Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухҳои Раҷаби Мирзо


Бахши аввал


ПИКЕТ ВА ҲАБС


Салом, савол ба Раҷаби Мирзо. Чаро шуморо ба маҳбас кашиданд, бо кадом сабаб? Магар ин қонунӣ буд?
Бо эҳтиром, Каздонӣ

Дуруд бар ҳамватанон. Ман саволе дорам ба Раҷаби Мирзо. Чаро баъд аз маҳбас шумо дигарбора эътироз накардед?
Бо эҳтиром, Шӯҳрати Каздонӣ

Фикр мекунам, бо ин системаи судие, ки дар мамлакати мо айни ҳол вуҷуд дорад, дифоъ аз ҳуқуқи инсонҳо, бахусус одамоне, ки дар майдони сиёсианд, бисёр мушкил аст. Мехоҳам амалҳои маро суди одилонатаре баррасӣ намояд. Ҳоло ман дар симои мардуми Тоҷикистон ин гуна қозиро мебинам. Мутаассифона, матбуоти кишвар ба қазияи рухдода таваҷҷӯҳи ҷиддӣ надод ва аз ин хотир мардум ҳам иттилоъи воқеиро пайдо накард.
Бубинед, ман 15 рӯзи ҳаётамро дар маҳбас паси сар кардам, аммо намедонам барои чӣ. Бовар надорам ҷаноби Раҳмонов ҳам ҳукми худро аз лиҳози ҳуқуқӣ акнун асоснок карда тавонад. Раҳмонов раиси суди нохияи Шохмансур аст, ки ин қазияро қозигӣ карда буд.
Ман иштирокчии пикет набудам ва барои ҳамин вақте дар шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Шоҳмансур додситони ноҳия аз ман баёнот гирифтан мехост, ман бо ду далел аз додани баёнот худдорӣ мекардам. Аввал, маро бо вакили мудофеъ таъмин накарданд, дуввум, ман мепурсидам, ки аз ман ба ҳайси кӣ баёнот гирифтаниянд. Он рӯз маро аз роҳ, вақте роҳии Кӯлоб будам, боздошт намуданд. Аслан маро не, Темур Тошев, раиси созмони ҲДТ дар ноҳияи Исмоили Сомониро кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ боздошт намуданд. Мегуфтанд, ки тамоми шаҳр мошини ӯро мекобад. Ин кор, ки баъд аз пикети баргузорнашуда анҷом ёфт, маро ба шубҳа бурд ва ҳамроҳи ӯ ба шӯъбаи корҳои дохилӣ рафтам. Баъдтар маълум шуд, ки ҳадафи кормандони интизомӣ ман будаам, на дигарон. Ин аст, ки вақте аз ман пурсиданд, ки номи иштирокчиёни пикетро барояшон гӯям, ба онҳо гуфтам, ки ба шумо иштирокчиёни пикет лозим нест, зеро агар мақсад ин мебуд, онҳоро дар ҳамон ҷо боздошт мекардед.
Бо ин сабабҳо ман ҳукми Раҳмоновро ғайриқонунӣ меҳисобам, аммо аз болояш шикоят намебарам. Вале кори дигаре карда метавонам. Метавонам, дар дилхоҳ муҳит ва шароит рост ба чашмони ӯ нигараму гӯям: "Ҳукми ту ғайриқонунӣ буд".



Дар маҳбас бо шумо чӣ гуна рафтор намуданд? Оё зарбу лат карданд, таҳқиру дашном карданд? Бо ҳамроҳонатон чӣ? Оё аз эътирози худ, боиси ҳабсатон гардид, пушаймон нестед?

Дар маҳбас зарбу лат ва таҳқиру дашном набуд. Албатта то ин замон ман ҳеҷ гоҳ дар чунин муассисаҳо набудам, аммо бовар дорам, ки кормандони боздоштгоҳи муваққати шаҳри Душанбе бо ман ва ҳамроҳони ман аз рӯи қонун муносибат кардаанд. Аз навъи эътирозе, ки бо қарори созмони ҲДТ дар шаҳри Душанбе сурат гирифт, аъзои созмон ва худи ман ҳам пушаймон нестем. Умуман, ман худро вақте сархаму пушаймон ва гунаҳгор ҳисоб мекунам, ки бо далели шайъие маро муттаҳам карда бошанд. Аммо то ҳол касе ман ва ҳамсафонамро ҳатто мутмаин насохт, ки амали мақомот дуруст буд, на аз мо.


Оё қаблан чунин сурат гирифтани корро тахмин карда будед?

