Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низоми колхозӣ ҳамоно побарҷост. Пахта аз куҷо 560 000 тонна шуд? Ронандагон ҳамарӯза ба маоши ГАИ 8 000 сомонӣ меафзоянд...


Нашрияи тахассусии «Бизнесмен» дар сӯҳбат бо Азизбек Фаттоев, раиси хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони Тоҷикистон ба фаъолияти ҷамъиятҳои деққонии ин кишвар пардохта, навиштааст, дар ҳоли ҳозир дар заминаи 580 хоҷагии собиқи давлатӣ беш аз 22 ҳазор хоҷагиҳои мустақили деҳқонӣ таъсис ёфтаанд.
Аммо ин нашрия аз қавли мусоҳиби худ навиштааст, хоҷагиҳои навтаъсиси деҳқонӣ танҳо ба ном мустақилу деҳқонианд. Дар асл, афзудааст нашрия, хоҷагиҳои навтаъсиси деҳқонӣ бо айби масъулини ҳукуматҳои маҳаллӣ бо усулу равишҳои кӯҳна кору фаъолият доранд. Раиси ҷамъияти хоҷагиҳои деҳқонии Тоҷикистон гуфтаааст, ба ин далел аксари хоҷагиҳои деҳқонӣ ба мушкилоти зиёди моддиву молӣ дучор гардида наметавонанд дар рушди соҳаи кишоварзӣ саҳми муассир гузоранд. Ба қавли раиси ҷамъияти хоҷагиҳои деҳқонии Тоҷикистон, қариб дар ҳама навоҳии ин кишвар раисони ҳукуматҳои маҳаллӣ ба кори хоҷагиҳои деҳконӣ дахолат менамоянд ва бар хилофи қонуни хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон қабул шудааст, ба онҳо амру фармоиш медиҳанд, ки кадом навъи зироатро кишт намоянд.
Гузашта аз ин, гуфтааст раиси ҷамъияти хоҷагиҳои деҳконии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир, бинобар бетаваҷҷӯҳии мақомоти ҳукуматҳои маҳаллӣ ва тақсимоту корбарии ноодилонаи гурӯҳҳои миёнарав, қарзи хоҷагиҳои деҳконӣ дар баробари ниҳодҳои бонкиву сармоягузорон то ба 180 миллион доллари амрикоӣ расидааст.

Ҳафтаномаи «Наҷот» дар матлабе таҳти унвони «Тиллои сафед ё ҳамаи ранҷи деҳкон барои чист?» иҷро нашудани нақшаи имсолаи пахтасупорӣ дар Тоҷикистонро ба ноӯҳдабароии руасои навоҳии пахтакор ва адами ҳавасмандии моддиву қадр нашудани заҳмати марди деҳкон марбут донистааст. Бино ба навиштаи ин ҳафтанома, аз 17 ноҳияи пахтакор имсол танҳо дар 10 ноҳия тавонистаанд нақшаи пахтасупориро иҷро намоянд. Мувофики омори расмӣ, навиштааст «Наҷот», истеҳсоли пахта дар соли ҷорӣ дар кишвар 560 000 тоннаро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли гузашта 21 ҳазор тонна бештар будааст. Аммо »Наҷот» натиҷагирӣ намудаааст, ки агар тавсиъаи имсолаи майдони кишти пахта ба назар гирифта шавад, ин пешрафти қобили мулоҳиза нест.

«Нерӯи Сухан» ба тамаъҷӯии нозирони роҳ дахл карда навиштааст, дар тамоми сайрхаттҳои нақлиёти мусофиркашонии шаҳри Душанбе кормандони бозрасии автомобилӣ дар рӯзи равшан аз ронандагони маршруткаҳо ришва меситонанд. «Нерӯи Сухан» дар ин робита навиштааст,ки агар ҳамарӯза дар шаҳри Душанбе 2000 маршрутка дар равуо бошад ва ҳар ронанда рӯзе 4 сомонӣ «чойпулӣ» ба нозири роҳ супорад, пас ба маоши кормандони бозрасии нақлиёт ҳамарӯза дар роҳҳо 8 000 сомонӣ замм мешавад.

«Бизнес и политика» навиштааст, ҳукумати шаҳри Душанбе бо ихтисоси 870 000 доллари амрикоӣ мехоҳад, сар аз соли нави мелодӣ вазъи таъмини пойтахт бо васоити нави мусофирбарро беҳтар созад. Бо ин ҳадаф, навиштаааст «Бизнес и Политика», шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, то охири моҳи январи соли 2005 мелодӣ 50 троллейбус ва 30 адад васоити нақлияи мухталифи мусофирбарӣ харидорӣ намояд.
XS
SM
MD
LG