Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Генплан"-и Душанбе ва ё хонабардӯшии ҳазорон нафар?


Сарнавишти хонаҳое, ки дар сурати иҷро шудани нақшаи генералии шаҳрдорӣ, бо хатари аз байн рафтан рӯбарӯ шудаанд

Мунира Орзубекова, модари 5 фарзанд, ки дар хиёбони Интернационалная, воқеъ дар маркази Душанбе ба сар мебарад, як моҳ мешавад ба ҷуз ояндаи худу фарзандонаш дигар дар бораи чизе фикр карда наметавонад. Акнун дар чашмаш мушкилоти камбуди барқу газ ва об ҳам беаҳамият шудааст, ӯ нигарон аст, ки дар сурати ба иҷро даромадани нақшаи генералии шаҳрдории пойтахт, ӯ аз ҳавлии ободу барҳавойи худ маҳрум мешавад. Дар ин бора ба хонум Мунира ва ҳаммаҳлаҳои ӯ муддате пеш ҳайати иборат аз кормандони шаҳрдорӣ ва раҳбарияти маҳаллаашон иттилоъ додаанд.

Сухангӯи шаҳрдорӣ Шавкат Саидов ба радиои Озодӣ гуфт, ҳафтаи гузашта раиси шаҳри Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев дар як нишасти ҳайати шаҳрдорӣ масъалаи иҷрои "Нақшаи генералии шаҳр оид ба сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва иҷтимоиро дар ҳалқаи якуми пойтахт", яъне қисмати марказии Душанбе баррасӣ кард. Амр шудааст, қитъаҳои замине, ки барои бархе сокинони пойтахт дар солҳои 1983, яъне ҳанӯз тибқи қарори Шӯрои вазирони Тоҷикистони шӯравӣ барои истифодаи муваққат ва бидуни ҳақи сохтмон дода шуданд, мавриди ташхиси ҳуқуқӣ қарор дода шаванд.

Рӯзи ҷумъа радиои маҳалли «Азия плюс» бо даъвати намояндаҳои шаҳрдорӣ дар сӯҳбати мустақим тафсилоти бештари ин нақшаи генералиро матраҳ кард. Аз ҷумла, Баҳром Иззатов, раиси кумитаи меъмории пойтахт гуфт, ки кӯчаҳои Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Карамова, Айнӣ, Умари Хайём, Турсунода, Лоҳутӣ, ки дар маркази Душанбе мебошанд, шомили ҳалқаи аввали ҳудуди пойтахт мешаванд. Ӯ афзуд, ки ҳоло мақомот дар садади муайян кардани шумори хонаву манзлиҳо ва сокиноне ҳастанд, ки дар ин маҳалҳо ба сар мебаранд, ва қарор аст, ин кор то моҳи январи соли оянда идома кунад.

Мақомот мегӯянд, ки нақшаи генералии бозсохти Душанбе ҳанӯз солҳои 80-уми қарни гузашта рехта шуд, аммо бо сабабҳои сиёсиву иқтисодӣ ба иҷро нарасид ва ҳоло, ба қавли ӯ, имкон даст додааст, ки дар ҷои хонаву сохтмонҳои воқеъ дар маркази пойтахт иншооти баландошёнаи истиқомативу маъмурӣ ва фарҳангӣ бунёд шаванд. Мақомоти шаҳрдорӣ гуфтанд, ки то соли 2015 қарор аст дар манотиқи марказии пойтахт манзилҳои 9, 12 то 16 ошёна бунёд шаванд.

Сармеъмор Баҳром Иззатов мегӯяд, ҳадафи ниҳоии шаҳрдорӣ аз роҳандозии ин нақша таъмини дастрасии мардуми камбизоат ба манзилҳои дорои шароит ва қимати мувофиқ будааст. Баҳром Иззатов, сармеъмори шаҳр афзуд, ки аз рӯи пешбиниҳои онҳо, ҳар як метри мураббаъи манзили нави нӯҳқабата то 360 доллари амрикойӣ арзиш хоҳад дошт.

Ба пурсиши радиои Озодӣ оид ба ин ки сарнавишти сокинони феълии маҳалҳои марказӣ, ки маҷбур ба тарки манзили зист хоҳанд шуд, чӣ мешавад, оқои Иззатов гуфт, ки ба қишри камбизоати ин мардум дар маҳалли Ховарон, воқеъ дар километри ҳафтуми пойтахт 3 сотих замин дода мешавад ва онҳо метавонанд аз ҳисоби худ манзили навро бунёд кунанд.

