Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихтироъи ончизе, ки атфоли ҷаҳон орзуяшро доранд


Мутахассисони Пажуҳишгоҳи Техноложии Массачусести Амрико рӯзи ҷумъа ин компютери ғайримуқарриро дар ҳамоиши ҷаҳонии ҷомеаи иттилоотӣ дар кишвари африқоии Тунис муаррифӣ намуданд. Таҳиягарони компютери арзонбаҳои нав умедворанд, ки вазоратҳои маорифи кишварҳои фақири ҷаҳон ин компютерро харида ва шояд ҳатто маҷҷонӣ ба наврасони ниёзманд медиҳанд, то онҳо ҳам бо асри иттилоотии мо ҳамқадам бошанд.

Ҳангоми муаррифиии компютери саддоларӣ, ки баробар ба як китоби дарсӣ ҳаҷм дорад, Николас Негропонте раҳбари Пажӯҳишгоҳи Техноложиҳои Массачусетс гуфт, ин офаридаи онҳо кӯмаке хоҳад шуд ба кишварҳои фақир, ки аз техноложӣ аз кишварҳои мутаррақӣ бисёр ақиб мондаанд. Ҳадаф ба гуфтаи ӯ тавзеъи ин компютери китобӣ ба атфоли кишварҳои фақире чун Тоҷикистон аст, ки наврасонаш орзуи компютер мекунанд, аммо барои харидани он пул надоранд:

"Мо воқеан бовар дорем, ки садҳо ҳазорон чунин компютерро дастраси атфол дар саросари ҷаҳон мекунем. Ва қиммати он танҳо сад доллар нест, нархи он поёнтар ва поёнтар меравад. Ончӣ ки мо офаридем, компютери бисёр қавӣ аст, ки бо нерӯи ками барқ кор мекунад."

Компютери китобӣ, ки бинобар ранги сабзаш "мошини сабз" ном ниҳодаанд, бар асоси барномаи компютерии Линукс таҳия шудааст ва тамоми амалиётеро анҷом медиҳад, ки дигар компютерҳои маъмулӣ иҷро мекунанд. Танҳо фарқаш ин аст, ки қодир ба ҳифзи миқдори зиёди файлҳои компютерӣ намебошад. Рӯкашаш низ резинӣ аст, то ки зуд нашиканад. Барои он ки кишварҳои фақири ҷаҳон мушкили таъмин бо неруи барқ зиёд аст, ин компютери китобиро бо батареяҳои нерӯгиранда дуруст кардаанд.

Ҳумоюн Ализода, ки дар идораи кӯмакҳои башарии Созмони Милал кор мекунад ва даҳ сол дар кишварҳои фақири африқоӣ будааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин лаптопи хурд қодир ба тағйири зиндагии атфоли кишварҳои дар ҳоли рушд аст: "Дастрас кардани ин навъи техноложӣ ба атфоли кишваре ба мисли Судон, ки 60 дар сади аҳолиаш ҷавонони зери 25 сол ҳастанд, пешравии ниҳоят бузург аст. Ман бояд эътироф кунам, ки комютер чизи асосӣ нест, ки атфоли кишваре ба мисли Судон ба он ниёз доранд, аммо ба ҳар сурат ихтироъи чунин таҷиҳзот бисёр қадами мусбат аст. Он ҷаҳонбинии атфолро васеъ ва майли онҳоро ба донишандӯзӣ меафзояд."

Профессор Николас Негропонте гуфт, тамоми мушкилот, аз ҷумла мушкилоти камбизоатӣ, сулҳ ва муҳити зист, таввасути дониш ҳалли худро ёфтаанд, ё бо василаҳои донишомӯзӣ. Олими амрикоӣ умедвор аст, ки то соли 2006 ё 2007 100 ҳазор чунин компютери китобӣ тавлид мешавад. Ба қавли ӯ панҷ ширкат, аз ҷумла се ширкати маъруф барои тавлиди он тавваҷӯҳ зоҳир кардаанд, аммо ҳоло ҳеҷ яке аз онҳо ваъдаи қатъӣ надодаанд.

Дар суол ба ин ки аз компютер истифода кардаӣ, як навраси сокини пойтахти Тоҷикистон бо ҳазл ба ҳамкорам дар Душанбе посух дод, ки он магар чизи хурданӣ аст. Агарчӣ дар Тоҷикистон барномаҳои таъмини макотиб бо компютерҳо қабул шудааст, аммо ҳанӯз ҳам макотиби кишвар дорои миқдори ночизи компютерҳо ҳастанд. Тибқи омор ба 52 ҳазор муҳассили макотиби пойтахт шаҳри Душанбе қариб 1000 компютер рост меояд. Аммо вазири маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов мегуяд, барномаи таъмини макотиб бо компютер дар ҳоли иҷро аст ва шумори онҳо хоҳад афзуд: "Вазорати маорифи Тоҷикистон барои харидани компютерҳо 600 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст ва моҳҳои оянда компютерҳо харида, ба мактабҳо тақсим мекунем."

Ва дигар ин ки як созмони ғайриҳукуматӣ бо мусоидати Интернет Провадейдери "Тарена" қасд дорад, 51 мактаби таҳсилоти ҳамагонии душанберо ба интернет васл кунад.
XS
SM
MD
LG