Дар чанд ҷумла
Human Rights Watch вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро шикананда хондааст
Дар мавриди ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон, гурӯҳи Дидбони Ҳуқуқи Башар менависад, ки ҳизби Халқӣ - демократии Тоҷикистон таҳти раҳбарии президент Раҳмонов ҳаёти сиёсии кишварро зери нуфузи худ гирифтааст. Тибқи қарордоди соли 1997 дар мавриди тақсими қудрати сиёсӣ, 30 дар сади мақомҳои баланди ҳукумат бояд ба аҳзоби мухолиф дода шавад. Моҳи январи соли 2004-ум Раҳмонов намояндагони аҳзоби дигарро аз мақомҳои давлатӣ сабукдӯш карда, ба ҷои онҳо аъзои ҳизби худро гузошт. Ба ин тариқ, ҳиссаи намояндагони ҳизбҳои дигар дар вазифаҳои баланди давлатӣ то ба 5 дарсад поин шуд. Дар идомаи гузориш омадааст, ки мухолифони Раҳмонов дар муқобили иттиҳомоти бо ҳадафҳои сиёсӣ гузошташуда осебпазир мебошанд. Дидбони Ҳуқуқи Башар дар ин бора мисолҳои мушаххас низ овардааст.
Дар мавриди аҳзоби дигари мухолиф гузоришгарон навиштаанд, ки онҳо бо имконот ва пуштибонии маҳдуди мардум арзи вуҷуд мекунанд. Ба онҳо усулан ҳаққи фаъолият дода шудааст, вале дар амал ба гуфтаи гурӯҳи Дидбони Ҳуқуқи Башар ин ҳизбҳо ҳангоми сабти ном дар вазорати адлия ба монеаҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешаванд.
Дидбони Ҳуқуқи Башар ба вижа, интихоботҳои Тоҷикистонро зери танқиди шадид гирифтааст: "На интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 1999 ва на интихоботи парламентии соли 2000-ум ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ набуданд. Тибқи баъзе иддаоҳо, назарпурсии умумии моҳи июни соли 2003- ум, ки ба Раҳмонов ҳаққи довталабӣ ба ду мӯҳлати дигари ҳафтсолаи раёсати ҷумҳуриро медиҳад, ҳамчунин аз фиребкориҳо холӣ набуд."
Таҳти танқидҳои оппозитсион ва даъвати созмонҳои байналмилалӣ, ҳукумати Тоҷикистон қонуни интихоботро ислоҳ кард. Вале, ба гуфтаи ин созмон, тарҳи ислоҳшуда низ мавриди танқидҳои зиёд мебошад. Масалан, гирифтани 500 доллар аз номзадҳои интихоботи парламентӣ як монеа дар роҳи вуруди намояндагони оппозиситон ба сабқати парламентӣ арзёбӣ мешавад. Дар мавриди озодиҳои баён дар кишвар гурӯҳи Дидбони Ҳуқуқи Башар менависад, ки сарфи назар аз афзоиши маҳбубияти нашрияҳои мустақил, баёни озод дар Тоҷикистон ҳамоно зери хатар боқӣ мондааст. Дар гузориш омадааст, нашрияҳои мустақил ҳаққи фаъолият доранд, вале чопхонаҳои давлатӣ, аз нашри онҳо худдорӣ мекунанд. Чопхонаи хусусии "Ҷиёнхон" нашри рӯзномаҳои мустақили "Рӯзи Нав", "Нерӯи Сухан", "Одаму Олам" ва "Наҷот"-ро давом дод, вале моҳи август мақомоти расмӣ бо баҳонаи фиребкорӣ дар пардохти молиёт, ё андоз, чопхонаи "Ҷиёнхон"-ро бастанд.
Дар мавриди фаъолияти радио ва телезионҳои мустақил, Гурӯҳи Дидбони Ҳуқуқи Башар навиштааст, ки сабти номи расмӣ монеаи асосии радиову телевизионҳои мустақил мебошад. Бо ин ки ҳамлаҳои ҷисмонӣ ба хабарнигорони мустақил кам шудааст, азият ва озори журналистон ҳамоно мавриди нигаронии ҷиддӣ мебошад. Анҷумани Расонаҳои Мустақил аз моҳи январи соли 2004 ум то кунун 12 мавриди ҳамла ба хабарнигоронро гузориш додааст.
Гурӯҳи Дидбони Ҳуқуқи Башар ҳамчунин тазаккур додааст, ки ҳарду палатаи парламенти Тоҷикистон лағви ҳукми эъдомро тасвиб карданд. Баъди имзои раиси ҷумҳурӣ ин ин ҳуҷҷат ҳукми қонун мегирад. Дар мавриди озодиҳои динӣ дар гузориш омадааст, ки Қонуни асосии Тоҷикистон озодии динро таъмин мекунад, вале мақомот фаъолияти гурӯҳҳои динро зери назорат гирифтаанд. Гурӯҳи Дидбони Ҳуқуқи Башар кӯшишҳои мақомоти Тоҷикистонро дар мавриди мубориза зидди қочоқи занону кӯдакон ситоиш кардааст.
Дар поёни гузориш гурӯҳи ҳуқуқи башар ба робитаҳои хориҷии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ кардааст. Дидбони Ҳуқуқи Башар менависад, ки Русия ҳамоно нуфузи худро дар Тоҷикистон ҳифз карда, вале дар ин миён, Тоҷикистон бо Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо низ ҳамкориҳои худро густариш додааст. Аз шурӯъи маъракаи зидди террор дар соли 2001-ум Амрико ба Тоҷикистон таваҷҷӯҳи бештар нишон медиҳад. Соли 2004-ум Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 50 миллион доллар кӯмак кард. Октябри соли 2004 ум Тоҷикистон қарордоди ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро имзо намуд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Эмомалӣ Раҳмон аз таҳдиди камобӣ дар Осиёи Миёна гуфт
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз таҳдиди камобӣ дар Осиёи Марказӣ, ки хонаи тақрибан 85 миллион нафар аст, ибрози нигаронӣ карда, хостори таҳкими ҳамкориҳо дар истифодаи босамари об дар минтақа шудааст.
Ӯ рӯзи 22 апрел зимни суханронӣ дар ҳамоиши минтақавии зистмуҳитӣ, ки дар шаҳри Остона сурат мегирад, гуфтааст, обшавии пиряхҳо, дар саросари ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистон, суръати бештар мегирад ва ин "ба вайроншавии тавозуни об, таҳдидҳо ба муҳити зист ва афзоиши фалокатҳои табиӣ оварда мерасонад".
Дар нишасти минтақавӣ, ки дар шаҳри Остона се рӯз идома мекунад ва раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам ҳузур доранд, масоили ташкили сиёсати муштарак барои ҳифзи муҳити зист, истифодаи босамари об ва муҳофизати олами набототу ҳайвоноти минтақа баррасӣ мешаванд.
Тоҷикистону Узбекистон, Қирғизистону Қазоқистон ва Туркманистон дар чанд соли гузашта сари тақсими об дар минтақа баҳсҳои зиёде доштанд.
Агарчӣ баҳсҳо фӯру нишастаанд, вале ихтилофоти назар боқӣ мондааст ва аз тарафи дигар сиёсатҳои худи ҳукуматҳо мушкилоти зиёди зистмуҳитӣ, аз қабили норасоии об, табоҳшавии замин, коҳиши ҷангалзорҳоро ба вуҷуд овардааст.
Идомаи таҳқиқи қатли як сокини Ванҷ
Муфаттишони Додситонии ҳарбии гарнизони Хоруғ ҳодисаи куштори Саломатшо Ғалчаев, як сокини 34-солаи ноҳияи Ванҷро таҳқиқ доранд.
Ҳодиса шаби 17-уми март дар деҳаи Рохарви Ванҷ бар сари робитаи Ивазмад Қодиров, афсари Вазорати корҳои дохилӣ бо як духтари мактабхон, ки хеши ҷавони кушташуда аст, рӯй дода буд.
Неъмат Ғалчаев, бародари Саломатшо Ғалчаев рӯзи 21-уми апрел дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, муфаттишон рӯзи ҷумъаи гузашта ба манзили бародараш омада, бо ҳамсару хоҳараш дар бораи ҷузъиёти ҳодисаи шаби 17 март сӯҳбат карданд.