Не, мо қаблан чунин сурат гирифтани корро тахмин накарда будем. Мо ду тахмини дигар доштем, ки ҳарду дар ҳолате бояд ба вуқӯъ мепайвастанд, ки пикет баргузор мегардид ва баъдан мақомот ҳозир мешуданд, аммо ин тахмин, ки мақомот аллакай намояндагони моро истиқбол мегиранд, умуман дар тахминҳои мо набуд.


Ба номи Худо, ассалому алайкум кормандони хуби Радиои Озодӣ, ман аз шумо ташаккур мекунам, ки ин баҳсро ташкил намудед.
Раҷаби Мирзо, ассалому алайкум. Шумо митинг намудед, оё ба зиндагии шумо ин митинг хатар надорад?
Бо эҳтиром, Абдусамади Раҳим

Имрӯз барои ман зиёд чизҳо рӯшан шудааст. Маълум мегардад, ки худи митинг не, муҳити митингсозии имрӯза дар кишвар на танҳо барои ман, балки барои дигарон ҳам хатарзо буда метавонад. Ҳам барои мақомот ва ҳам барои мардуме, ки чунин ният доранд. Ман дар ин бора намехофам ба таври рӯшан ҳарф бизанам...


1) Вақтҳои охир дар фаъолияти шумо норавшаниҳо ва ё таззодҳо мушоҳида мешавад. Масалан, шумо ваъда додед, ки норозигиятонро баъд аз интихобот иброз медоред, вале рӯзи 4-уми ноябр он ғайриинтизор сурат гирифт. Ин тактикаи махсус буд?
2) Ва суоли дигар ин ки он рӯз баъди пикет Озодӣ хабар дод, ки ин иқдом бо солгарди боздошти "Рӯзи нав" иртибот надорад! Баъдан, дар мусоҳибаатон дар "Вақт" ишора кардаед, ки 4 ноябр аз ҷумла рӯзи боздошти "Рӯзи нав" буд...
Шогирд

1) Дар ҳолати аввал сухан дар бораи митинг мерафт, на пикет. Мутаассифона, дар Тоҷикистон байни ин гуна эътирозҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ фарқ намегузоранд.
2) Ман дар мусоҳибаам дар рӯзномаи "Вақт" замоне ба ин масъала ишора намудам, ки онҳо савол дода буданд, ин эътироз бо интихоботи президентӣ чӣ муносибат дошт? Ман дар ҳамин ҳолат гуфта будам, ки шояд ин яке аз тасодуфҳо аст, ҳаммонанд ба оне, ки ҳамин гуна тасодуф бо шумораи боздоштшудаи "Рӯзи Нав" дар ду соли пеш рухдода буд. Аммо дар бораи хабари "Озодӣ", ки шумо мегӯед, ростӣ, чизе намедонам...



Намешавад, ки камтар иғвогарӣ кунед, ё боз мехоҳед, ки аз сари нав митингбозию ҷангандозиятонро сар кунед?
Бигзоред, халқ тинҷу осуда зиндагӣ кунад!

Митингу ҳар гуна ҳамоиш ин иғвогарӣ ҳам нест, ҷангандозӣ ҳам. Он аз ҷумлаи ҳуқуқи мову шумост, ки дар Сарқонуни Тоҷикистон ифода ёфтааст. Иғвогар ва ҷангандоз нафарҳое бояд маҳсуб бишававанд, ки мардумро маҷбур мекунанд, ки ба кӯчаҳо бирезанд.




СИЁСАТ....


Ба фикри шумо, Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ аст?
Бо эҳтиром, Шӯҳрати Каздонӣ

Ман бисёр мехоҳам ва орзу дорам, ки Тоҷикистонро давлати демокративу дунявӣ ва ҳуқуқбунёд бубинам.


Фикри Шумо оиди қонунҳои имрӯза?

Бисёр мехостам, ки сари қонуни мушаххасе суол мешуд. Вале дар маҷмӯъ, қонунҳо ҳам паҳлӯҳои мусбат ва ҳам манфӣ доранд. Аммо аз ҳама бад ин аст, ки мардум дар бораи ин қонунҳо иттилоъ надоранд. Ин тарзи фазосозӣ шояд барои касе мувофиқ бошад, вагарна иҷрои онҳо албатта барои мақомот мушкилотеро ҳам ба бор меорад.


