Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наққоши хонаи президентҳо


Ӯ дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Варзоб, шимоли шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 1973, пас аз хатми мактаби миёна ба омӯзишгоҳи рассомии Мирзораҳмат Олимови пойтахт дохил мешавад ва барои кор ба Хазинаи бадеии ҷумҳурӣ меояд. Соли 1986 ба Руминиё меравад ва наққошиҳои худро барои мардуми ин кишвар пешниҳод мекунад. Ҳоло 40 сол мешавад, ки дар давлатҳои Афғонистону Амрико ҷонибдорони нақшу кандакорияшро дорад. Аммо қиссаи ба Яман рафтану муддати се сол ба фарзандони араб дарси наққошии тоҷикӣ омӯзониданашро ӯ чунин нақл мекунад:

«Соли 1989 кори зиёд доштам. Дарҳои бинои собиқ Шӯрои Олиро кандакорӣ мекардам. Вале ҷониби Яман махсус аз ман хоҳиш карданд, ки рафта ба фарзандони онҳо дарс гӯям. Ҳангоме ҳуҷҷатҳоямро дуруст карданд, ба он ҷо сафар кардам».

Ин дар ҳолест, ки бисёриҳо мегӯянд, номи Ҳасан Ҷумъаев, наққошу кандакори тоҷикро нашунидаанд ва нақши дастони ӯро надидаанд. Шояд онҳо дуруст мегӯянд. Аммо кандакориҳои Ҳасан Ҷумъаев имрӯз сутунҳои хонаи Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва дарҳои калону дутабақаи бинои Маҷлиси намояндагонро зеб медиҳад:

«Президент вақте хона сохта буданд, аз ду тарафи хонаашон айвон дошт. Мо сутунҳои кандакорӣ ва наққошиҳои бисёре дар хонаи он кас кардем. Дар ин хонаи нави Президент низ нақши дастони мо ҳаст»

Оқои Ҷумъаев мегӯяд, нақши дастони ӯро дар Амрико ва Афғонистон ҳам дидан мумкин аст. Вай дар солҳои гуногун ба он ҷо рафта, чойхонаҳои тоҷикиро кандакорӣ кардааст. Ҳатто соли 1990, ба Саддом Ҳусайн, собиқ президенти Ироқ ҳангоми сафари корияш дар Яман, дасткории Ҳасан Ҷумъаев, ки дар он ҷанги Рустаму Сӯҳроб тасвир ёфта буд, писанд меояд. Собиқ диктатор ин таблои наққоширо ба маблағи ҳазор доллари амрикоӣ барои манзили истиқоматии худ харидорӣ мекунад. Ҳасан Ҷумъаев чунин мегӯяд:

«Яке аз корҳои эҷодии ман тасвири «Ҷанги Рустаму Сӯҳроб» буд. Дар он кушта шудани Сӯҳроб аз дасти падараш нишон дода мешуд. Вақте Саддом Ҳусейн аз марказе, ки банда дар Яман дарс медодам, дидан мекард, ин наққоширо барои худ интихоб кард. Кори ман барои ӯ хеле маъқул шуд ва онро аз ман харид».

Ҳарчанд, номи Ҳасан Ҷумъаев, як наққошу кандакори тоҷик дар кишвари худи ӯ маъруфу машҳур нест, вале бо боварии комил мегӯяд, ки рӯзе нақши дастонашро барои бозгӯйии таърих ҷустуҷӯ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG