Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоидаву дардҳо ва сарнавиштҳои талх


Як рӯз занги телефони дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе баланд шуд. Он занги як марде буд, ки бо сарфи рублҳои бо арақи ҷабин ба дастовардаи худ аз Маскав занг мезад, то таввасути Радиои Озодӣ паёми худро ба духтарчаи ҳафтсолаи бемораш бирасонад ва ӯро таскин бидиҳад. Ин мард гуфт, се сол боз духтарчаашро надидааст: «Духтарам мегӯяд, фақат падар ба назди ман биё, дигар ҳеҷ чиз. Орзу дорам, духтарам сиҳат шавад, орзу дорам, Тоҷикистон тинҷ шавад, ки мо биравем, дар Ватан хидмат кунем. Мебахшед, ман дигар гап зада наметавонам.»
Садои ин мард, ҳарфҳои дардолуду ҳузнангез ва бо гиря омехтаи ӯ инҷост.
Барои дарёфти ризқи оилаҳои худ ҷавонмардони тоҷикро лозим меояд, ки тарки хонаву дар карда ва ба ҳама сангиниҳо тоб оварда дар дурӣ аз ватан солҳои зиёдро паси сар кунанд. Аз ин дурӣ оилаҳои онҳо низ ранҷ мебаранд. Миҷгона ҳашт сол дорад ва дар чаҳор соли охир танҳо як бор падари худро дидааст:
«Дадаи ман чор сол шуд да Маскваяй. Я бор да мурдаи бибим омадак, дидем..рафт. Вая ёд кардам. Мара намефорад, ки дадам да Расия кор куна, мехоҳам ҳама вақт да пеши худамон боша.»


Суханҳои ин тифли дар орзуи падар, ки сурфа мекард, инҷост.

Вале маҷбурӣ фарзандро аз падару занро аз шавҳар моҳҳову солҳо дар фироқи ҳамдигар нигоҳ медорад. Шавҳари ин зан низ яке аз садҳо ҳазор мардикори тоҷик дар Русия аст: «Аввали рафтанаш азоб кашидааст, дар берун, гушна, хунук. Хеле азоб кашидааст, то се чор моҳ ҷои кор наёфтааст. Зиқ мешавем, вале чӣ кор кунем. Намехоҳем, ки равад, худаш низ мегӯяд, намехоҳад, ки боз равад, душвор аст, азоб аст он ҷо. Мегӯяд, ин ҷо ҷои кор нест, истода чӣ кор мекунам.»
Коршиносон ҳадс мезананд, ҳудуди як миллион нафар барои кор аз Тоҷикистон берун рафтаанд. Ва на таҳқиру на сардиҳову на сангиниҳои ҳиҷрат, на маҳбасу на тӯҳмату на тозиёнаи милисаву на корди скинхед дар чанд соли ахир ин шуморрро коҳиш дода натавонистаанд. Ҷои онҳое, ки ба сардиҳо тоб наоварда фавтиданд ва ё кушта шуданд, ҷои онҳое, ки ба маҳбас афтиданд ва ё мариз шуданду дигар имкони рафтан надоранд, ҳар сол боз садҳо ҷавони навмӯйлабдамидаи дигар мегирад.
XS
SM
MD
LG