҳои минтақа, аз ҷумла ифротгароӣ ва кишт ва интиқолу интишори мухаддирот маҳсуб мегардад.
Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» навиштааст, ҳарчанд натоиҷи расмии интихобот баъди сиюми октябр эълон мешавад, вале аз ҳоли ҳозир коршиносон қазияро ба нафъи Ҳамид Карзай ҳалшуда меҳисобанд. Халъи силоҳи гурӯҳҳои мустақил аз вазифаи аввалиндараҷаи президенти нахустини Афғонистон номида шудааст.

Нашрияи «Зиндагӣ» ғолиби асосии интихобот мардуми Афғонистонро донистааст. Бори нахуст дар таърихи тӯлонии худ, мардуми ин кишвар имкон пайдо намуд, ки роҳбари мамлакатро барои панҷ сол худаш интихоб кунад, омадааст дар матлаб. Мавзӯъи дигаре, ки бидуни истисно ҳар як нашрияи Тоҷикистон доир ба он матлабе нашр кардааст, фарорасии Рамазон ва фазилатҳои ин моҳи шарифи мусалмонон мебошад. Ин матолиб манофеъи равонӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва тиббии рӯзагириро таъкид намудаанд. Шӯрои уламои дини Тоҷикистон имсол садақаи фитрро як сомонӣ сари фард ва закот аз моли зийодатиро дуввуним дар сад таъйин кардааст.

«Нерӯи Сухан» тасмим гирифтааст, пораҳо аз китоби хотираҳои чопнашудаи нависандаи халқии Тоҷикистон, марҳум Ҷалол Икромӣ зери номи «Соли 1937»-ро нашр бикунад. Дар ин нашр, Ҷалол Икромӣ аз маҳбусии худ қисса карда гиламандии бештар аз мақолаи зидди ӯ навиштаи Сотим Улуғзода кардааст. Ҷалол Икромӣ навиштааст, сабаби навиштани он мақола аз ҷониби Сотим Улуғзода хавфи ӯ аз гирифторӣ ба ҳамин ҳол будааст.
«Вароруд» дар бораи муҳоҷирони кории ӯзбак дар Тоҷикистон навиштае чоп кардааст. Дар матлаб омадааст, мардикорони ӯзбак аз навоҳии ҳамсарҳад бозори мардикорони маҳаллиро танг менамоянд. Даромади миёнаи онҳо танҳо дар як фасли тобистон ба ҳисоби мийона 500 долларро ташкил медодааст. Сарфи назар аз мушкилоти убури сарҳад шаҳрвандони навоҳии ҳамсояи вилояти Фарғона ҳар рӯз барои дарёфти ризқу рӯзияшон ба Тоҷикистон меомадаанд.

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар пешорӯи ҷашни 80-солагии Душанбе матлабе доир ба вазъи ободонии пойтахт нашр кардааст. Аз қавли сокинон навишта шудааст, гӯё Душанбе фақат аз 3-4 кӯчаи марказӣ иборат бошаду бас. Партовҳо, харобаҳо, гузаргоҳҳои ифлос ва мақфул, беобиву бебарқӣ симои аслии кӯчаҳои канории Душанбе номида шудааст. Аз бемасъулиятии масъулин мисол оварда шудааст, ки маъракаҷойи назди хонаи рақами 21-и маҳаллаи Саъдии Шерозиро бо баҳонаи он ки онҷо мардум намози ҷамоат мехонад, дастур додаанд, то вайрон созанд. Хоҳиши сокинон, ки онро ба китобхона табдил хоҳанд дод, ба эътибор гирифта нашуда онро ба истилоҳи муаллиф ба «Харобаҳои Мадоин» табдил додаанд.
XS
SM
MD
LG