Салом ба ҳама хонандагони ин саҳифа. Ман се савол дорам ба Раҷаби Мирзо.
1) Шумо интихоботи имсоларо чигуна арзёбӣ мекунед?
2) Шумо баъд аз маҳбас боз дигарбора вориди ин бозии сиёсӣ шудаед ё не?
3) Шумо ҷаноби Раҳмоновро имрӯз сарвари давлат меҳисобед ё ғайриқонунӣ медонед?
Бо эҳтиром, Амбиё Раҳмонзода

1) Ба ин суол ҷавоб додани ман бисёр мушкил аст. Агар рӯзномаи "Рӯзи Нав" нашр мешуд, шояд озмун эълом мекардам: "Амали рӯзи шашуми ноябри соли 2006-ро чӣ номидан мумкин аст?" Аммо дар маҷмӯъ, интихоботро мақомот ҳар гуна, ки шарҳ надиҳанд, он барои Раҳмонов мағлубият аст. Тасаввур намоед, ки 20 дарсади раъйро аслан одамоне соҳиб гардиданд, ки гуфта мешуд, номзадҳои ҷиддӣ нестанд. Акнун тасаввур намоед, ки се номзади ҷиддӣ барои президентӣ талош меварзиданд...
2) Баъд аз маҳбас ҳам ҳоло дар майдони сиёсӣ ҳастам. Аммо ягон вақт дар бозиҳои сиёсӣ ҳамроҳ набудам ва намешавам. Ман бозӣ карда наметавонам ва аз кӯдакӣ бозии бадмедидаам "мушу гурба" буд.
3) Мавқеъи қабл аз интихоботии ман то ҳанӯз тағйир наёфтааст, аммо бо вуҷуд бо ин мушкилоти сиёсиву ҳуқуқие, ки дорем, мо наметавонем, як давлати воқеан ҳам миллӣ эҷод намоем. Бинобар ин, ҳоло сари як консепсияе бо номи рамзии "Эътимод" кор карда истодаам ва ҳадафи он ба фаъолиятиҳои сиёсӣ дар ҳафт соли минбаъда равона гардидааст. Зеро, тавре гуфтам, мо дигар ҳаққи барои наслҳои оянда боқӣ гузоштани ин мушкилоти ҳуқуқиву сиёсиро надорем ва болотар аз ин ҳеҷ кас ҳаққи бадном кардани миллату давлати моро набояд аз худ боқӣ гузорад. Ҳоло мебинам, ки роҳҳои раҳоӣ аз ин бадномӣ вуҷуд доранд. Танҳо барои ислоҳ ҷуръату ирода лозим аст ва маданияти сиёсиву гирди як миз нишаста тавонистан. Ман дар консепсияи "Эътимод" бардоштҳову тасаввуроти худро нишон медиҳам ва мардуми кишвару нерӯҳои сиёсиро ба муҳокимаву баҳс даъват менамоям. Боқӣ, ба ҷуръату иродаи онҳо вобаста хоҳад буд.



Шумо ҳамчун фаъоли Ҳизби демократи Искандаров, ки интихоботи "қарибулгузашта"-и президентиро бойкот эълом доштаед, дар ҳоли ба Шумо пешниҳод шудани ин ё он вазифа бо ҳукумати ҷадид ҳамкорӣ кардан мехоҳед?
Сигуш

Бо он ҳунар ва бо он ҷуғрофиёе, ки шумо доред, фикр намекунед, ки метавонистед, дар ҳукумат карйера бисозед? Агар ҳадафи шумо хидмат ба мардум бошад, ба фикратон агар дар ҳукумат мебудед, имкони бештари хидмат ба мардум бароятон пайдо намешуд?