Ба қавли Неъмат Ғалчаев, муфаттишон гуфтаанд, ки парванда такмил шудааст ва эҳтимол дорад ҳафтаи оянда ба додгоҳ фиристода шавад. Ӯ умедворӣ кард, ки мурофиаи парвандаи куштори бародараш, ки соҳиби шаш фарзанд аст, мунсифона сурат мегирад ва афсари пулис ҷазои сазовор хоҳад гирифт.
Алайҳи Ивазмад Қодиров, командири ротаи фаврии таъйиноти махсуси Қӯшунҳои дохилӣ дар ноҳияи Ванҷ бо ҷурми "куштори одам" ва ҳолатҳои дигар, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Дар ҳоли ҳозир мавқеи ӯ ва наздиконаш ба қазия маълум нест.
"Русия мумкин аст убури нафти Қазоқистон ба Олмонро қатъ кунад"
Хабаргузории "Рейтерз" рӯзи 21 апрел ба нақл аз се манбаъ гузориш дод, ки Русия қасд дорад аз аввали моҳи май интиқоли нафт аз Қазоқистон ба Олмонро аз тариқи хати лӯлаи "Дружба", қатъ кунад.
Манбаъҳои "Рейтерз", ки нахостанд номашон ошкор шавад, гуфтанд, ки ҷадвали ислоҳшудаи содироти нафт ба Олмон ва Қазоқистон фиристода шудааст.
"Рейтерз" қатъи интиқоли нафтро ба танишҳо байни Маскав ва Берлин бинобар ҷанги Русия дар Украина, рабт додааст.
Дмитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳури Русия гуфтааст, аз қатъи интиқоли нафт хабар надорад ва бояд ин суолро аз ширкатҳои зирабт пурсид.
Хабаргузории русии "Интерфакс" ба нақл аз Песков навишт, "ман дар ин бора маълумоте надорам. Шумо бо ширкатҳои дахлдор тамос бигиред. Мо талош хоҳем кард вазъро рӯшан кунем, аммо ман омода нестам ҳеч посухе бидиҳам".
Ба гузориши "Рейтерз", Вазорати энержии Қазоқистон ва ҳукумати Олмон ба дархостҳо барои ибрози назар, посух надодаанд.
Дар соли 2025 содироти нафт аз Қазоқистон ба Олмон аз тариқи хати лӯлаи Русия ба тақрибан 43 ҳазор бушка дар рӯз расид, ки нисбат ба соли 2024, 44 дарсад бештар буд.
Саудӣ қоидаҳои қабули зоирон ба ҳаҷро сахттар кард
Арабистони Саудӣ қоидаи қабули зоирон дар мавсими ҳаҷ барои соли 2026-ро сахттар кард ва сар аз 13 апрел онҳо танҳо бо иҷозатнома ё визаи махсус ҳаққи даромадан ба Маккаро хоҳанд дошт. Шарти нав барои сафар ба ҳаҷро Вазорати умури дохилии Арабистони Саудӣ рӯзи 21 апрел эълон кард.
Бино ба қоидаҳои нав, аз 18 апрел то 31 майи соли равон барои дорандагони тамоми навъҳои виза, аз ҷумла раводиди сайёҳӣ ва умра ба ҷуз аз визаи махсуси ҳаҷ, ворид шудан ба Макка ва маконҳои дигари муқаддас манъ аст. Зоироне ҳам, ки бо ҳадафи адои ҳаҷҷи умра дар Макка қарор доранд, бояд то рӯзи 18 май он ҷоро тарк кунанд.
Ширкатҳои миёнрав ё ташкилкунандагони сафари ҳаҷ, барои вайрон кардани ин қоидаҳо 26 ҳазор доллар ҷарима хоҳанд шуд. Ҳамчунин роҳи онҳо барои 10 сол ба ин кишвар баста мешавад.
Моҳи равон Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон ҳам ба шаҳрвандон ҳушдор дода буд, ки аз сафар бо роҳҳои ғайрирасмӣ худдорӣ кунанд. Қарор аст гусели аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба ҳаҷҷи фарзӣ дар соли равон аз 6 май шурӯъ шавад.
