Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рушду суқути почтаи Тоҷикистон


Хаткашони деҳаи мо. Акси соли 1958.Барандаи озмуни "Ман дар СССР зистаам"
Хаткашони деҳаи мо. Акси соли 1958.Барандаи озмуни "Ман дар СССР зистаам"

Шумо нома, баста ва ё тӯҳфа мефиристед ва мегиред? Почтаи Тоҷикистон чӣ ҳол дорад?

Чаро почтаҳои ҷаҳонӣ Тоҷикистон ва Туркманистон рӯ тофтаанд? Чист он ки вақте меафтад, садои зангӯла медиҳад? Чаро маркаҳои тоҷикӣ дар бозори ҷаҳонии шавқиён нодиранд?

ОЁ ПОЧТАИ ТОҶИКИСТОН ЗИНДААСТ?

Кам касон аз берун ба Тоҷикистон ягон баста ва ё номаи фармоишӣ мефиристанд. Онҳо бартарӣ медиҳанд, касеро пайдо кунанд, ки озими сафари Тоҷикистон аст. Аз Тоҷикистон ба берун низ кам касон чизи арзишмандеро ба почтаи кишвар бовар мекунанд. Ҳатто дар дохили кишвар, аз як ноҳия ба ноҳияи дигар тӯҳфае фиристодан барои бисёриҳо дарди сари зиёдатист.

Беҳтар аст, тӯҳфаро худи кас бигираду шахсан ба дасти каси даркорӣ расонад. Мисли он ки як номанавис мегӯяд, имрӯз нома нахоҳад навишт, зеро пойҳояш дард мекунанд. Наметавонад баъди фиристодани нома худаш рафта, номаашро хонда диҳад.
"Оё шумо нома гирифтанро дӯст медоред? Охирин бор кай нома ва ё бастае гирифта будед ва ё фиристодед? Аслан бо истифода аз хадамоти пуст ва ё почтаи Тоҷикистон нома мегиред ва ё нома мефиристед?

Ба ин саволҳо раҳгузарони Душанбе асосан посухи мусбат доданд. Аммо мудири кулли почтаи Тоҷикистон, Маҳбуба Каримова мегӯяд, почтаи кишвар дар остонаи варшикастагии пурра қарор дорад. Барои он ки манбаъҳои даромади пуст, 80 дарсади бинову иншооти он аз дасташ рафтаанд, ҳарчанд ҳаҷми кораш мисли пештара боқӣ мондааст.

Сарони ин риштаи муҳим умед ба он доранд, ки тибқи қонун, расондани пули бознишастагӣ аз нав ба ихтиёри онҳо дода хоҳад шуд ва бо ин роҳ почта нирӯманд хоҳад гашт.

Дар ҳоле ки вазифаи аввалиндараҷаи почта расондани номаву барқия, нашрияву маҷалла ва баставу борҳост. Почтаҳо дар кишварҳои дигар бо тағйири бозор хадамоти нав ба наверо ба муштариён пешкаш мекунанд ва дар марзаи хушк ба умеди борон дасту рӯи даст наменишинанд.

ПОЧТАИ ХУСУСӢ ВА ДАВЛАТӢ ДАР АМРИКО

Бо вуҷуди он ки дар Амрико панҷ ширкати бузурги пуст ва ё почта мавҷуда аст, даҳҳо ширкати хурди шахсӣ на танҳо дар дохили Амрико, балки дар сартосари ҷаҳон ба мардум хидмат мекунанд ва даромади хуб ба даст меоранд. Аммо чандин ширкате, ки дар миёни Амрико ва кишварҳои шӯравии собиқ пули робита сохтаанд, мегӯянд, ду кишвар аз фазои хадамоти онҳо берунанд, яке Тоҷикистон ва дигаре Туркманистон.

Дар ин бора мудирони чунин ширкатҳо дар сӯҳбат бо хабарнигори мо дар Амрико, Латифи Латифӣ, гуфтанд, сабаб он аст, ки мақомоти ин кишварҳо дар ивази роҳ додани онҳо ба бозори дохилӣ ришва мехоҳанд. Аммо ин бозор чандон васеъ нест. Дар Тоҷикистон ҳанӯз хадамоти хусусии почта таъсис наёфтааст ва дастикам расман ба қайд гирифта нашудааст.

МАРКАҲОИ ТОҶИКИСТОН

Дар бозори ҷаҳонии марка, махсусан барои ҷамъоварандагон ва ё шавқиёни тамбр, маркаҳои Тоҷикистон ноёбтарин тӯҳфа ба шумор мераванд. Маркази маркаи почтаи давлатии кишвар, бо вуҷуди мушкилоти молӣ, тавонист дар солҳои истиқлолият наздик ба 400 намунаи тамбри тоҷикиро нашр кунад. Акси бархе аз онҳоро мо дар саҳифаи интернетии худ гузоштем, аммо иттилоъи бештарро аз масъулони соҳа, ҳамкори мо дар Душанбе, Абдураҳими Умарзод ҷамъ оварда, як гузориши ҷолиб таҳия кардааст.

Марка ва ё тамбрҳои тоҷикӣ осонтарин роҳи таблиғи Тоҷикистон дар паҳнои ҷаҳон шумурда мешаванд, аммо, вақте ки пусти Тоҷикистон хуб кор намекунад ва нома фиристодану нома гирифтан то рафт кам мешавад, ин маркаҳо шояд танҳо барои филателистон ва ё шавқиёни маркағундор боаҳамият бошанд.

Аммо ҳатто барои ба дасти онҳо расидани маркаҳои тоҷикӣ низ, бояд номае навишт ва дар гӯшаи лифофа, тамбри Тоҷикистонро зад. Пас, нома нависеду нома фиристед, дӯстони азиз!
XS
SM
MD
LG