Ман бисёр мехостам, ки мафҳуми ҳамкорӣ дуруст шарҳу тавзеҳ дода шавад. Ҳамкорӣ ин нест, ки касе каси дигарро маҳв бисозаду нафари маҳвшудаистода боз ҳам пеши пои рақиби худ ба зону бизанад. Ҳамкорӣ ин ҳам нест, ки ба ту мансабакеро арзонӣ бидонанду ту бо ҳамин мӯҳри хамӯшӣ ба лаб бизанӣ ва рақибат ҳар коре, ки мехоҳад, анҷом бидиҳад. Ҳамкорӣ, аз назари ман, дар заминаи зери як ақидаи муштарак фаъолият кардан аст. То имрӯз ман бо ҳамаи онҳое, ки бо ман ақидаи муштарак доранд, ҳамкор ҳастам.
Шояд ба назари касе чунин намояд, ки гирифтани мансаб тавассути зодгоҳ бисёр осон аст. Аммо шумо метавонед ба хато будани ин гуна андеша замоне мутмаин бишавед, ки агар бо намояндагони гуногуни минтақаи Кӯлоб низ ҳамсӯҳбат бишавед ва аз андешаву тасаввуроти онҳо дар бораи рухдодҳои Тоҷикистон огоҳ гардед. Яъне андеша дар бораи он ки ҳамаи зодагони Кӯлоб ҳамон тавре меандешанд, ки баъзе аз соҳибмансабони имрӯза андеша доранд, комилан ғалат аст. Бовар надорам, ки то соли 1991- замони ба истилоҳ "шимолиҳо" низ ҳамаи мардуми вилояти Суғди имрӯза ҳам айнан ҳамон тавре андеша мекарданд, ки ҳокимони давр мекарданд. Ба таври дигар, "фазои қудрат" наметавонад хостаҳои ҳамаи мардумро, ҳатто мардуми як минтақаро бароварда созад.
Ман қаблан ҳам гуфта будам, ки ба масъулияти ҳукуматӣ замоне метавонам биравам, ки агар маро мутмаин созанд: дар ин ё он симмат аз рӯи фаҳмишу тасаввуроти худ кор карда метавонам, на аз рӯи "диктовкаи" касе. Сухан дар ин маврид бештар сӯи мустақилият меравад. Ман дар ҳукумати Тоҷикистон дӯстони зиёде дорам, сатҳу қобилияти онҳо барои ман рӯшан аст. Аммо ин ки онҳо дар мақомҳои худ на ҳама корҳоеро карда метавонанд, ки қобилият доранд, аз онҳо вобаста нест, аз система вобаста аст.



Бо салом ба Раҷаби Мирзо. Албатта, мо савол медиҳем аммо "Озодӣ" рӯзи саволу ҷавоб бо шумо шояд ин саволҳоро надиҳад. Банда чунин савол дорам, ки:
1) Шумо аз ҷаҳони саввум чӣ умеде доред? Дар ҳоле, ки худатон медонед, дар ҷаҳони саввум мардум ба ҳеҷ коре ҳақ надоранд ва тавони истифода аз онро ҳам надоранд.
2) Дар кишваре, ки як қутби сиёсӣ дорад ва онҳое, ки ҳам ҳизбҳои гуногун ташкил кардаанд, дар дохили худ ваҳдат надоранд, оё ин ҳизбҳо метавонанд мардумро
думболи худ бибаранд?
3) Эътиқоди шумо барои демократия дар Тоҷикистон дар чист? Боз ҳам бо Ҳизби демократ ҳастед? Аз ин ҳизб хаста нашудаед? Беҳтар нест, як рӯзноманигори мардумӣ бошед? Банда дӯст медорам, ки шахсияте мисли шумо мардумӣ бошед ва ба ҳеҷ кадом аз ин аҳзоби дурӯғин вобастагӣ надошта бошед. Пуштибонӣ аз халқ кунед, то пуштибонии халқро дошта бошед......
Бо эҳтиром, Низом Асомуддинов

1) Ман умед дорам, ки ин ҷаҳон ҳам ба наздикӣ ҷои худро бо ҷаҳони дуввум ва баъдан бо ҷаҳони аввал иваз мекунад. Чунин кӯшишҳоеро мебинам. Вале мушкилоти ҷаҳони саввумро ман бештар аз амбитсияҳои ҷаҳони аввалу дуввум мебинам, аниқтараш дар сиёсатзадагии масъалаҳо. Бубинед, дар қораи Осиё замоне давлатҳое вуҷуд доштанд, ки аз онҳо чандон умеди зиёдро интизор надоштанд. Аммо ҳоло "бабрҳои иқтисодӣ" (истилоҳ ба ин давлатҳо) пешрафтҳоеро соҳиб гардидаанд, ки кам касон замоне мунтазир буданд. Яъне бӯҳронҳову мушкилот ба он кишварҳое, ки захираҳои бои ақлонӣ доранд, метавонад боиси пешрафт гардад, ё заминаҳоеро барои пешрафт гузорад. Аз ин сабаб, ман бисёр мехостам, ки дар Тоҷикистон низ бештар ба омили инсонӣ такя карда мешуд.
2) Ман розӣ нестам, ки Тоҷикистонро давлати якқутбаи сиёсӣ биноманд. Ҳоло ақидаҳо дар бораи низоми сеҳизбӣ аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон матраҳ мешавад, Ман эҳсос мекунам, ки бо кадом мақсад. Ин натиҷагириҳоест, аз фаъолиятҳои сиёсӣ дар Русия ва Қазоқистон, ки дар гирди ҳизбҳои ҳукмрон ҷамъ овардани қувваҳои сиёсиро дар назар доранд. Аммо дар Тоҷикистон ҳоло бояд ақидаҳои либералӣ шакл бигиранд ва танҳо баъди ин ҳукм кардан дар бораи он ки мо чанд қутби сиёсӣ дорем, осонтар мешавад.
3) Демократияро ҳаргуна ки таъбир накунанд, як маънӣ дорад: АДОЛАТ. Адолат ҷинс, миллат, забон, нажод надорад. Яъне он барои амрикоӣ якгуна ва барои тоҷик дигаргуна буда наметавонад.
Ман аз рӯзи аввале, ки ба ҳизби демократ пайвастам, гуфта будам, ки ман барои он ба сафи ин ҳизб пайвастам, ки бо ақидаҳои ман мувофиқат мекунад, яъне агар имрӯз ҳам дар ҷамъият ақидаҳои мо роҳандозӣ шаванд, ман метавонам сафи ҳизби демократро тарк гӯям. Аммо айни ҳол ҳам, ки дар ҳизби демократ фаъолият дорам, худро аз касе вобаста намебинам.