Нархи ҳаҷ имсол 53 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст. Ҳамасола беш аз 5 ҳазор нафар аз Тоҷикистон барои адои ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ сафар мекунанд.
Шаш ҳазор муҳоҷир аз Русия ронда мешаванд
Дар пайи як рейд ё амалиёти зидди муҳоҷирон дар Русия, боз 6 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ берун карда мешавад. Дар ин бора Ирина Волк, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии ин кишвар хабар додааст. Ба гуфтаи вай, ин натиҷаи тафтиши саросарӣ дар моҳи март аст.
Ирина Волк гуфтааст, моҳи гузашта маъмурини пулис якҷо бо ФСБ ё Хадамоти федеролии амнияти Русия дар беш аз 130 ҳазор нуқта, аз ҷумла, бозору анборҳо ва маҳалли зисти муҳоҷирон рейд ё тафтиш гузаронданд.
Дар ин амалиёт бо ширкати даҳҳо ҳазор корманди пулис, муҳоҷиронро бо сагҳои хизматӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ҷустуҷӯ ва тафтиш кардаанд.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилаи Русия, дар натиҷаи ин маърака ҳудуди 1000 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, зиёда аз 48 ҳазор қонуншикании маъмурӣ аз сӯйи муҳоҷирон ошкор шудааст.
Ҳамчунин 26 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуда, қарори ихроҷи 6 ҳазор нафар содир шудааст.
Аз ин пеш, раиси Думаи давлатӣ Вячислав Володин, шумори муҳоҷирони рондашуда дар моҳи мартро 14 ҳазор нафар гуфта буд.
Як хонандаи мактаб дар Душанбе духтареро аз марг наҷот дод
Дар Душанбе як ҷавондухтаре, ки қасди ҷони хеш карда, худро ба дарё партофт, наҷот дода шуд.
Рӯзи 19 апрел як хонандаи синфи ёздаҳи пойтахт лаҳзаи ба дарёи Душанбе афтидани духтареро дида, ба кӯмаки ӯ шитофтааст.
Бино ба иттилои пулиси пойтахт, наврас хонандаи мактаби рақами 40-и пойтахт буда, тавонистааст сари вақт духтарро аз об берун оварад ва ба ӯ ёрии аввалия расонад.
Ба гуфтаи мақомот, сабаби қасди ҷони худ кардани духтар муноқишаи оилавӣ будааст.
Назари худи ӯ ва наздиконаш маълум нест.
Ҳоло ин зани ҷавон таҳти назорати пизишкон қарор дорад.
Ба иттилои пулиси Душанбе, мактабхони наҷотбахш Раҳматулло Мардиктоев барои ин корнамоии худ бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ шудааст.
Ду фурудгоҳи аслии Теҳрон "боз шуданд"
Хабаргузории эронии ИСНА рӯзи 20 апрел хабар дод, ки Фурудгоҳи байнулмилалии Имом Хумайнӣ ва Фурудгоҳи Меҳробод, ду фурудгоҳи аслии Теҳрон, боз шудаанд.
Ин хабаргузорӣ ба нақл аз Созмони ҳавопаймоии он кишвар навишт, "иҷозатномаи анҷоми парвозҳои мусофирбарӣ дар фурудгоҳҳои Имом Хумайнӣ ва Меҳробод аз 20 апрел содир шудааст".
Хабари боз шудани ду фурудгоҳи аслии пойтахти Эрон дар ҳоле нашр мешавад, ки танҳо як рӯз ба поёни оташбас миёни Эрон ва Амрико мондааст ва ҳанӯз аз идомаи музокирот ва созиш миёни тарафҳо хабаре нест.
Дар пайи ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон дар рӯзи 28 феврали имсол, фурудгоҳҳои ин кишвар бинобар чораҳои амниятӣ парвозҳои худро қатъ карда буданд.
Хушҳолии вакилони рус аз ихроҷи зиёди муҳоҷирон
Вакилони Думаи давлатии Русия аз ин, ки шумори зиёди муҳоҷирон ронда шудаанд, изҳорӣ қаноатмандӣ кардаанд.
