Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чеҳраи ҳафта: Интихоботи Маҷлиси Намояндагон


Мавзӯи аслии баҳс дар маҳофили иҷтимоӣ ва расонаҳо ва ҳатто дар бозору маъракаҳои оши наҳор ҳамоно интихоботи порлумонии рӯзи 27 феврал аст. Хусусан, ки аҳзоби ғайри Ҳизби Халқӣ-Демократии ҳоким аз баргузории интихобот норизо боқӣ монда ва хостори баргузории интихоботи такрорӣ ҳадди аққал дар шаҳри Душанбе шудаанд. Иддаои ин аҳзоб дар мавриди он ки агар дар натиҷаҳои интихобот таҷдиди назар нашавад, аз маҳфили саросарии ризояти миллӣ ихроҷ хоҳанд шуд, омили аслии ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи дохили кишвар ва ҳатто нигаронии нозирони хориҷӣ шудааст.

Аммо Сайидаҳмади Қаландар коршиноси маркази таҳлилии «Сипеҳр» ҷойи нигарониеро намебинад. Ба гуфтаи ӯ, ин як навъи фишор болои мақомот аст, ки як амри табиист: "Натиҷаҳои бадастоварда оё ба хушунат ва ё гарон шудани вазъи сиёсӣ оварда мерасонад ва ё не, ин танҳо ба раъй ва иродаи аҳзоб вобаста нест. Инҷо нақши ҷомеа муҳим аст. Ҷомеа чун мушкилоти зиёдеро дар тӯли 15 соли ахир бо чашми худ дид, дар ҷони худ эҳсос кард, гумон мекунам, ҳеҷ гоҳ ба тунд шудани вазъ дар Тоҷикистон роҳ намедиҳад."

Аммо Хуршеди Атовулло сардабири нашрияи «Зиндагӣ» мегӯяд, дар ғайридемократӣ баргузор шудани интихоботҳо на ҳукумат муқассир аст ва на аҳзоби сиёсӣ. Балки ин худи шаҳрвандон ҳастанд, ки намехоҳанд ҳаққи худро соҳиб бошанд: "Ман дар ғайришаффоф гузаштани интихоботи Тоҷикистон на ҳукумати Тоҷикистон ва на аҳзоби сиёсии кишварро гунаҳкор намедонам. Гунаҳкор танҳо дарки сиёсӣ, фаросати сиёсӣ надоштани худи мардуми тоҷик аст ва ин натиҷаҳои мушоҳидаҳои худи ман аст. Мардум на танҳо доир ба ҳизбҳо тассавур надоранд, шояд мардум аз сиёсат дилсард ҳастанд, ё шояд ки онҳо бовар надоранд, ки овози додаи онҳо ба эътибор гирифта мешавад, ё на ба ҳамин хотир ба интихобот эътибор намедиҳанд."

Аммо оқои Қаландар мегӯяд, аҳзоби сиёсӣ бештар бояд аз худашон гилагузор бошанд, то аз мақомоти интихоботӣ ва ҳукумат: "Асбоби таблиғотии ҳамин аҳзоб бисёр заиф кор мекунанд, масалан Ҳизби Сотсиал-Демократи навтаъсисро дар маҳалҳо намешиносанд. Ҳизби Наҳзат танҳо як воситаи таблиғотӣ дорад ва он ҳам нашрияи "Наҷот"."

Вале аз Сайидаҳмади Қаландар мепурсам, дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон дар воқеъ чӣ тафовутеро назар ба интихоботҳои қаблӣ мушоҳида кардааст: "Ягона муваффақияте, ки интихобот дошт, ин зоҳиран шаффоф нишон додани интихобот аст, масалан сохтани қуттиҳои шаффоф, иштироки нозирон дар ҳама минтақаҳо, инҳо ҳама саҳнаороӣ ҳастанд ва нақше дар шаффоф гузаштани интихобот надоранд."

Аммо то кунун ҳам шароити пешгузоштаи аҳзоби мухолиф ба қувваи худ боқист ва ба ин талаби худ таъкид мекунанд. Ва масъалаи матраҳ ин аст, ки агар аҳзоби мухолиф аз хати қирмиз убур ҳам накунанд, оё сарфи назар шудани онҳо ва натоиҷе, ки аз интихобот ба даст омадааст, боиси ташдиди ҷараёнҳои сиёсӣ, ё радикализми ҷомеа, дар оянда нахоҳад шуд?
XS
SM
MD
LG