Салому алайкум, бародари озодихоҳ Раҷаби Мирзо. Чуноне, ки ба шумо маълум аст, ин митингҳо ё озодихоҳӣ аз ҷабру ситам дар ҷаҳони сеюм бидуни фоида анҷом меёбад, ин таҷриба дар кулли давлатҳо, бахусус, давлатҳои мсалмонӣ бефоида анҷом ёфтааст. Саволи ман чунин аст:
1) Оё шумо медонистед, ки бо ин раванде, ки пеш гирифтед, метавонистед, орзуҳои худро ҷомаи амал пӯшонед? 2) Ба фикри шумо, демократияи воқеъӣ дар ҷаҳон вуҷуд дорад? Агар ҳа, мисоле аз ин давлатҳо меоред?
3) Оё дар давлате, ки диктаторӣ ҳукмрон аст, шумо умеде ба демократикунонии ин давлат доред?
Камолзода

Ба андешаи ман асри навин асри ҷаҳони сеюм хоҳад буд, яъне бархӯрди абарқудратҳо ба мамолики ин ҷаҳон метавонад дар рӯҳияи мардумони ин мамолик таъсире гузорад ва онҳоро таҳрик диҳад барои андешаҳои худсозӣ. Ва ман бовар дорам, ингуна бархӯрд ҳатман самаре хоҳад дошт, ман бахусус аз мамолики исломӣ, билхоса аз Ирон умедҳои зиёде дорам, ки дар ҷаҳони имрӯзаи глобализатсия метавонад ҳам манфиатҳои милливу динияшро ҳифз кунад ва ҳам дар соири ҷаҳон таъсироте аз худ гузорад.

Ва аммо дар посух ба суолҳои шумо:
1) Рӯзноманигоре боре дар бораи ман навишта буд, ман ба гуфтаи обуҳавосанҷюҳо бовар кардам ва ба кӯча бечатр баромадаам дар ҳоле, ки дар берун борон ё ҳатто барф меборид. Фикр мекунам, ки ин бор ҳам айнан ҳамон тавр буд, яъне эътирози мо дар доираи қонун буд вале вокуниши мақомот дар доираи тасаввуроти худашон. Ингуна эътирозҳо дар ҷамъияте, ки қонун авлавият дорад, ҳатман натиҷаи мусбат медиҳад. Ман умед дорам, як рӯз мо ҳам ба ҷамъяти адолатпеша ва қонунманд мерасем. Бо ҳамин кӯшишҳо.
2) Фикр мекунам, асосҳои демократия ин аз се шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ, қонунҳои одилона, интихоботи озоду шаффоф аст, агар ин институтҳо дар ҳақиқат мустақил бошанд, пас метавон ҷомеаро демократӣ номид. Демократияи воқеъӣ дар ҳамон кишваре вуҷуд дорад, ки дар он кишвар интихобот одилона сурат мегирад, демократияи воқеъӣ дар ҳамон кишваре вуҷуд дорад, ки дар он кишвар додгоҳ ҳукми одилона мебарорад ва ҳукми додгоҳ бар асоси қонунҳои одилона бино ёфтааст. Демократия модел ё шакли ягонаи худро надорад. Ин ягонагӣ дар ана ҳамон асосҳое ифода ёфтаанд, ки бар боло зикр кардам. Вале онҳоро бояд дар заминаи шароити воқеъӣ эҷод кард, на дар заминаи заруратҳои сиёсиву иқтисодӣ.


Идома дорад
XS
SM
MD
LG