Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Диҷей Исмоил: "Ба тоҷикӣ реп сурудан осон нест."


Ҳип-ҳоп як навъ мусиқӣ ва фарҳанги хиёбониест, ки дар ибтидои солҳои 70-ум дар Амрико аниқтараш дар шаҳри Ню-Йорк ба вуҷуд омадааст. Ҷавонони тахминан 20-сола дар як ҷойи муаяйне ҷамъ шуда, ба намоиши ҳунари хиёбонии худ ба мисли диҷей, яъне эҷод ва иҷрои мусиқӣ тавассути қарта, брекданс, эмсиинг, ё худ реппинг тибқи оҳанг қофиябандӣ кардани фикр ва граффитӣ, яъне наққошӣ дар рӯи девор мепардохтанд. Нахуст ин машғулиятҳои ҷавонон дар алоҳидагӣ ҷараён мегирифт, аммо бо мурури замон то он дараҷае рушд намуд, ки алъон ҳамчун равияи ҳип-ҳоп шинохта мешаванд. Феълан дар Тоҷикистон 25 гурӯҳ пайрави ин равияи мусиқӣ аст, ба мисли "Ҳип-ҳоп гёлз", "Репзона", "Турон" ва ғайра.

Исмоил Исмоилов, ё худ Диҷей Исмоил аз соли 1998 инҷониб аз рӯи мусиқии ҳип-ҳоп фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Ва чуноне ки ӯ дар сӯҳбат бо мо гуфт: "Дар аввал тоҷикистониён репро хуш надоштанд, чун аксаран реп бо забони русӣ суруда мешуд ва ман нахустин бор соли 98-ум дар саҳна баромад намудам ва шояд аввалин касе будам, ки бо забони тоҷикӣ реп сурудам. Ва гуфтан мумкин аст, мухлисони зиёде низ пайдо намудам, чун алъон ҳар куҷое баромад мекунам, маро хуш қабул мекунанд."

Ӯ меафзояд: "Ман барои он ин навъи мусиқиро интихоб кардам, чун тӯли 5 сол дар шаҳри Маскав таҳсил ва зиндагӣ мекардаму бо он нафароне, ки бевосита бо ҳип-ҳоп машғул буданд, шиносоӣ доштам. Аксарият репро бо ҳип-ҳоп омезиш медиҳанд, ки ин хатост. Ҳип-ҳоп як дарахти бузург аст, ки шохаҳои зиёд дорад, ба мисли арембӣ, ҳарткор, реп, попреп, генкстареп ва ғайраҳо. Чун ин навъи мусиқӣ барои мо тоҷикон чизи нав аст. Ва мақсади баргаштани ман ба Тоҷикистон низ аз он иборат аст, ки бо ин равияи мусиқӣ мардумро ошно кунам. Ман гумон мекунам, дар тӯли 1 соли фаъолиятам дар Тоҷикистон то ҷое ба ҳадафам расидам, чун тавонистам теъдоди реперонро дар Тоҷикистон зиёд кунам ва рӯзҳои наздик ният дорам, як фестивали реперонро низ ташкил намоям."

Исмоил мегӯяд, солҳои 99-ум дар Тоҷикистон анқариб 40-50 гурӯҳ фаъолият мебурд, ки бевостиа бо ин навъи мусиқӣ сару кор дошт, аммо баъдан аксарият ба мамолики мухталиф мисли Олмон ва Австрия кӯч бастанд ва айни замон фаъолияташонро дар ин самт дар он кишварҳо идома медиҳанд. Стили ҳип-ҳоп аз дигар равияҳои мусиқӣ бо он фарқ мекунад, ки ба истилоҳ "ҳип-ҳопчиён" дар саҳна хеле серҳаракатанд. Ба ақидаи онҳо, тамошобинон ба мусиқӣ кам аҳамият медиҳанд, балки диққати онҳо бештар ба ҳаракоте, ки рӯи саҳна иҷро мешавад, равона мегардад. Бисёриҳо гумон мекунанд, ки фаъолит кардан дар ин навъи мусиқӣ хеле осон аст, аммо ин иштибоҳи бузург аст. Чун бо забони тоҷикӣ иҷро намудани ҳип-ҳоп ниҳоят мушкил аст. Аз ин рӯ аксарият кӯшиш мекунанд, бо забони русӣ реп сароянд. Мавзӯҳои репсароёни тоҷик аслан ба ишқу муҳаббат, ватанпарастӣ ва баъзе масоили доғи рӯз, мисли нашъамандӣ бемориҳои сироятӣ бахшида шудааст.

Диҷей Исмоил мегӯяд, ҳатто наврасони тоҷик ба ин намуди мусиқӣ бетаваҷҷӯҳ нестанд, чун чанд рӯз қабл 2 нафар кӯдаки яке 7-сола ва дигаре 9-сола барои сабти ҳип ҳоп ба назди Исмоил омадаанд. Ва ба гуфтаи Исмоил то кунун 4 фиттаи гулчини ҳип-ҳопчиёни тоҷик сабт ва ба фурӯш гузошта шудааст, ки ин далели он аст, ки ҷавонон имрӯз ин навъи мусиқиро хуб истиқбол менамоянд.

Вобаста

XS
SM
MD
LG