Вячеслав Володин, раиси палатаи поёнии порлумони Русия, инро натиҷаи қабули қоидаву қарорҳои нав дар самти муҳоҷират хонда, ситоиш кардааст.
Ба гуфтаи вай, танҳо дар моҳи март аз қаламрави Русия 14 ҳазор муҳоҷир ронда шудааст. Дар маҷмӯъ, давоми як соли ахир Маскав 72 ҳазор нафар хориҷиро депорт ё ихроҷ кардааст.
Раиси Думаи давлатӣ гуфтааст, ин натиҷаи қарорест, ки ба пулиси Русия ҳақ дод, бе ҳукми додгоҳ муҳоҷиронро ихроҷ кунад. Володин ҳушдор додааст, ки ин ҳанӯз поёни кор нест ва қонуну қоидаҳои муҳоҷират боз сахттар хоҳад шуд.
Порлумони Русия ба қабули 6 тарҳи дигари қонуне омодагӣ мегирад, ки ба гуфтаи вакилон, бо тасвиби он назорат ба кору зиндагии муҳоҷиронро сахту душвор мекунад.
Ин дар ҳолест, ки созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аз афзоиши фишорҳои бесобиқа дар Русия изҳори нигаронӣ мекунанд.
Бисёре аз муҳоҷирони тоҷик низ мегӯянд, ки зиндагӣ ва кор дар ин кишвар ҳар рӯз мушкилтар мешавад.
Бонки Ҷаҳонӣ шеваи ёриҳои фаврӣ ба Тоҷикистонро тасдиқ кард
Бонки Ҷаҳонӣ роҳкори вокуниши фаврӣ ба мушкилоти ногаҳонӣ ва бӯҳронии Тоҷикистонро муайян кард, ки ҳадафи он “расонидани кумаки зудҳангоми молиявӣ ба ҳукумат дар ҳолатҳои фавқулода” номида шудааст.
Дар ин бора намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ хабар дода, гуфтааст, ин роҳкор имкон фароҳам меорад, ки то 10 дарсади маблағҳои беэътибор ва тақсимнашуда аз махзани сармоягузории амалкунандаи Бонки Ҷаҳонӣ дар кишвар ҳамасола барои маблағгузории чораҳои вокуниши фаврӣ равона карда шаванд.
Пас аз эълони расмии вазъияти фавқулода аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон, ин барнома метавонад фавран барои таъмини кормандони ёрии аввалия бо таҷҳизоти муҳофизатии шахсӣ, хариди молҳои аввалиндараҷа, аз ҷумла хӯрокворӣ, об, дорувор ва маводи кишоварзӣ ва инчунин барои расонидани дастгирии таъҷилии рӯзгор ба хонаводаҳои зарардида истифода шавад.
Иҷозаи Бонки Ҷаҳонӣ имкон медиҳад, ки ҳукумати Тоҷикистон дар ҳолати зарурӣ маблағи муайянеро аз ҳисоби ҷорияш дар ин ниҳол барои истодагарӣ дар баробари буҳрон ба кор барад. Манзур аз “буҳрон” бештар офатҳои табиист, вале ҳамла аз берун, ошӯбу нооромиро низ дар бар мегирад.
Интиқоди Зеленский аз коҳиши таҳримҳо алайҳи энержии Русия
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, аз коҳиши таҳримҳо алайҳи энержии Русия, интиқод кард.
Ӯ рӯзи 19 апрел дар шабакаи Х навишт, "ҳар долларе, ки барои нафти Русия пардохт мешавад, пуле барои ҷанг аст".
Ин дар ҳоле аст, ки Амрико ахиран афви вобаста ба нафти Русияро тамдид кард.
Ба гузориши бахши марказии Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ, омор нишон медиҳад, ки дар моҳи марти имсол даромадҳои нафтии Русия ду баробар зиёд шудааст.
Он ҳам дар шароите, ки нархи маводи сӯхт ба шиддат боло рафта, бӯҳрон дар Ховари Миёна ва баста шудани тангаи Ҳурмуз, ҳаракати нафткашҳоро ба мушкил рӯбарӯ кардааст.
