Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раисону саисон, биҳишт дар дасти дӯзахиён, хатар ба миллат


Холиқи Сангин аз шаҳри Душанбе

Нашрияи «Нерӯи Сухан» дар як матлаби худ таҳти унвони «Кишвари биҳиштӣ дар дасти дӯзахиён» бетаваҷҷӯҳиву фориғболии масъулинро як иллати аслии аз кор мондани аксар корхонаҳои саноатӣ дар Тоҷикистон номида, навиштааст, ҷавонони ҳарису чашмгуруснаи мо ба хотири ду тангаи пуч ва фурӯши симҳои мису алюмин шуда, дастгоҳҳои кории бештари корхонаҳоро аз кор баровардаанд. Ба навиштаи ҳафтаномаи мазкур, аз ин роҳ садҳо тонна маводи қимматбаҳо ғорат ва тавассути қатораҳо ба хориҷ аз Тоҷикистон интиқол дода шудааст. «Нерӯи Сухан» афзудааст, роҳбарони корхонаву муассисаҳои муайян бо мушоҳида намудани чунин вазъ дар фалаҷу корношоям гардидани таҷҳизоту дастгоҳҳои нодири корхонаҳо саҳмгузорӣ намудаанд ва имрӯз бо баҳонаҳои хусусигардонӣ корхонаҳои аз кор афтодаро ба фурӯш мегузоранду пас аз он аз корхона фақат ном боқӣ мемонад.

Дар ҷои дигари ин матлаб муаллиф масъулинро ба бетаваҷҷӯҳӣ ба фарҳангу таърих ва ободии диёри худ муттаҳам кардааст. Дар тақвияти фикр муаллиф чунин суол гузоштааст, ки наход барои таъмиру тармими бинои «Ориёнбонк», ҳукумати шаҳри Душанбе ва биноҳои истиқоматии назди қасри президент аз Русия сохтмончӣ овардан шарт бошад. Дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон ҳама гирифтори бемории худпарастӣ қасрсозиву айшу роҳат ва рақсу бозиҳои бачагонаанд гуфтаас «Нерӯи Сухан» рӯшан нест, ки сарнавишти ин кишвар дар оянда чӣ гуна рақам мехӯрад.

«Тоҷикистон» дар шумораи тозанашри худ дар як мақолаи васеъ масоили марбут ба шароити кории коргарони турку тоҷикро дар эҳдоси роҳи мошингарди Кулоб - Қулма - Қароқурум ба барррасӣ гирифта, навиштааст, ки ҳуқуқи коргарони тоҷик дар ин сохтмон аз сӯи раҳбарияти ширкати туркии "Аге Текар" поймол мегардад. Муаллифи матлаб, ки "Раисону саисон" номгузорӣ шудаааст, навиштааст, ки дар як ҷои корӣ коргарони турк ҳар моҳ аз 900 то 1500 доллар маош мегиранду коргарони тоҷик дар як моҳ ҳамагӣ 180 сомонӣ муодили 60 доллари амрикоӣ ҳуқуқ дарёфт менамоянд. Ин дар ҳолест, ки илова бар ин коргарони тоҷик дар сохтмони ҷодаи Кулоб- Қулма- Қароқурум аз ҳеҷ гуна имтиёзу шароити истироҳат бархурдор нестанд. Барои мисол навиштааст «Тоҷикистон», бар хилофи моддаи 35 Қонуни асосии ҷумҳурии Тоҷикистон, кордеҳони туркӣ ҳаққи истироҳати коргарони тоҷикро нодида мегиранд ва дар ду ҳафта ба коргарони тоҷик ҳамагӣ як бор иҷоза медиҳанд, ки истироҳат намоянд.

"Нерӯи Сухан" дар пасманзари тавофуқоти ахир миёни Русияву Тоҷикистон навиштааст, ки нони даҳонамонро кашида мегиранд. Муаллифи ин мақола нигоштааст, ки бинобар нотавониву лоилоҷӣ барои ду тангаи ваъдашуда тамоми обу хоки Тоҷикистонро мефурӯшем. Ба эътиқоди муаллиф, аз беҳунарӣ, аз нотавонбинии ҳамдигар бозичаи дасти дигаронем ва онҳо бо додани қарзҳои ночизашон ултиматум мемонанд ва ҳар вақт хоҳанд сарватҳои кишварро зери тасарруфи худ қарор медиҳанд. Муаллиф мефзояд, ҳайҳот зарби ин лагадҳоро танҳо чор панҷ афроди баномус дарк доранду халос. Фардо, ки аз ин миллату хоку бум нишоне намонд, иддае хоҳанд гуфт, моро ҳушдор дода буданду гӯш накардем.
XS
SM
MD
LG