Маҳалли Ховаронро сокинони собиқадори пойтахт аз хоки нармаш мешиносанд. Садҳо манзили зист ҳанӯз солҳои 70-80-уми қарни гузашта фурӯ нишаста дар шумули хонаҳои ғайри қобили истифода ва ҳатто хатарзо шомил гардиданд. Аммо ҳоло, сармеъмори пойтахт Баҳром Иззатов мегӯяд, ки баъди таҳқиқоти мақомот, муқаррар карданд, ба хотири ҷилавгирӣ аз он ки об беподош зери хоки ин маҳал ҷорӣ нашавад, кофист, ки як хонавода дар ҳудуди 3 сотих замин хона бунёд кунад.

Оқои Иззатов гуфт, мардуме, ки манзили зисти худро дар маркази шаҳр тарк мекунанд, "мувофиқи қонун ҷубронпулӣ дода мешавад", аммо ҳанӯз миқдори ин маблағ мушаххас нест, гуфт сармеъмори пойтахт.

Баробар бо эъломи шурӯи татбиқи ба истилоҳ генплани шаҳрдорӣ, аксар сокинони пойтахт бо нигарониву эҳсоси нороҳатӣ гуфтанд, ки чунин тасмимҳои мақомотро пурра пуштибонӣ карда наметавонанд. Лидия Исомова, хабарнигори РИА Новости, ва яке аз онҳое, ки дар минтақаи марказии пойтахт ба сар мебарад, гуфт, "аз як сӯ, хуб аст, ки мақомот дар фикри беҳбуд бахшидани симои зоҳирии Душанбе ҳастанд, аммо сохтмонҳои ахири баландошёна нишон медиҳанд, ки пойтахти Тоҷикистон ҳусни эстетикии худро аз даст медиҳад". Ӯ, ки ин таҳаввулотро бодиққат дунбол мекунад, гуфт:

"Ба фарқ аз ҳукуматҳои дигар, ки ба ҷои манзили харобшуда ба хонаводаҳо дар манзилҳои наву обод хона пешниҳод мекунанд, аммо дар мо чунин нест. Он мардуме, ки дар паси шаҳрдорӣ ба сар бурда баъдан аз он ҷо кӯчонида шуданд, дар минтақаи Ховарон хона гирифтанд, дар сохтмонҳои комилан бидуни шароит, бидуни газу обу барқ. Хулоса, одамоне, ки ҳавливу ҷо доштанд, боғу дарахт бунёд карда бо сад умед фарзанд бузург карданд - ниҳоят дар як шароити бад болои ҳамдигар ҷо дода шуданд. Мардум шикоят мекунанд, нома менависанд, аммо бенатиҷа. Мақомот фикр мекунанд, ки муваззаф нестанд ба мардум манзил диҳанд"

Ҷараёни татбиқи нақшаи генералии шаҳрдорӣ оид ба сохтмони манзлиҳои нави баландошёна дар маҳалҳои марказии пойтахт ду соли пеш шурӯъ шуд. Сокинони се маҳалли пойтахт дар фурсатҳои мухталиф бо далели ғайриқонунӣ зиндагӣ кардани онҳо дар ин хонаҳо ва барномаҳои сохтмони манзилҳои баландошёна дар маҳалли зисти он аз хонаҳои худ маҳрум шуданд. Шунавандаҳои Озодӣ қиссаҳои даҳҳо хонаводаҳои сокини хобгоҳи Вазорати иқтисод ва савдо, маҳалли паси шаҳрдорӣ ва минтақаи канори корхонаи Цементро хуб ёд доранд. Аксари ин занону пиронсолон дар ҳамон маҳалли Ховарон ба истилоҳ соҳиби хона шуданд ва дигарон аслан бидуни манзил ва ҷои зист монданд. Шикояту эътирозҳои онҳо, ки то дари дафтари раёсатҷумҳурӣ расида буд, бенатиҷа анҷом шуд - ин эътирозҳоро бидуни ҳеҷ шарҳу тавзеҳ ба таври шадидлаҳн аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пахш шуданд. Ҳамкорам Сафаргули Олимӣ ахиран бо як зани сокини хиёбони Рӯдакӣ-201, воқеъ дар наздикии корхонаи Цемент сӯҳбат кард. Ӯ дунболи шароити беҳтари зист аз теппаи мавсум ба Нагорнийи пойтахт ба ин маҳал кӯчид ва бо қарзу мушкилоти зиёд бо маблағи беш аз 28 ҳазор доллар ҳавлиеро барои худу 8 фарзандаш бунёд кард. Хонум Идигул Сайфуллоева мегӯяд, қарзи сохтмони ин манзилро ҳанӯз ҳам пардохт мекунад ва ин дар ҳолест, ки акнун бояд аз ҳамин чаҳор девори боумед бунёдкардааш маҳрум шавад:

Ба андешаи рӯзноманигор Лидия Исомова, мақомот аз тарсу ноомодагии мардум барои тазоҳурот ва эътирозҳо сӯиистифода мекунанд, ва медонанд, ки ин бечораҳо ҳанӯз ҳам хотироти ҷанги шаҳрвандиро фаромӯш накардаанд, ва аз ин рӯ ҳама гуна мушкилоту сахтиҳоро таҳаммул хоҳанд кард. Ӯ мегӯяд, ки мақомот бо назардошти ин ҳама масъалаҳо даст ба чунин як иқдоми ғайриинсонӣ мезананд.

Лидия Исомова гуфт, мутмаин аст, ки дар паси ин ҳама барномаҳои ба истилоҳ сохтмони манзилҳо, афрод ва гурӯҳҳои манфиатдор қарор доранд, ки наздик ба ҳукумат ҳастанд. Ӯ гуфт, ки сохтмонҳои то имрӯз дар Душанбе ба роҳ мондашударо аксар ширкатҳои эрониву туркӣ ба ӯҳда доранд. Хонум Исомова афзуд:

"Як ширкати туркӣ баъди ҷашнҳои Наврӯзи порсола дар рӯбарӯи Кумитаи ҷавонон ба сохтмони як меҳмонхонаи пурдабдаба шурӯъ кард, аммо маълум шуд, ки ин ширкат чандон сарватманд набудааст ва ниҳоятан ҳоло мо мебинем, ки кранҳои сохтмонӣ ҳанӯз ҳам дар маҳалли сохтмон мунтазир мондаанд, ва онҳо ҳатто сохтмони таҳкурсии меҳмонхонаро шурӯъ накарданд. Шурӯи сохтмон дар ҷои собиқ корхонаи нассоҷӣ ҳамчунон дар масъулияти як дигар ширкати туркӣ буд. Маълум шуд, ки он варшикаста шуда, аз роҳи Тоҷикистон мехостааст вазъи молии худро беҳтар кунад. Онҳо ваъда доданд, ки моҳи апрели соли оянда бахши аввали корҳои сохтмонии кори худро анҷом медиҳанд, аммо мо медонем, ки ин сохтмон ҳам ҳанӯз шурӯъ нашудааст. Таҷрибаи Аквапаркро ҳам ба ёд оред. Маълум аст, ки дар паси ин ҳама манфиатҳои молӣ қарор доранд, на талоши беҳтар кардани намуди зоҳирии шаҳр"

Хонум Исомова афзуд, ки аз нигоҳи ӯ беҳтар буд агар сохтмонҳои то ҳол мавҷудаи шаҳр, бахусус имороти хиштии камошёна, ки барои табиати Тоҷикистони пурзилзила бештар мувофиқ ҳастанд, пурра таъмиру тармим мешуданд. Ӯ мегӯяд, сохтмонҳои баландошёнаи цементӣ, ки бунёди онҳоро генплани ҳукумат дар назар гирифтааст, ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ нестанд, дар ин хонаҳо ҳарорат мувофиқи обу ҳавои берун тағйир мекунад ва ба сиҳҳатии сокинонаш таъсири бад мерасонанд.

Дар ҳамин ҳол, аз нигоҳи бархе дигар аз таҳлилгарони маҳаллӣ, агар мақомоти пойтахт воқеан ҳам дар фикри ободонии шаҳр ва бо манзил таъмин кардани мардуми камбизоат бошанд, мебоист як раъйпурсӣ ва ё назархоҳии мардумиро баргузор мекарданд, нақшаҳои худро бо аҳолӣ шинос мекарданд. Дар ин бора чанд шунавандаи гуфторҳои Озодӣ ҳам изҳори назар карданд.

Ва аммо дар маҷмӯъ, аз ҳоло эҳсос мешавад, ки ин барномаҳои мақомот нороҳативу нигаронии зиёдро дар миёни аҳолӣ ба бор овардааст, сухан аз инсонҳо ва одамони мушаххас, занону кӯдакон, кӯҳансолону беморон, мардони тангдасте, меравад, ки дар шароити бекориву набуди маблағ то имрӯз шояд танҳо аз ҳамин чаҳор девори доштааашон шукр мекарданд. Аммо баъди ин чӣ мешавад?
XS
SM
MD
LG