Ҳалокати 8 кӯдак дар ҳамлаи мусаллаҳона дар Амрико
Мақомоти маҳаллӣ эълон карданд, ҳашт кӯдаки як то 14-сола рӯзи 19 апрел дар тирандозӣ дар шаҳри Шривпорти аёлати Луизиана кушта шуданд ва шахси гумонбар дар ҷараёни гурез бо мошинаш, аз сӯи пулис кушта шудааст.
Сухангӯи пулиси Шривпорт дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки бархе аз ин кӯдакон бо гумонбар риштаи хешутаборӣ доштанд ва тирандозӣ дар се маҳали истиқоматӣ рух додааст.
Ӯ гуфт, дар маҷмӯъ дастикам 10 нафар ҳадафи тирандозӣ қарор гирифтаанд, аммо ҷузъиёте дар бораи вазъияти бозмондагон надод.
Ба гуфтаи ӯ, тирандозӣ каме пас аз соати шаши субҳи якшанбе ба вақти маҳаллӣ рух дод ва ҳамчун даргирии хонаводагӣ дар назар гирифта шудааст.
Ба гуфтаи сухангӯи пулис, гумонбар пас аз тирандозӣ як мошинро дузида ва дар пайи таъқиби кормандони интизомӣ ба як минтақаи ҳамҷавор паноҳ бурд ва аз тири милисаҳо ба ҳалокат расид.
Пулис дар ҳоли таҳқиқи ин ҳодиса аст.
Ба гуфтаи пулис, номи гумонбар пас аз расонидани иттилоъ ба хонаводаҳои қурбониён, нашр хоҳад шуд. "Мо медонем, ки бархе кӯдаконе, ки дар дохил буданд, аз бастагони ӯ буданд",-гуфт як мақоми маҳаллӣ.
Бар асоси омори "Бойгонии хушунатҳои мусаллаҳона", бе шумориши ҳодисаи ин охири ҳафта дар Шривпорт, имсол дастикам 119 тирандозии ҷамъӣ дар Амрико рух додааст, ки ба кушта шудани 117 нафар, аз ҷумла, 79 кӯдак ва захмӣ шудани 458 нафар анҷомид.
Боздошти ду ҷавони тоҷик дар Филиппин барои "иқомати машкук"
Расонаҳои Филиппин аз боздошти ду зодаи Тоҷикистон дар шаҳри Маравии он кишвар, хабар додаанд.
Бино ба навиштаи вебсайтҳои хабарии GMA News ва Филстар, шаҳрвандони 21 ва 22-солаи Тоҷикистон рӯзи 17 апрел дар пайи як амалиёти муштараки Идораи муҳоҷират ва пулиси ин кишвар, дастгир шуданд.
Аз онҳо Ҷомӣ Сафаров ва Абубакр Алимов ном бурда шудаааст ва бино ба ин гузоришҳо, онҳо чанд ҳафта боз дар шаҳри Марави иқомат доштаанд.
Мақомоти Филиппин гуфтаанд, ки боздошти ин ду ҷавон дар доираи чорабиниҳои зиддитеррористӣ сурат гирифта, ҳадафи он пешгирии фаъолиятҳои ифротгароӣ аст.
Дар бораи ин ду ҷавон сокинони маҳаллӣ ба мақомот хабар дода, хостори таҳқиқи сафару иқомати онҳо ба Филиппин шудаанд.
Ҳанӯз маълум нест, ки ин ду ҷавони тоҷик бо чӣ иттиҳоме боздошт шудаанд ва оё ҳузури онҳо дар ин минтақа ба гурӯҳҳои тундрав рабт дорад ё на.
Мақомоти Филиппин гуфтаанд, ки таҳқиқи қазия идома дорад.
Мавқеи худи ҷавонон ва мақомоти тоҷик дар ин бора маълум нест.
Ва низ маълум нест, ки оё онҳо бо вакили мудофеъ таъмин ҳастанд ё не.
Эрон шумори кушташудаҳои ҷангро расман эълон кард
Мақомоти Эрон шумораи умумии кушташудаҳо дар ҷанги 40-рӯза бо Амрико ва Исроилро эълон карданд.
Аҳмад Мусавӣ, муовини раиси ҷумҳур гуфт, дар ин ҷанг 3468 кас кушта шудаанд.
Ба иттилои Созмони пизишки қонунии Эрон, 2875 нафар аз кушташудагон мард ва боқӣ занон ҳастанд.
Омори ҷудогона дар бораи кушташудаҳо дар Эрон қаблан аз сӯи Ҳилоли Аҳмари ин кишвар пахш мешуд, аммо он пурра набуд.
Гурӯҳи мудофеи ҳуқуқи башар HRANA қароргоҳаш дар Амрико пештар шумораи кушташудагони ҷангро дар Эрон 3636 нафар эълон карда буд. Ин созмон навишт, 1701 қурбониён ғайринизомӣ ҳастанд ва аз онҳо 254 кӯдак мебошанд.
Ҷанг дар Ховари Миёна бо ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон дар таърихи 28-уми феврал оғоз ёфт ва баъди 40 рӯз ҷонибҳо ба оташбаси дуҳафтаина розӣ шуданд. Ин ҷанг боис ба марги ҳазорҳо тан ва бехонаву ҷой шудани миллионҳо нафар дар Ховари Миёна шудааст.
Мақомот амволи ду бонки муфлисшударо мефурӯшанд
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бинои филиалҳои ду бонки муфлисшударо дар минтақаҳои кишвар ба савдо гузоштааст.
Ба иттилои расмӣ, музояда барои хариди бинои филиалҳои "Тоҷиксодиротбонк" дар шаҳри Исфара, ноҳияҳои Мастчоҳ ва Куҳистони Мастчоҳ рӯзи 5-уми май баргузор мешавад.
Нархи аввали ин биноҳо аз 1 то 8 миллион сомонӣ таъин шудааст.
Ҳамчунин бинои филиали "Тоҷпромбонк" дар шаҳри Гулистон бо нархи аввали 1,7 миллион сомонӣ ба савдо гузошта шудааст.
Намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ нагуфтаанд, ки чанд кас барои харидани биноҳои ин ду бонки муфлисшуда довталаб шудаанд. Баъди соли 2017 чор бонки калони кишвар "Тоҷпромбонк", "Фононбонк", "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк", муфлис шуданд.
Аз ин миён танҳо "Фононбонк" амонати мизоҷонашро пардохт ва муштариёни се бонки дигар то ҳол наметавонанд пулҳои худро аз бонкҳо бозпас бигиранд.
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон борҳо ваъда додаанд, ки аз ҳисоби фурӯши амволи бонкҳои муфлисшуда маблағи мардум бозпас дода мешавад. Муштариён то ҳол нигарони амонатҳои гузоштаашон ҳастанд.
Тирпарронӣ дар Киев, шаш кас кушта шуд
Дар пайи ҳамлаи марди ношинос ба роҳгузарон дар шаҳри Киев, ҳадди ақал 6 кас кушта ва чанд нафари дигар захмӣ шудаанд. Ҳодиса 18-уми апрел рух додааст.
Ба гуфтаи мақомоти Украина, ҳамлавар аввал хонаи худро дар яке аз баландошёнаҳои Киев оташ зада, сипас дар кӯча ба сӯи роҳгузарон оташ кушодаст. Ин марди 58-сола ҳамчунин чанд нафарро дар дохили маркази савдо асир гирифтааст. Чор нафар аз асиронро озод кардаанд.
Ҳамчунин хабар дода шудааст, ки бо сабаби сӯхтор дар хонаи марди ҳамлавар як кӯдаки чормоҳа аз газ заҳролуд шудаанд.
Дар навори сабткардаи шоҳидон дида мешавад, ки мард бо таппонча роҳгузари аз пешаш баромадаро мепарронад. Ҳанӯз ангезаи ӯ барои ин кор маълум нест. Фарди ҳамлавар дар ҷараёни амалиёти пулис кушта шудааст.
Гуфта шудааст, ки мард зодаи Маскав ва афсари пешини артиши пешин будааст, ки барои авбошӣ аз кор ронда шудааст. Расонаҳои украинӣ гузориш додаанд, ки мард тарафдори ақидаҳои миллатгароёна буд.